МУАРРИФИИ ОРКЕСТРИ СИМФОНИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН БО ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ

16 июн 2025, Душанбе
8
13-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар барномаи консертӣ бахшида ба муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” асарҳои оҳангсозони тоҷик ва ҷаҳон бо иштироки хонандагони коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии мамлакат, аз қабили Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев, иҷро гардид.
Дар нахустин консерти ҳунармандони навраси Оркестри давлатии симфонӣ шеърҳои шоирони маҳбубу шинохтаи кишвар Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Ҷамолиддин Каримзода ва Даврони Давлат дар васфи Тоҷикистон, модар, Душанбе ва оҳангҳои бастакорони ҷаҳонӣ Мотсарт, Бетховен, Камбиз Муждаҳӣ, оҳангсозони тоҷик Фарҳод Зикир, Ибодулло Машраб, Саидқул Билолов, Амирбек Мӯсозода, Далер Тиллоев, Шуҳрат Ашуров ва Бахтовар Давлатов бо санъати воло иҷро шуд, ки аз тарафи иштирокдорони чорабинӣ бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол ёфт.
Мавриди зикр аст, ки оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон дар ҳайати кӯдакону наврасони лаёқатманд ба ҳайси захираи кадрҳои академии санъат бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-уми феврали соли 2024 дар назди Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” таъсис дода шуда буд. Ҳоло теъдоди ҳунармандони ин оркестри симфонӣ 78 кӯдаку наврасро дар бар мегирад.
Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис ёфта буд.
Оркестри кӯдакон ва наврасон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри шиносоӣ бо олами мусиқии касбӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ ва рушди қобилияти навозандагии ҷавонон таъсис дода шудааст.
Бояд гуфт, ки аксари ҳунармандони имрӯза ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва ҷоизадорони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошанд.
Ҳунарнамоии волои ин ҳунармандони наврас бори дигар собит менамояд, ки иқдомҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълону роҳандозии чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳадафи аслиашон дарёфту кашфи чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав дар миёни кӯдакону наврасон мебошад, меваҳои ширин ба бор овардаанд ва минбаъд ҳам хоҳанд овард.
Ёдовар бояд шуд, ки бо дастгирии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Оркестри давлатии симфонӣ бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ ва зарбиву навозандагии хос ва бинои алоҳида таъмин гардид. Бино бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба фаъолияти эҷодии Муассиса таъмир шуда, аз ибтидои соли 2018 расман ба истифода дода шуд. Ҳоло ба ҳайати оркестр зиёда аз 127 мутрибу мутахассиси ҷавони хатмкардаи мактабҳои мусиқии касбии дохил ва хориҷ ҷалб гардиданд.
Ба Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутрибони касбӣ-тахассусӣ аз ҳисоби хатмкардагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии кишвар дар асоси озмун шомил гаштаанд.
Оркестри давлатии симфонӣ тули фаъолияти худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ва давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод.
Баъди анҷоми барномаи нахустини консертии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди ромишгарон баҳои баланд доданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо аҳли ҳунар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги кишвар ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
Санаи нашр: 16.06.2025 №: 118