1997. ОҒОЗИ ФАСЛИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Сабақҳои ибратомӯзи таърихии замони соҳибистиқлолии Ватан бори дигар пандамон медиҳанд, ки арзи вуҷуд доштан, инкишоф ва бақои миллату давлати миллӣ аз сатҳи мавҷудият ва тақвияти падидаҳои муқаддаси худогоҳию худшиносии миллӣ, андешаи фаромиллӣ, созгории умум ва ваҳдати миллӣ вобастагии зич доранд. Яъне, ғояи ягонаи умумимиллӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии мардум унсурҳои асосӣ ва муҳиме мебошанд, ки сипари боэътимодтарини давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Пайомадҳои нохуше, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳони муосир ба вуқуъ омада, новобаста аз қудрати ҳарбию иқтисодӣ ва бузургии арзу нуфузи аҳолӣ ба амнияти миллии давлатҳои муайян таҳдид менамоянд, дурустии ин андешаро тақвият мебахшанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” таъкид доштанд: “Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд”.
Мусаллам аст, ки дар ибтидои даҳсолаи охири қарни гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мустақилияти сиёсӣ дастёб гардид. Аммо, адами ғояи умумимиллӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва созгории миллӣ ба он боис гардид, ки на танҳо масъалаи соҳибистиқлолии давлати миллии тоҷикон, балки масъалаи бақои миллати тоҷик зери суол қарор гирифт. Аз холигии ин унсурҳои барои ҳастии миллат ва давлатдорӣ муҳим душманони фарҳангу тамаддун, забону таърих ва дигар арзишҳои миллии мо истифода бурда, муноқишаҳои сиёсӣ ва ахиран, низоъҳои мусаллаҳонаи ҳарбиро чун, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии барномарезишуда ба ин миллат таҳмил намоянд. Ҷанге, ки бо хисороти бузургии моддию маънавии ҳангуфт дар замири миллати азиятдидаи тоҷик захми бузург гузошта, дар саҳифаи таърихи муосири мавҷудияти ин миллат бо хуни қурбониёни пурармон сабт гардида аст.
Ҳар вақте, доир ба падидаҳои суботи фаромиллӣ, ваҳдат ва андешаи умумимиллӣ ҳамчун арзишҳои зарурии ҳастии миллат мулоҳиза меронем, аз корнамоии шахсиятҳое, ки бо баҳои ҷони худ дар заминагузорӣ, эҳё ва таҳким бахшидани ин падидаҳои муқаддас анҷом додадаанд, ҳарф задан ба мақсад мувофиқ аст.
Имрӯз, дар ҷаҳони пуртазоди сиёсӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки бо саъю талошҳои пайгирона ва заҳматҳои беназири абармарди шинохтаи ҷаҳонии сиёсӣ ва фарзанди содиқи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчун модели самараноки муноқишаҳои сиёсӣ ва ваҳдатофарӣ эътироф гардида, ба ин васила миллати тоҷик ҳамчун миллати сулҳофар, таърихсозу фарҳангсолор шинохта мешавад.
Тоҷиддин САНГОВ,
ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН