РОҒУН. ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ФАРХУНДА
![]()
Имрӯзҳо барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру деҳот корҳои сохтмонию азнавсозӣ бомаром идома доранд. Роғун чун дигар шаҳру навоҳии кишвар, зери сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои сокинони шарафмандаш, намои тоза касб намуда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ривоҷу равнақ пайдо кардааст. Имрӯз ҳар нафаре, ки вориди шаҳр мегардад, шоҳиди дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ мешавад.
Оид ба ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва омодагии шаҳри Роғун ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома андешаҳояшро чунин баён дошт:
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва сокинони меҳнатқаринаш ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба гирифта, ният доранд, ки ин Ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд. Айни ҳол сокинони сарбаланди шаҳр бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оромию осудагии кишвар бо дили гарм ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дастаҷаъмона кӯшиш менамоянд.
Боиси хурсандии сокинони шаҳр аст, ки 26-уми августи соли равон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таъмиру навсозишудаи гардиши Роғун – Оби Гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд. Ин масир 11 км буда, дар доираи корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳри Роғун мумфарш шудааст ва ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёту иртиботи шаҳр бо дигар минтақаҳоро беҳтар менамояд. Инчунин, Сардори давлат дар шаҳр хатти оби ошомиданиро ба истифода доданд. Лоиҳа дар идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастрасии сокинон ба оби тозаи ошомиданӣ татбиқ шудааст. Хатти оби ошомиданӣ аз деҳоти Фақирободи ноҳияи Файзобод тавассути лӯлаҳои гуногунҳаҷм оварда шуда, имкон медиҳад, ки 38 ҳазор сокини шаҳр ва 17 ҳазор корманди НБО «Роғун» ба оби тоза дастрасӣ дошта бошанд. Маврид ба зикр аст, ки истифодаи тулонӣ ва бетаъмир давоми солҳои охир ҳолати лӯлаҳои обгузар дар шаҳри Роғунро хароб карда буд ва сокинон аз норасоии ин манбаи асосии ҳаёт азият доштанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои МИМҲД шаҳр бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд 105 иншооти гуногунсамт бунёд ва навсозӣ шаванд. То имрӯз 76 иншоот бо маблағи 401,9 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар онҳо наздик ба 180 нафар соҳиби ҷойи кор шуд.
Бояд зикр намуд, ки бештари иншоот бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорон бунёд гардида истодааст.
Айни ҳол агар ба ҳар ҷамоати шаҳраку деҳот равед, мардумро саргарми кор дармеёбед: ҳама пайи ободонианд, зеро медонанд, ки ободии Ватан аз ободии кӯчаву рустои хеш сар мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст. Ҳамин аст, ки корҳои ободонӣ дар марказ ва деҳот дар авҷанд, бахусус роҳҳои деҳаҳо, асфалтпӯш гардида истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки пайваста рафти иҷрои корҳо ва сифати онҳо зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.10.2025 №: 202