МЕҲРГОН. ТАНТАНАИ ИДИ НИЁГОН ДАР ПОЙТАХТ

20 октябр 2025, Душанбе
17
19-уми октябр бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ"-и пойтахт Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон бо шукӯҳу манзалати хосса баргузор гашт.


Дар доираи он, инчунин, фестивалҳои намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, намоиш ва фурӯши асал, оши палав, шолию биринҷ ва иди себу ангур бошукӯҳ таҷлил шуд. Базму суруд ва шодмонии мардум як тараф, дастархонороии кадбонуҳо ва мурооти онҳо меҳмонон, бахусус хориҷиёнро шефта мекард. Онҳо ба ин саҳифаи таърихи диёри мо бо ҳавас менигаристанд.


Дар чорабинӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, роҳбарон, намояндаҳои сохторҳои дахлдор ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Сулаймон Зиёзода иштирокдоронро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфта, таъкид кард: “Бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни суннатии мо – Меҳргон расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидааст. Меҳргон яке ҷашнҳои тоҷикон аст, ки таърихи қадима дорад. Ҷашни Меҳргонро рамзи ҷамъоварии ҳосили деҳқон меноманд. Аз ин рӯ, Меҳргон Ҷашни кишоварзон мебошад”.

Тавре таъкид гашт, Меҳргон Ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дӯстию рафоқату меҳр ба инсон ва иди ҷамъоварии ҳосил ва натиҷаи заҳмати пурбор аст. 
Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваю сабзавот ва полизиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор, кадуро пешниҳод намуданд, ки бори дигар сарзамини неъматофарин будани Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва аз таҷрибаи деҳқон баҳра бурдан аст.
Лоиқ Тӯйчизода, сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорат, ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки меваҳои шаҳдбору сабзавоти лазизи кишоварзон ҳар қадами ҷашнгоҳро зеб медоданд, ки нишон аз дастархони серу пури мардуми тоҷик аст: ба яке себи Рашт писанд меомаду дигаре ба ангури Ҳисор бартарӣ медод, биринҷи Панҷакенту Исфара харидори худро дошту асали Ховалингу Тавилдара комҳоро ширин мекард. Анвои гуногуни оши палав ҳунари баланди таббохии ҳар минтақаро ба намоиш мегузошт.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи Вазорати кишоварзӣ барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои шоиста ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Ҷашн кишоварзони пешқадами ҷумҳурӣ бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 20.10.2025 №: 204