МАРЗИ НАНГУ НОМУС
Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати мустақилест, ки бо давлатҳои ҳамсарҳади худ муносибати неки ҳамҷавориро ба кор мебарад ва аз рӯзҳои нахусти соҳибихтиёрӣ мудом сиёсати мутавозини дохилию хориҷиро пайгирӣ намуда, ҷонибдору тарғибгари ҳалли осоиштаи ҳама гуна муноқишаҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Ҳар давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ соҳиби марз – сарҳади давлатии худ аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибихтиёрӣ бо мақсади эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ояндаи дурахшони миллат ва ҳифзи бехатарии сарзамин ба ташкил ва густариши минбаъдаи Артиши миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад. Дар заминаи сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ташкил кардани Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ амалӣ гардидани ҳадафҳои зикршуда мебошад.
Ҳамин тавр, барои боз ҳам соҳибэътимод гаштани марзи давлатӣ, эҳсоси пурраи амнияти ҷомеа 28-уми майи соли 1994 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон раёсати қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт, ки мутобиқи қонунгузории кишвар ҳамасола 28-уми май Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусал-лаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳамеша дар сархати тамоми барномаҳои давлатӣ қарор дорад. Он ҳамчун ниҳоди меҳварӣ дар доираи Артиши миллии кишвар ҳамеша, шабонарӯзӣ чун ҳомии ҳушёру диловари марзу бум ва амнияти кишвар дар сафи пеш қарор дорад.
Вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза боиси ташвишу нооромиҳои зиёд гардидааст. Вале Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои башардӯстона дар арсаи ҷаҳонӣ сиёсати сулҳхоҳонаи худро бо пешниҳодҳои хосса ба маърази дидгоҳи кулли башар гузошта, дар сиёсати дӯстонаи “дарҳои кушода”-и худ устувор аст. Махсусан, ҳалли пурраи мушкилоти сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон мисоли равшани ин гуфтаҳост.
Дар ин маврид дар Паёми навбатии Пешвои миллат аз 16-уми декабри соли 2025 чунин ёдрас гардидааст: “Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон – бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарварони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд”.
Эъломияи Хуҷанд санади ҳуқуқӣ ва таърихиест, ки дар ҳаёти ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоии мардумони ҷумҳуриҳои ҳамсарҳад – тоҷикон, қирғизҳо ва ӯзбекҳо ҳамчун санади тақдирсоз аҳамияти муҳими таърихӣ дорад. Ин санад рафъи мушкилоти якасраи муноқишаҳои марзӣ, баҳамоӣ, дӯстиву рафоқат ва сулҳ аст, ки дар тасвиби он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва мондагор доранд.
ҲАЙДАРЗОДА Сурайё Абдурозиқ, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
