ТӮФОНИ ЧАНГУ ҒУБОР. ҲУШДОРИ КУМИТАИ МАСЪУЛ
Бино ба иттилои Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон, бар асари тағйирёбии вазъи ҳаво боз ба ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ воридшавии тӯфони чангу ғубор ба қайд гирифта шуд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳолии кишвар мерасонад, ки нафароне аз бемориҳои дилу рагҳо ранҷ мекашанд ва ё гирифтори бемории қанданд, дар ин маврид бояд ба саломатии хеш диққати бештар диҳанд.
Ҳамчунин, ронандагон ва дӯстдорони сайру саёҳат суръати ҳаракат дар роҳ ва техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳиро қатъиян риоя намоянд. Дар чунин ҳолат риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим буда, дар минтақаҳои наздикӯҳӣ эҳтимоли резиши санг низ, вуҷуд дорад.
Дар ин хусус тавсияи Кумитаро ба таваҷҷуҳи аҳолии минтақаҳои номбурдаи ҷумҳурӣ мерасонем. Бештар нӯшидани оби тоза (рӯзе на камтар аз 2 – 2,5 литр) ва пӯшидани тирезаҳоро тавсия медиҳанд.
Агар ҳавои хонаро тоза кардан хоҳед, бидонед, ки бадтарин фурсат соатҳои аввали субҳанд, зеро ҳамаи моддаҳои муаллақи хатарнок дар ин ҳангом барои нишастан ба замин мутамарказ мешаванд. Қариби нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин моддаҳо боло мераванд. Ғайр аз ин, метавонед тирезаҳои худро бо дока ва ё тӯр бипӯшеду хатари вуруди ҳар гуна моддаи заҳрнокро ба манзилатон кам намоед. Тавсия мешавад, ки манзилҳоро намнок нигаҳ дорем.
Бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш набояд кард. Табибон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳоро тавсия намедиҳанд.
Ҳамзамон, ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои роҳи нафас мебошанд, коҳиши меъёри истеъмоли доруҳо пешниҳод мегардад ва бо худ гирифтани ингалятор ҳатмӣ дониста мешавад.
Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)