БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД 

24 феврал 2026, Сешанбе
6


“МАЪРИФАТИ ИТТИЛООТӢ. ЧАРО ЧУНИН ДАРС НАБОШАД?”
Мақолаи рӯзноманигор Ташрифулло Саъдуллоев таҳти унвони “Маърифати иттилоотӣ. Чаро чунин дарс набошад?”, ки дар нашрияи “Ҷумҳурият” (№121, 20.06.2025) нашр гардидааст, дар Вазорати маориф ва илм мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифт.
Дар робита ба мақолаи мазкур, бояд таъкид сохт, ки ҳарчанд таҳлили муаллиф аз нуқтаи назари ахлоқӣ ва фарҳангии мубориза бо таблиғоту иттилооти носолим арзишманд мебошад, дар он пешниҳодҳое ҳастанд, ки бо воқеияти низоми таълими миллӣ, махсусан Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, мувофиқ нестанд.
Дар Стандарти давлатии таҳсилот (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2023, №350), салоҳияти иттилоотию коммуникатсионӣ ҳамчун, яке аз салоҳияти калидӣ пешбинӣ шудааст. Мазмуни он қобилияти ҷустуҷӯ, таҳлил ва баҳодиҳии иттилоот, истифодаи огоҳномаи манбаъҳои рақамӣ, тавоноии ҳифзи амнияти шахсӣ дар муҳити рақамӣ ва дониши ҳуқуқию ахлоқии истифодаи иттилоот ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.
Ба ибораи дигар, омӯзиши маърифати иттилоотӣ дар низоми таълимӣ мавҷуд буда, маҳдуд ба як фан ё шакли алоҳида нест, балки дар доираи як қатор фанҳо, аз ҷумла фанни “Технологияи иттилоотӣ” ва соатҳои тарбиявӣ амалӣ мегардад. Фанни “Технологияи иттилоотӣ” дар барномаҳои таълимӣ барои хонандагони синфҳои 5 – 11 ҷой дода шудааст ва муҳтавои он тибқи барномаҳои амаликунандаи таълимӣ ва дастурҳои методӣ, омӯзишӣ зина ба зинаи салоҳиятҳои иттилоотию рақамиро дар назар дорад.
Яке аз паёмҳои асоси мақолаи мазкур пешниҳоди омӯзиши иловагии маърифати иттилоотӣ, ҳамчун фан ё дарси мустақил дар мактабҳост. Бо эҳтиром ба ташаббуси мазкур, мехоҳем таъкид намоем, ки мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилот ва нақшаҳои амаликунандаи таълим, ин иқдом метавонад боиси зиёдшавии сарбории хонандагон гардад.
Ҳадди ниҳоии ҳафтаинаи соатҳои таълимӣ дар тамоми зинаҳо, тибқи моддаи дахлдори Стандарт ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххас ва маҳдуд шудааст.
Ахиран, таъкид менамоем, ки Вазорати маориф ва илм пайваста навиштаҳои рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзишу корбарӣ қарор дода, пешниҳодҳои судмандро дар фаъолияти рӯзмарра мавриди истифода қарор медиҳад.
Ҳошимзода Ҳомид ҲАСАН,
муовини якуми вазири маориф ва илм

Санаи нашр: 24.02.2026 №: 37