ҲИСОР. ТАЛОШИ ТАБИБОН ЗИДДИ ХУРУҶИ БЕМОРИИ СУРХЧА САМАР МЕДИҲАД
Дар аввали соли ҷорӣ хуруҷ кардани бемории сироятии сурхча дар шаҳри Ҳисор сокинону табибони шаҳрро нигарон кард. То ба ин ҳад авҷ гирифтани чунин бемориро дар шаҳр бесобиқа медонанд. Бино ба иттилои директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор Илҳомиддин Садриддинзода, дар 5 моҳи соли равон 111 нафар ба маризии сироятии сурхча мубтало гардидааст. Нафарони ба ин беморӣ гирифторшуда кӯдакону калонсолон мебошанд.
– Ҳар як бемории сироятӣ аз ҷониби масъулони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таҳқиқ ва таҳлили эпидемиологӣ гузаронда мешавад. Омилҳои пайдоиш ва паҳншавии онро муайян мекунем. Мувофиқи дастурамали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аслан, ба кӯдакони аз синни яксола то шашсола ваксинаи зидди сурхча гузаронда мешавад. Мутаассифона, аз рӯи натиҷаи таҳлилҳо, кӯдаконе ба ин беморӣ мубтало шуданд, ки ҳанӯз ба синни яксолагӣ нарасидаанд, – афзуд директори Марказ.
Роҳбари муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС) шаҳри Ҳисор Маҳмудшоҳ Кабиров гуфт: «Баъди ба қайд гирифтани бемории сурхча масъулони КАТС барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуданд. Аз ҳисоби табибони соҳибтаҷрибаи КАТС корвони саломатӣ таъсис дода шуда, барои расондани хизматрасонии тиббӣ сари вақт ба минтақаҳои сурхча хуруҷкарда сафарбар гардиданд. Ҳамарӯза даҳҳо бемор бо нишонаҳои сурхча ба қайд гирифта мешуд. Бо саъю талоши табибон ва пайдо кардани роҳҳои пешгирии ин беморӣ имкон пайдо кардем, ки мавҷи сироятёбиро поин фарорем. Алҳол муроҷиати беморон бо нишонаҳои ин навъи маризӣ тадриҷан коҳиш ёфтааст. Бо гумони маризӣ ба сурхча 117 кӯдаки синни то яксола ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, аз як то шашсола 207 нафар, аз ҳафт то понздаҳсола 18, аз шонздаҳсола боло 30 нафар гумонбар ба бемории мазкур буданд. Албатта, бемориҳои сироятии гуногун вуҷуд доранд, ки ба сурхча монанданд. Бинобар ин, дар ҳамаи онҳо маризии сурхча тасдиқ нашуд».
Аз беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Ҳисор ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки то имрӯз бо нишони маризии сурхча 460 нафар бистарӣ гардидааст. Маризони бистаригардида, кӯдакони семоҳа то калонсолонро дар бар мегиранд. Муҳлати сиҳатёбии беморон маъмулан аз шаш то понздаҳ рӯзро фаро мегирад. Сардухтури беморхонаи фавқ Шарифбек Норов афзуд, ки агар бемории сурхча сари вақт муолиҷа нагардад, ба саломатӣ таҳдиди ҷиддӣ дорад. Бавижа, беэътиноӣ нисбат ба ин маризӣ, оқибат ба касалиҳои бронхит ва илтиҳоби шуш оварда мерасонад. Мавсуф гуфт, ки то ҳол ягон ҳолати фавт аз таъсири ин беморӣ рух надодааст.
Ба иттилои Маҳмудшоҳ Кабиров, феълан дар шаҳри Ҳисор кӯдакони синни аз як то шашсола 57 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки мувофиқи қоида, барои пешгирии сурхча ҳамаи онҳо бояд эм карда шаванд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ муайян шудааст, ки аз ин омор 4 ҳазор кӯдак ваксинаи зидди сурхча нагирифтааст. Мавриди зикр аст, ки сокиноне ҳастанд оилавӣ кӯч баста, ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон рафтаанд. Аммо онҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Ҳисор басар мебаранду ваксинаи зидди сурхчаро нагирифта буданд, бо талоши табибон муайян ва эм карда шуданд.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 04.06.2025 №: 111