АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
Рушди кишоварзӣ дар мадди аввал
Мансур Каримзода, раиси ноҳияи Файзобод, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2025 кишоварзон, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, майдони боғу токзори меваҳои бозоргиру содиротиро зиёд намуданд ва айни замон дар ноҳия 6902 гектар боғу токзор мавҷуд аст.
Зикр шуд, ки соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 682,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли сипаригардида 57,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳоло дар ноҳия 4 ҳазору 24 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Соли рафта 34,3 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки аз нақша зиёд аст. Ҳамзамон, дар майдони 10231,9 гектар кишти зироат гузаронда шуд. Соли сипаригардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 8387,9 тонна ғалладона 1462,8 тонна зироатҳои техникӣ, 17409,7 тонна картошка, 25275,9 тонна сабзавот, 22886 тонна мева ва 3116,8 тонна хӯроки чорво ҷамъ оварда шудааст.
Истеҳсоли гӯшт ба 3905,7 тонна, шир ба 17962,6 тонна ва тухми мурғ ба 77 миллиону 333 ҳазор дона расид.
Ҳамзамон, Мансур Каримзода баён дошт, ки дар соли гузашта 887 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуда, 110 бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 520 шаҳрванд ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 42 шаҳрванди бешуғл ба андозаи 208 ҳазор сомонӣ ва ба 245 кас ба маблағи 207 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ пардохт гашт.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
ҲИСОР
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзуд
Ҷаббор Носирзода, раиси шаҳри Ҳисор, зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ахбори омма иттилоъ дод, ки бо саъю талоши саноатчиёни 120 коргоҳу корхона дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 362,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба соли 2024-ум 18,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
– Соли рафта қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 124,4 фоиз иҷро шуда, ба хазина 41,4 миллион сомонӣ ворид гашт. Ҳамчунин, ба буҷетӣ маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 61 миллион сомонӣ ҳамчун субвенсия маблағгузорӣ гардид. Хароҷоти буҷети шаҳр бошад, 99,3 фоизро дар бар мегирад. Барзиёд иҷрошавии нақшаи буҷет имкон дод, ки дар деҳоти дурдаст чандин километр роҳҳоро мумфаршу барқарор ва инфрасохтори соҳаи маорифро беҳтар созем, – илова кард раиси шаҳр.
Варзишгарони шаҳри Ҳисор дар 152 чорабинӣ ширкат варзида, 842 медали тилло, 445 нуқра ва 469 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ёқуби СОДИҚ
БМТ
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 15,4 фоиз устувор гардид
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ баҳри танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиши фишорҳои таваррумӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 110 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистонро ба маблағи 63,6 миллиард сомонӣ баргузор кард. Дар баробари ин, аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1,6 миллиард сомониро ташкил менамояд, – иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дар ҳудуди поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан муътадил будани интизориҳои таваррумӣ дар соли ҳисоботӣ тадриҷан 1,5 банди фоизӣ паст гардида, дар сатҳи 7,5 фоизи солона муқаррар шуд.
Соли 2025 Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дод. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар соли ҳисоботӣ ба андозаи 15,4 фоиз устувор гашт.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ, соли 2025 ба низоми бонкии кишвар ба маблағи 6,01 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ (қарз, сармоягузориҳои мустақим ва дигар намудҳои сармоягузорӣ) ҷалб шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 43,4 фоиз зиёд мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА
МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ
31 чорабинии илмии сатҳи баланд баргузор шуд
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 31 чорабинии илмии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла 9 конфронс, 1 форум, 19 мизи гирд ва 2 семинари омӯзишӣ, баргузор намуд.
Ин нуктаро Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. Ҳамчунин, гуфт, ки ҳамкориҳои Марказ бо муассисаҳои тадқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Корея самарабахш мебошанд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ХАТЛОН. МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ ҶАЛАСА БУД
Дар вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи якуми ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах баргузор гардид. Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони сохторҳои марбута ва масъулони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва ташкили корҳои пешгирикунанда бар зидди малах мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки бо назардошти мушоҳида шудани паҳншавии малахи марокашӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон, аз имрӯз бояд тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирӣ ва нест намудани ин ҳашароти зараррасон андешида шаванд, зеро малах метавонад ба майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо зарари ҷиддӣ расонад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ масъулонро вазифадор намуд, ки омодагиро ба мавсими мубориза бар зидди малах пурзӯр карда, иҷрои саривақтии чорабиниҳоро таъмин созанд. Ҳамзамон, супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳоти осебпазир ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ фаъолияти худро ҷиддӣ ба роҳ монанд ва ҳамоҳангсозии корҳоро таъмин намоянд.
Роҳбарони филиалҳои КВД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малахи минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб» вазифадор гардиданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин харитаи мавзеъҳои эҳтимолии паҳншавии малахро таҳия карда, коркарди техникиро дар ин минтақаҳо ба роҳ монанд. Инчунин, таъмиру омодасозии техникаю мошинолот, таъмини сӯзишворӣ ва захираи кофии заҳрхимикатҳои сахттаъсир аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими зикршуда арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз ёфта, дар се марҳала гузаронда мешаванд. Ба иттилои мутахассисон, ин навъи малах бештар дар минтақаҳои дастнорас тухм гузошта, баъдан аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва заминҳои кишоварзӣ ҳаракат мекунад, ки сари вақт андешидани тадбирҳоро тақозо менамояд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
