МУЖДА АЗ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Пахтакорони ноҳияи Ҷайҳун то 18-уми октябр 16 ҳазору 200 тонна "тиллои сафед" ба нуқтаҳои қабул супурда, нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100 дарсад иҷро карданд.
18-уми октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор иштирок карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.
Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят иҷрои нақшаи истеҳсоли пахтаро ба онҳо ва кулли пахтакорони ноҳия табрик гуфт.
Дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон ба ҳолати 17-уми октябри соли равон 220418,8 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробар ба 87 дарсади нақшаи солона мебошад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.10.2025 №: 204