ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ МАЪМУРИЯТИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲИ ОҲАНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

10 июн 2025, Сешанбе
25

Дар шаҳри Душанбе пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон баёнияи муштарак байни Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба имзо расид.
Ҳамчунин, 4 санади дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум бо Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва маъмурияти Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон табодул карда шуд.
НАЗОРАТИ РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ТАВАҚҚУФГОҲҲО САХТТАР ШУД
Дар Душанбе назорати риояи қоидаҳои таваққуфгоҳ дар назди контейнерҳои партов ва даромадгоҳҳои хонаҳои истиқоматӣ сахттар шудааст, – хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе. Тибқи маълумот, ҳар рӯз дар пойтахт ҳолатҳои нодуруст таваққуф кардани мошинҳо дар наздикии майдончаҳои партов сабт мешаванд, ки кори хадамоти коммуналӣ ва сари вақт баровардани партовҳои маиширо душвор мегардонад.
Барои пешгирии чунин қонуншиканиҳо кормандони милитсия дар байни ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Илова бар ин, мунтазам рейдҳо ва санҷишҳо оид ба ошкор кардани вайронкунандагони тартибот ташкил мешаванд. Мошинҳое, ки дар ҷойҳои муқаррарнашуда гузошта шудаанд ё ба кори техникаи махсус халал мерасонанд, ба таваққуфгоҳҳо интиқол дода шуда, соҳибони онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
ХУҶАНД. ГУЗОРИШ АЗ АМАЛИЁТИ «ҲАВОИ ТОЗА»
Ин тадбир аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар якҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳандозӣ гардид, – хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни амалиёт дар 21 воситаи нақлиёти автомобилии тамғаҳои гуногун тадқиқоти таҳлилӣ гузаронда, миқдори моддаҳои ифлоскунанда, ки ҳангоми сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) ба атмосфера хориҷ мегарданд, муайян карда шуданд.
Нисбат ба ронандагони 6 воситаи нақлиёт, ки дар онҳо ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба атмосфера аз меъёрҳои давлатӣ зиёд ошкор гардид, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба идораи шаҳрии БДА фиристода шуданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113