Дар озмуни вилоятӣ Кӯлоб шаҳри беҳтарин ва Данғара ноҳияи беҳтарин эътироф шуданд
ХАТЛОН
Дар озмуни вилоятӣ Кӯлоб шаҳри беҳтарин ва Данғара ноҳияи беҳтарин эътироф шуданд
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти атлон зимни як чорабинии тантанавӣ ғолибони озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ»-ро муайян ва дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода қадр кард.
Ҳамин тариқ, аз рӯйи натиҷагирии озмуни вилоятӣ дар номинатсияи «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Кӯлоб ҷойи якум, шаҳри Левакант ҷойи дуюм ва шаҳри Бохтар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» ҷойи якум насиби ноҳияи Данғара гардида, ҷойи дуюмро ноҳияи Ёвон ва ҷойи сеюмро ноҳияи Кӯшониён ба даст оварданд. Дар номинатсияи «Шаҳраки беҳтарин» Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Ҷамоати шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг ва Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Ҳамчунин, дар номинатсияи «Ҷамоати деҳоти беҳтарин» Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара ҷойи якум, Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷойи дуюм ва Ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳри ноҳияи Балҷувон ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар номинатсияи «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаи Тутқавули деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, маҳаллаи Синои деҳоти Терайи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд. Дар номинатсияи «Деҳаи беҳтарин» деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, деҳаи Зархези деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва деҳаи Дарқади деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор гардиданд. Дар номинатсияи «Хонаи истиқоматӣ» бошад, манзили Аваз Тоҷиев, сокини деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ, беҳтарин дониста шуд. Ҷойи дуюм ба манзили Қудратулло Абдуллоев, сокини шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахш ва мақоми сеюм ба манзили Саодатмурод Файзуллоев, сокини деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, дода шуд. Ғолибон бо туҳфаҳои муносиби таъсисдодаи масъулон диплом ва мукофоти пулӣ қадр гардиданд.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзнома Рустамшо Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, иттилоъ дод. Ба маълумоти ӯ, барои сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси вилояти Хатлон аз 23-юми феврали соли 2023, №46 Дар бораи гузарондани озмуни вилоятӣ “Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” дар вилояти Хатлон ба тасвиб расида, тибқи низомномаи озмун дар муҳлатҳои муқарраргардида озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки дар марҳалаи якуми озмун сокинони 1660 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 133 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия барои муайян намудани «Беҳтарин шаҳру ноҳия» иштирок карданд.
Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.01.2026 №: 9