ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ИНШООТИ МУҲИМ БО ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ба истифода додани бинои КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)
20-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
КВД «Шаҳри ҳушманд» дар асоси нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оид ба эълони Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ва ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ин тадбир шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад.
КВД «Шаҳри ҳушманд» бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 7-уми майи соли 2019, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардондани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсис ёфт.
Бинои нав дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси буҷети шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва чор ошёна иборат аст ва дар он зиёда аз 200 нафар бо кор таъмин мегардад.
Дар бино барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ тибқи талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ ба сомон расид.
Бино дар масоҳати 63 садяк замин бунёд гашта, аз 94 ҳуҷраи корӣ, чор маҷлисгоҳ, ошхона, маркази коркарди маълумот, маркази назоратӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Тасмим аст, ки маркази коркарди маълумот қобилияти нигоҳдории ҳаҷми калони маълумотро доро буда, он бо насли нави технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Барои нигоҳдории маълумот дар он зиёда аз 120 пойгоҳи ҳифзи иттилоот васлу насб мешавад.
Маркази назоратӣ бошад, дар масоҳати 200 метри мураббаъ доман густурда, дар он 35 оператор, кормандони раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе шабонарӯзӣ фаъолият карда, амнияти шаҳрвандон ва назорати фаъолияти инфрасохтори пойтахти кишварро таъмин менамоянд.
Китобхонаи барҳавою муҷаҳҳаз ва толори машқварзӣ барои кормандон аз имкониятҳои дигари иншооти нав ба ҳисоб меравад.
Аснои муаррифии тарҳу лоиҳаҳои тавассути корхона амалишаванда, ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки «Шаҳри ҳушманд» сохторест, ки дар асоси охирин назарияҳои рақамикунонӣ такмил ёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва коммуникатсия ба роҳ монда мешавад.
“Шаҳри ҳушманд” консепсияи шаҳрсозӣ, ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, барои идоракунии инфрасохтори шаҳр, ба монанди нақлиёт, маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, амният, мебошад.
Таъкид гардид, ки ташкили “Иқтисоди рақамӣ”, “Нақлиёти ҳушманд”, “Тибби ҳушманд”, “Таълими ҳушманд”, “Рӯшноии ҳушманд”, “Иқтисоди сабз” (Шаҳри сабз), “Харитаи электронӣ” ва дар маҷмуъ татбиқи бештар аз 20 лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми “Шаҳри ҳушманд” роҳандозӣ шудааст.
Рақамикунонии соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Душанбе, насби сутунпояҳои алоқаи мобилӣ, амалисозии Лоиҳаи иҷтимоии Wi-Fi, тарҳи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва коркарди он”, таҳияи “Харитаи электронӣ”, “Рақамикунонии соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе-«Нақлиёти ҳушманд»”, фаъолсозии “Шаҳри бехатар” ва ғайраҳо аз ҷумлаи корҳоест, ки аз тариқи КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳоли иҷро қарор доранд.
Дар корхона барои анҷоми амалиётҳо тавассути технологияи иттилоотӣ беҳтарин мутахассисони ҷавон, ки аксарияташон хатмкардаҳои муассисаҳои олии таълимии ватаниву хориҷӣ буда, донандагони хуби забонҳои хориҷиву кор бо технологияи иттилоотӣ мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ошноӣ бо имкониятҳои бинои наву замонавии КВД “Шаҳри ҳушманд” ва суҳбат бо мутахассиосни соҳа, ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки ба хотири амалишавии самараноки лоиҳаҳои ҳушманд ва ба шаҳри инноватсионӣ табдил додани Душанбе ҷалби шарикони рушд ва сармояи дохилӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»
20-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муҳлати 15 моҳ ҷавобгӯ бо талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, барои 300 кӯдак пешбинӣ мегардад.
Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бо тарҳи муосир ва харҷи 20 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шуда, ҳангоми бунёди он зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид.
Муассисаи тозабунёд аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, машғул шудани онҳо бо бозиҳои гуногуни шавқовар ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам мебошад.
Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногуни кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар кӯдакистони нав 24 парастор ва кормандони соҳаи педагогӣ ва 21 корманди маъмуриву техникӣ бо кор таъмин гаштд.
Тибқи лоиҳа, дар Муассиса барои 12 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои хоб, ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, рақс, хореографӣ, рассомӣ, варзиш ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон фароҳам оварда шуда, он дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба тарбияи кӯдакон дар руҳияи хештаншиносӣ ва босаводу донишманд гардондани онҳо ҳидоят намуданд.
Мувофиқи нақшаи генералӣ, дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад.
Бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.
Дар ин замина, қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири ҳамин сол дар пойтахт 10 кӯдакистони нав ба истифода дода хоҳад шуд.
Маркази ташхису табобат ва таълими ДМТ
20-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои тозабунёди Маркази ташхису табобат ва таълим дар партави сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуд. Иншоот дар масоҳати 0,83 гектар қомат афрохта, худи бино 3 ҳазору 680 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Корҳои сохмтонӣ дар Марказ соли 2023 оғоз ёфта, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ бунёд гашт. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи ҷавонӣ” ба сомон расида, аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Саҳн ва атрофи бинои Марказ дар масоҳати ҳафт ҳазор метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст.
Дар иншоот маҷлисгоҳ, 61 ҳуҷраи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ, ба монанди ташхиси рентгенӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, анестезиологӣ, хунгирӣ, ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва озмоишгоҳҳо, ҷой гирифтаанд.
Ҳуҷраҳои корию санҷишгоҳҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, аз ин баъд барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ шароити зарурӣ муҳайё мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо назардошти талаботи соҳа, дар ошёнаҳои болоии Марказ ҳуҷраҳои алерголог, гемотолог, гинеколог, гӯшу гулу ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чамш ҷой дода шудаанд. Маркази имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни Донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати таббӣ расонад.
Дорухонаи гиёҳҳои шифобахш, озмоишгоҳи омодасозии доруворӣ аз рӯйи дорухат, ҳашт синфхонаи дарсӣ барои машғулиятҳои лексионӣ ва ҳуҷраҳои корӣ қисмҳои алоҳидаи иншоот мебошанд. Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар Марказ минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳими таҷрибавию амалии факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биологияи ДМТ истифода бурда шуда, ба боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулон барои омода намудани ворисони арзандаи Сино дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Ба истифода додани гармхонаи замонавӣ
20-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” боздид намуданд.
Гармхона дар масоҳати 1,5 гектар бунёд ёфта, таҷҳизоту дастгоҳҳо барои парвариши сабзавот тибқи таҷрибаи нав аз хориҷи кишвар ворид гаштанд. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза мебошад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки гармхона доимоамалкунда буда, ҳарорати муътадили дохили он бо усули муосир таъмин мешавад.
Қабл аз бодиринг дар гармхона помидор парвариш ва ҳосили он ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва атрофи пойтахт пешниҳод гардида буд. Ҳоло ҳосили бодиринг дар гармхона фаровон аст ва ин бозгӯи он аст, ки кормандони Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” дар кишт ва парвариши сабзавот таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд. Интихоби навъҳои ба иқлими кишвар мутобиқ низ аз роҳҳои дигари фаровонҳосилӣ ба ҳисоб меравад. Обёрӣ дар гармхонаҳо бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Бо найчаҳои обдиҳии қатрагӣ ба сабзавот, ҳамчунин, маводи ғизоӣ дода мешавад. Технологияи нигоҳубини сабзавот дар гармхона ба таври худкор амал намуда, ҳосилнокиро баланд мебардорад.
Таввассути тӯрҳои муҳофизатӣ сабзавот аз таъсири офатҳои табиӣ, ба монанди гармии аз меъёр зиёд ва ҳашароти заррарасон, эмин нигоҳ дошта мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо натиҷаҳои заҳмати сабзавотпарварон ва намоиши маҳсулот аз гармхонаи Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед”, бо кормандон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои гуногуни сабзавот, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳала ба марҳала васеъ намудани масоҳати гармхона, таъсиси ҷойҳои иловагии кор ва таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифат дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Санаи нашр: 20.06.2025 №: 121
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН