БА ҚАДРИ ОРОМӢ БИРАСЕМ!
Симои кишвар, Тоҷикистони озоду азизи мо, идона аст. Дар бари шоҳроҳҳо, пулҳои бузург, биноҳои баландошёна, қасру кӯшкҳо, идораву муассисаҳо ҳазорҳо Парчами давлатӣ парафшонӣ доранду аз сулҳу салоҳ, осоиштагӣ, зиндагии бофароғат, хони пурнозу неъмати тоҷикистониён дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҷаҳониён пайғом мерасонанд. Одамони сарбаланди Ватан ба Иди пуршукӯҳ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июн дар сартосари мамлакат ва дар байни тоҷикони бурунмарзӣ таҷлил мегардад, омодагӣ мегиранд. Ин рӯз барои ҳар як нафари тоҷикистонӣ рӯзи мужда аз сулҳи деринтизор аст.
28 сол мешавад, ки мо дар фазои беғубори Ватани азиз ва сулҳи пойдор ҳаёт ба сар мебарем. Машғули бунёдгариву ободкорием. Корхонаву коргоҳҳо, роҳу пулҳо, иншооти саноатӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва бузург месозем. Ҳама бунёдгариҳои мо ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд, ки меъмораш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Имрӯз мардуми бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб дар орзуи сулҳанд. Дар Ғазза, Фаластин, Эрон халқи одӣ: кӯдакону наврасону пирону бонувон аз таркиши бомбаҳо ба ҳалокат мерасанд. Дар пайи ин ҷангҳо амалҳои террористиву экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, харидуфурӯши одамон ва дар маҷмуъ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ низ густариш меёбанд. Яъне, ҷанг сарчашмаи бисёр мушкилиҳои сиёсӣ, илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ буда, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адолати иҷтимоӣ гардида, ба хатари ҷиддӣ табдил ёфта, боиси ташвиши халқи сулҳпарвари Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.
Мо ба харитаи бесарусомониҳои дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба амаломадаистода назар афканда, бояд шукрона намоем, ки дар партави сулҳе, ки бароямон Пешвои муаззами миллат овардаанд, фаъолият мебарем, зиндагии осоишта дорем, барои фарзандонамон дастархони пурнозу неъмат, шароити таҳсилу истироҳат дар мактабу донишгоҳу урдугоҳҳо муҳайёст.
Мо, омӯзгорон, бояд дар ҳар дарсу машғулиятҳои амалӣ аз суханрониҳои Сарвари давлат намунаҳо оварда, ба хонандагону донишҷӯён талқин созем, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, зуҳуроти радикалӣ ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меоранд ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солимро дар байни наврасону ҷавонон вусъат бахшем, ки аз масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад ва пеши роҳи гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ мегирад. Махсусан, мо бояд пайваста ба ҷавонон аз аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ва нақши он дар рушди давлатдории навин ҳарф зада, онҳоро ба ҳифзи неъматҳои истиқлоли давлатӣ, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ таблиғ намоем.
Зулфинисо ИНОМОВА,
директори Гимназияи
№ 74-уми ноҳияи Фирдавсӣ
Санаи нашр: 25.06.2025 №: 124
