“КАРАВАН ИНФО”, “ТАСС”, “SPUTNIK”. БОЗТОБИ ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ХАЗИНАИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҲАМКОРИИ БАШАРДӮСТОНА
![]()
Чанде пеш дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Пас аз имзои санадҳо Пешвои миллати мо бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона” сарфароз шуданд. Баъди чанд лаҳзае ин хабар дар расонаҳои иттилоотии кишварҳои хориҷӣ бозтоби густурда ёфт.
Агентии иттилоотии «ТАСС» зери унвони “Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” қадр шуданд” хабаре нашр намуд, ки дар он омадааст: “Маросими ҷоизасупорӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар ҳузури роҳбарони кишварҳои ИДМ ва дигар иштирокдорон баргузор шуд”.
Дар ин росто, Агентии иттилоотии “Караван инфо” менависад, ки пас аз имзои санадҳо Михаил Швидкой, ҳамраиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи (ХБҲБ) кишварҳои узви ИДМ, узви Шурои ИДМ оид ба ҳамкориҳои башардӯстона, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона қарори Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро дар бораи сарфароз гардондани Раиси Шурои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” эълон намуд.
Агентӣ бо таъкид зикр мекунад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи мероси таърихӣ иқдомоти васеъ амалӣ намуда, дар барномаҳои башардӯстона ва лоиҳаҳои байналмилалӣ, ки барои ба ҳам овардани мардум роҳандозӣ шудаанд, фаъолона иштирок менамояд”.
Дар радифи дигар расонаҳо “Sputnik” ҳам ба ҳамин мазмун хабару гузоришҳо таҳия ва нашр намудааст: “Ин ҷоиза ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими робитаҳои башардӯстона, рушди муколамаи фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байни кишварҳои ИДМ дода шудааст”.
Дар ҳамин шаклу мазмун дар бисёре аз расонаҳои байналмилалӣ исми Тоҷикистон тавъам бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пӯшиши иттилоотӣ ёфтанд.
Қобили зикр аст, ки пас аз маросими супурдани ҷоиза Пешвои миллат дар суханронии ҷамъбастӣ ба ХБҲБ ИДМ барои баҳои баланд ба дастовардҳояшон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки ин ҷоизаро эътирофи саҳми намоёни тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар доираи ИДМ медонанд.
Эътирофи шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари башардӯст ва бозтоби корномаҳояшон дар васоити ахбори оммаи хориҷӣ далели он аст, ки ибтикороти инсондӯстонаи Пешвои миллат на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои нишоти тамоми башар равона шудааст.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
