Рустами Эмомалӣ Баррасии таъсиси Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар мулоқот бо аҳли зиё
Рустами Эмомалӣ
Баррасии таъсиси Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар мулоқот бо аҳли зиё
Бо ҳадафи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрд.
Дар мулоқот масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт. Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ва эҳтироми хосса ба шахсиятҳое мебошад, ки дар тули таърих барои озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ хизматҳои беназир анҷом додаанд. Маҷмааи мазкур на танҳо як иншооти меъморӣ, балки як фазои рамзӣ ва маънавӣ хоҳад буд, ки дар он гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик ба ҳам мепайванданд. Ин макон ба зиёратгоҳи умумихалқӣ табдил ёфта, ҷойи андеша, ибрат, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстӣ хоҳад гашт.
Иқдоми мазкур идомаи мантиқии сиёсати давлатдории миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллат буда, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ба ҳифзи пояҳои маънавӣ, таърихӣ ва тамаддуни миллат равона гардидааст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.01.2026 №: 8
