ТСЗОУ ҶИАЙИ: "ҲАМКОРИРО ДАР СОҲАҲОИ КАЛИДӢ ГУСТАРИШ МЕДИҲЕМ"
– Бонки осиёии cармоягузориҳои инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, мехоҳад дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок саҳмгузор бошад. Бонк омода аст, ҳамкориро дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ, пайвастагии инфрасохтории минтақавӣ, идоракунии захираҳои об ва рушди инфрасохтори шаҳрӣ ба манфиати аҳолиро густариш диҳад.
Ин нуктаро Тсзоу Ҷиайи, президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 14-уми феврал дар Қасри миллат доир гардид, ба хабарнигорон баён дошт.
Тсзоу Ҷиайи таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот оид ба самтҳои асосии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Бонк пешниҳодҳои муҳим ба миён гузоштанд, ки барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба заминаи устувор фароҳам меорад. Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ва Тоҷикистон барномаҳои муштаракро дар самти пешбурди рушди миллӣ ва тақвияти робитаҳои минтақавӣ ҷонибдорӣ менамоянд.
– Ин сафари нахустини ман ба Тоҷикистон мебошад ва бори аввал аст, ки ба шаҳри Душанбе омадам. Ман аз суръати рушди шаҳри шумо хеле мутаассир гаштам. Дар ҳама ҷо мебинам, ки биноҳои нав қомат афрохтаанд ва мо мехоҳем як қисми намоёни ҷараёни чунин рушд бошем, – гуфт Тсзоу Ҷиайи.
Комрон ЗИКРУЛЛО, “Ҷумҳурият”
