РОҲИ ПИЁДАГАРД. НОБУДӢ АЗ МАҲАЛ БА МАРКАЗ МЕКӮЧАД. ЧӢ БОЯД КАРД?!

15 феврал 2026, Якшанбе
6


Чанде пеш гузарам ба шаҳраки Наврӯзи деҳоти Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат уфтод. Ободиву пешрафти ин гӯшаи диёр маро ба худ кашид, бештар ба давру бари он зеҳн мондам, чун дорои мактабу кӯдакистон то бунгоҳи тиббиву дигар инфрасохтор аст. Ин ҳама ободиро дида, ба худ мегуфтам, ки, воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо маркази шаҳру ноҳияҳо, балки деҳаҳо низ зебову сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ дорад.




Ғарқи ҳамин андеша аз пешрафту шукуфоии гӯшае аз Ватан шоду масрур будам, то даме, ки манзараи ҳайратангезеро дар рӯбарӯям дидам. Ман, ки аз роҳи калон (манзур роҳе, ки аз шоҳроҳи Душанбе - Норак чап хӯрда, ҷониби дараи Ромит меравад) тавассути пиёдагарди ҳанӯз замони шуравӣ сохташуда мулоим қадам мезадам, ногоҳ пеши роҳи худро баста дида ҳайрон шудам. Ёд дорам, охир ин пиёдагард бо дарозии тахмин 500 метр ҳамон роҳраве буд, ки мардумро то роҳи калон ва толибилмонро то мактабу кӯдаконро то боғча бурдаву меовард. Чун сар бардоштам, иморатеро дидам, ки қисмати калони ҳамин роҳравро зери по гузоштаву ба нобудӣ бурдааст. Боварам наомад, фикр кардам шояд аз ягон масири дигар пиёдагарде сохтаанду ман хато бо «роҳи куҳна» рафтан дорам. Аммо афсус, ҳамин ки ба қавле гирду атрофро таҳқиқ сохтам, манзара ҳайратамро баръакс афзуду тааҷҷубам якбора боло гирифт. Намедонам кӣ ва бо кадом роҳ, вале бо чашмам, дидам ки нафаре на танҳо роҳрави мардум, балки як қисми бутунеро аз ҳавлии боғчаи кӯдакон низ «ғасб» кардаву иморат сохтааст. Ин манзараи ҳузнангез чун доғ дар маҳтоб табъамро хира сохтаву димоғамро сӯхт. Бо фаромӯшӣ аз мақсади аслии сафарам ба зодгоҳи бобоӣ, хостам кӯшиш кунам то, гиреҳи ин муаммо кушода шавад. Чаро чунин шудааст? Ба ин савол хеле зиёд посух ёфтан мехостам, ки аз нафаре чанд асли воқеаро пурсон шудам. Аз суҳбати сарироҳӣ бо Сайфулло Маҳмадуллоев, ки худро мудири хоҷагии муассисаи мавриди назар муаррифӣ кард, маълум шуд, ки бино дар асл ба Ширхоргоҳ-кӯдакистони №9 “Бунафша”-и шаҳраки Наврӯзи деҳоти Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат мутааллиқ будааст.
Ҳамсуҳбатам нақл кард, ки дар Муассиса 170 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамаи ин хурдсолон аз маҳаллаи Наврӯз - 1 мебошанд, ки тақрибан 500 хоҷагӣ дорад.
Ба гуфтаи Сайфулло Маҳмадуллоев, чанд тан аз соҳибкорон бар ивази он ки бинои кӯдакистонро таъмир мекунанд, дар як кунҷаки он марказҳои савдо сохтаву то роҳравҳоро маҳкам намудаанд.
Вақте вориди Муассиса шудем, бе муболиға онро дар муҳосира дидем. Биноҳои навсохти тиҷоратӣ, хеле дарунтари Муассисаи томактабиро ишғол ва ҳавои як вақт озодаи онро нафастанг карданд. Аҷаб мақомоти дилсӯзе дорем, гуфтам ба худ: як нафар барои тиҷорати худу қаноати нафсаш гоҳ дар доираи қонуну гоҳе берун аз он иморат месозаду болои ин дар баробари он фарзонафарзандони воқеан ватансоз – онҳое, ки бо ҷонибдорӣ аз хостаҳои роҳбарияти олии кишвар мактабу боғчаву беморхонаву роҳҳо сохта, беғараз ба ихтиёри мардум мегузоранд, ҳамчун «соҳибкори баномус» имтиёз мегирад. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, вақте борҳо таъкидан мегӯянд, ки ҳатто як ваҷаб замин бе ризояти мақомоти масъули шаҳру ноҳияҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба касе дода намешавад. Худ қазоват кунед, дар шаҳре, ки часпида ба пойтахт аст, то кадом ҳад беинсоф ва дар баробари ин “боғайрат” бояд бошӣ, ки роҳи пиёдагарди ҳазорон нафар аз мардуми маҳаллиро худсарона ба нобудӣ барӣ ва аз ҳафтсола то ҳафтодсоларо маҷбур намоӣ, ки масофаи назди маркази тиҷоратии туро аз ноилоҷӣ миёни ҳаракати беисти садҳо воситаи нақлиётӣ бо роҳи калон гузар кунанд?!
Дар омади гап, дирӯз ба ҳамин монанд манзараеро дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дида, боз ҳайронтар шудам. Бовари кас намеояд, дар шаҳре, ки чанд соли охир ба пойтахти орзуҳо мубаддал гаштааст, кадом хонасозе, роҳи пиёдагарди мардумро бетонпӯш кардаву ҳамчун таваққуфгоҳи нақлиётӣ дар ихтиёри чанд оилае гузоштааст, ки навакак аз ӯ хона харидаанд. Яъне, на танҳо дар маҳалҳо, балки дар дили кишвар низ нафароне ёфт мешаванд, ки ташаббусҳои созандаи роҳбариятро ба тиҷорати шахсӣ табдил додаву бозори хешро гардон нигоҳ медоранд. Ба гумони ғолиб, роҳбарону масъулоне аз сохторҳои соҳавӣ низ дар ин “маърака” шариканд. Онҳоянд, ки бо сад роҳу усул ба чашми роҳбарон хок пошида, аз кисаи ин қабил “соҳибкорони ватандӯст” ризқу рӯзӣ меҷӯянд, вагарна имкон дорад, як соҳибкори қаторӣ пиёдагарди мардумро зери бино монад ва ё худсарона ба таваққуфгоҳ табдил диҳад?!
Мутаассифона, теъдоди ин қабил соҳибкорон (ва ҳаммаслакони ишон аз мақомоти соҳавӣ низ), ки манфиати шахсияшонро болотар аз манфиати давлатӣ мегузоранд, рӯ ба афзоиш дорад. Дар ҳоле ки барои ин афрод ба ҷуз аз даромади шахсӣ дигар муқаддасоте вуҷуд надорад, ин зуҳуроти имиҷкуш боиси нигаронии ҷиддӣ боқӣ мемонад!
Ё Шумо фикри дигар доред?

Санаи нашр: 13.02.2026 №: 30