РӮЗА ЯК СӮ ШУДУ ИД ОМАДУ ДИЛҲО БАРХОСТ
Яке аз муҳимтарин вазифаҳои Сафорат барқарор намудани алоқа бо ҳамватаноне буд, ки дар Эрон сукунат доштанд. Онҳо бо сабабҳои гуногун вориди ин кишвар шуда буданд. Қисмати зиёдашонро фарзандони гурезаҳои тоҷик дар Афғонистону Эрон ташкил мекарданд. Ва нисбат ба донишҷӯёни тоҷик, ки расман аз ҷониби ҳукумат барои таҳсил ба ин кишвар равон шуда буданд, бамаротиб зиёд буданд.
Мисли майдонҳои шаҳри Душанбеи соли 1992, донишҷӯйҳои тоҷик ба ду қисм ҷудо шуда, бо якдигар муошират, муомила ва муносибат намекарданд.
Мо аз давлати тоҷикон намояндагӣ мекардем. Вазифаи мо, барқарор кардани ваҳдати миллӣ, ваҳдати ҷавонон буд. Ин донишҷӯён расман барои вохӯрӣ ва «як пиёла чой» ба Сафорат даъват мешуданд. Аммо ҷавононе, ки худро аз ҷониби мухолифин мегирифтанд, қатъиян, барои барқарор кардани муносибот розӣ намешуданд.
Дар байни онҳо нафароне ҳам буданд, ки зери таъсири устодонашон, назари ғаразноки худро нисбат ба намояндагии расмӣ пинҳон карда наметавонистанд.
Кормандони Сафорат «саводи кофӣ надоранд», «онҳо ғайр аз шеваи ҷануб, ҳатто забони русиро ҳам намедонанд», «аз алифбои дипломатия бехабаранд» ва монанди инҳо. Бисёре аз ин донишҷӯён дар бахши забонҳои хориҷӣ, маҳз дар риштаи забони англисӣ таҳсил мекарданд.
Дар ҳар сурат, ҳамватанони мо ҳама ҷавон буданд. Вазифаи Сафорат ба дили онҳо роҳ ёфтан, иттифоқ ва иттиҳоди тоҷиконаро дар ин гӯшаи дур аз Ватан ба даст овардан ба ҳисоб мерафт.
Ба ҳамин хотир, ман ба донишгоҳҳои Теҳрон, Исфаҳон, Шероз, Машҳад ва Қазвин рафта, кӯшиш мекардам, ки ҷавонони тоҷикро ба якдилӣ ва ҳамбастагӣ даъват кунам.
Оқибат, мо дар байни донишҷӯён нафарони ватандӯстро пайдо кардем. Мақсади якдигарро фаҳмидем. Маслиҳат кардем, ки Иди Наврӯзро якҷоя дар Қазвин, ки он ҷо шумораи донишҷӯён зиёдтар буд, ҷашн бигирем. Ва ба ин шаҳр аз дигар минтақаҳо низ ҷавонони тоҷикро даъват кунем.
Рӯзи 21-уми марти соли 1998, аввалин бор тамоми донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон дар толори яке аз тарабхонаҳои барҳавои шаҳри Қазвин ҷамъ омаданд.
Дар байни донишҷӯён, ки худро аз ҷониби мухолифин ном мебурданд ва ё бо роҳхати онҳо дар ин мамлакат таҳсил мекарданд, бачаҳои хуб кам набуданд. Онҳо бо мо «бо эҳтиёт» унс мегирифтанд, ҳамраъй мешуданд.
Аммо ҳангоми вохӯрӣ ва дар толори тарабхона, гарчанде маросими ид бошад ҳам, бисёр бачаҳо ба кормандони намояндагии расмӣ хайрхоҳ будани худро чандон маълум намекарданд. Аз якдигар ҳам эҳсоси ибо доштанд.
