ТОҶИКИСТОН МАРКАЗИ БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ САТҲИ БАЛАНД

20 октябр 2025, Душанбе
33


10-уми октябр шаҳри Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии Шурои сарварони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) гардид. Ин ҳамоиш бори дигар нақши фаъол ва ташаббускории Тоҷикистонро дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва ҳамгироии минтақавӣ собит намуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи имсолаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори ИДМ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар кори он роҳбарони кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд. Пешвои миллат зимни суханрониашон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар соли раёсати худ, дар ҳамкории зич бо кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроия, фаъолияти фарогирро баҳри татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда идома дод.
Дар ин росто, Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили сиёсӣ, изҳор медорад, ки Тоҷикистон имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар маркази таваҷҷуҳи дипломатияи минтақа ва ҷаҳон қарор дорад. Дар робита ба ин, Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос, мегӯяд: “Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамчун шарики боъэтимод эътироф шудааст ва роҳбарони давлатҳо бо нигоҳи нек ва дили пур ба Тоҷикистон меоянд. Ҳудуди 5 рӯз дар Тоҷикистон иқомат доштани роҳбари яке аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон – Федератсияи Россия Владимир Путин далели ин гуфтаҳост”.
Воқеан, ин гуна ҷараён гирифтани муносибатҳо нишон аз эътимоди кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба амнияти Тоҷикистон аст. Мо хабар дорем, ки ахиран созмони ҷаҳонии Gallup аз рӯи натиҷаҳои соли 2025 Тоҷикистонро аз назари мизони суботу амнияту оромӣ дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм гузошт. Баргузории саммит нишон дод, ки дар амал ҳамин меъёр воқеият дорад.
Қобили зикр аст, ки дар саммити мазкур дипломатияи баланди сиёсии Пешвои миллат зоҳир шуд. Вобаста ба ин, Нуралӣ Нурзод, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, изҳор дошт, ки раёсати Тоҷикистон дар Шурои сарварони кишварҳои узви ИДМ барои дар меҳвари амал қарор гирифтани барномаҳои бузурги ҳамкорӣ миёни кишварҳои аъзо дар тамоми самтҳо нақши муассир гузошт. Давоми чанд соли охир бо эътирофи Тоҷикистон ҳамчун як кишвари қобили этимод дар сайёра аз лиҳози таъмини амният, татбиқи муваффақонаи “сиёсати дарҳои боз” дар муносибатҳои байналмилалӣ, ки ҳамагӣ ба барномаҳои дурнигаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунанд, шуҳрату маҳбубияти кишвари мо дар арсари байналмилалӣ боз ҳам боло меравад.
Ҳамчунин, дар доираи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои ИДМ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнашон, бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” қадр шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласа масъалаҳои калидии амниятӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва рушди робитаҳои башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қабули изҳороти муштарак бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид, гувоҳи иродаи кишварҳои ИДМ ҷиҳати ҳифзи сулҳ ва субот дар миқёси ҷаҳонӣ буд. Яке аз дастовардҳои муҳими ин нишаст қабули ташаббуси нави «ИДМ плюс» ва додани мақоми нозир ба Созмони ҳамкории Шанхай дар назди ИДМ мебошад.
Ин иқдом ба таври назаррас имкониятҳои ҳамкории байналмилалии иттиҳодро тавсеа бахшида, барои рушди равобити фароминтақавӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Имрӯз Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ, муколамаву мусолиҳа ва ҳамгироии минтақавӣ эътироф мегардад.

Андар РАҲМОНӢ,
сармутахассиси шуъбаи
иттилоотию таҳлилии дастгоҳи
раиси вилояти Суғд

Санаи нашр: 20.10.2025 №: 204