СУҒД. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА МАБЛАҒИ ЗИЁДА АЗ 28,3 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ДАР ВИЛОЯТ
Дар шаҳри Хуҷанд натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ ва таҳлили фаъолони вилоят қарор гирифт.
Ҷамшед Ҷӯразода, муовини раиси вилояти Суғд, назди ҳозирин гузориши муфассал дода, аз ҷумла иброз дошт, ки ҷиҳати дар амал роҳандозӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, иқдомҳои созандагию ободкорӣ тадбирҳои судманд андешида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштем.
Нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёти вилоят дар нуҳ моҳи соли равон ба 33 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,1 фоиз расида, ҳиссаи вилоят дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 28 фоиз баробар шуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар даҳ соли охир мебошад. Рушди босуботи соҳаи саноат яке аз ҳадафҳои муҳим арзёбӣ шуда, дар ин самт вилоят нишондиҳандаи хубро ноил гашта, истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 28 миллиарду 321 миллион сомонӣ расонд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта суръати афзоиш 131,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар шароити кунунии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва таҳаввулоти ахир таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридот-ивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда равона шуд, ки ин масъала ба таври доимӣ дар мадди назари Сарвари давлат қарор дорад. Дар моҳҳои январ - сентябри соли равон 1 миллиону 583 ҳазору 500 тонна ангишт истихроҷ шуда, суръати афзоиш 102,1 фоиз таъмин гашт. Инчунин, суръати афзоиши маҳсулоти воридотивазкунанда, ба монанди орд, равғани рустанӣ, маҳсулоти нонӣ, консервҳои гуногун, нӯшокиҳои беспирт низ барзиёд таъмин шуд.
Тибқи нақша, соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 140 коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2 ҳазору 800 ҷойи кор пешбинӣ гаштааст ва давоми нуҳ моҳ дар миқёси вилоят 127 корхонаву коргоҳи нав бо таъсиси 1 ҳазору 77 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ кард.
Муовини раиси вилоят дар гузориши худ аз фаъолияти босамари кишоварзони минтақа ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 18 миллиарду 834 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 110 дарсад таъмин шуд.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба маблғи 541 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА афзуда, ба 1 миллиарду 201 миллиону 800 ҳазор доллар расид. Ба иқтисодиёти вилоят 565 миллиону 600 ҳазор доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гашта, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 101,1 дарсад таъмин шуд.
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, пас анҷоми гузориши муовини раиси вилоят фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба самтҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи вилоят, амалишавии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз ҳам суръатафзоии истеҳсолот, зиёд намудани содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои гуногун иброз дошт.
Ҳамчунин, раиси вилоят аз раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Ашт, Мастчоҳ, Шаҳристон, муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сардорони раёсатҳои вилоятӣ оид ба ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар самти ободонии кӯчаю хиёбонҳо, таъмири роҳҳои мошингард, ба низом даровардани ҳаракати нақлиёт, сабзазор кардани канори роҳҳои мошингард, сифати иншооти бунёдшаванда, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, иҷрои босифати андозу даъвати тирамоҳии сарбозон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сафарбарии ҳашарчиён ба ёрии деҳқонон, омодагии ҳаматарафа ба мавсими тирамоҳу зимистон ва дигар масоили муҳими рӯз пурсиш ба амал оварда, дастуру супоришҳо дод.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