Мо бошем, бояд вазифаи худро иҷро мекардем. Мо дастпарварони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ки доимо таъкид мекард: «Мо давлатдор ҳастем! Мо бояд миллати худро сарҷамъ кунем. Онҳоро парасторӣ намоем. Миллати мо ғайр аз худи мо дар ягон гӯшаву канори дунё пуштибони дигар надорад. Таъмини ваҳдату ягонагӣ вазифаи ҷонии мост».
БАҲОР ОМАД ЗИ УМРАМ БОЗ ЯК СОЛИ
ДИГАР БИГЗАШТ
Мисли «Элак баҳона, дидор ғанимат», баҳонаи вохӯрӣ Иди Наврӯз буд. Ва мо барномаи махсус тартиб додем. Дар он суруду мусиқӣ бо истифода аз воситаҳои аудиоӣ ташкил намуда, чанд услуби шеърхонӣ ва байтбаракҳои наврӯзиро низ нақшабандӣ кардем.
Кӯшиш намудем, то байни донишҷӯёне, ки бо роҳхати ҳукумат ва бачаҳои тавассути роҳбарони мухолифин барои таҳсил ба Эрон омада, ягон тафовут ё бартарӣ нагузорем.
Аммо дар мусобиқаи шеърдонӣ маълум гашт, ки бачаҳои ҷониби мухолифин на аз адабиёти классикӣ ва на аз адабиёти муосир ба донишҷӯёни аз тарафи ҳукумат ба таҳсил ҷалбшуда, баробар намеоянд. Албатта, сабаби ин ҳолат фаҳмо буд.
Новобаста аз ин, баъзе бачаҳои ҷониби «муқобил» тамоюли иғвоандозӣ нишон доданд. «Кормандони Сафорат забони модариро «соз» ва хориҷиро тамоман намедонанд, чӣ тавр ба кори дипломатӣ таъин шудаанд?!!!», – гуфта, хостанд фазои дӯстиву якдигарфаҳмии ин маҳфилро вайрон кунанд.
Ман барандаи вохӯрӣ будам. Ҳамагон медонистанд, ки корманди Сафорат ҳастам. Ҳамаро ба оромӣ даъват намудам:
– Ҳамватанони азиз, эрод қабул. Биёед мусобиқаро ба забони хориҷӣ давом медиҳем. Шумо кадом забонро интихоб мекунед?
Ҳамон бачае, ки аз ҳама чиз норозӣ буд:
– Забони англисиро! – гуфт, бо як эҳсоси баланд.
Ин таклифе буд, ки мо интизор будем. Баъдтар фаҳмидем, ки ин ҷавонмард донишҷӯйи соли чоруми факултаи забони англисии донишгоҳи Исфаҳон аст.
– Хеле хуб. Ягон кас порчаи шеъриеро ба забони англисӣ хонданӣ ҳаст, ки ба мавзуи имрӯза, ба фарорасии баҳор наздикӣ дошта бошад? – пурсидам ман.
Он бачаи «имтиҳонгир»-и Сафорат ин сӯ он сӯйи худро нигоҳ кард ва сархам хомӯш монд. Ман ба аҳли толор нигаристам. Вокунише надидам.
Барои чорабиниро давом додан эълон кардам:
– Майлаш. Ман як шеърро ба забони англисӣ мехонам, шумо онро тарҷума мекунед ва ҳамзамон пурсидам:
– Розӣ ҳастед?
Ҳама бе дудилагӣ:
– Ҳо! Албатта! Оре! – дӯстона посух доданд ҳамватанони мо.
Ман эҳсоси пазмониву интизории касро ба дӯсташ, ки бо омадани баҳор ӯро бештар фаро гирифтааст, аз ҳаҷри ӯ азият мекашад ва он дар як шеъри машҳури халқӣ сароида шудааст, бо салиқае, ки тавонистам, аз ёд хондам:
Oh, my dear friend, come spring! When you will come?
The time of flowers become! When you will come?
You promised me to come to the winter’s snowing!
All snow disappeared, when you will come?
Ҷавонони иштирокдори маҳфил ҳама хомӯш монданд. Баъд бо якдигар вориди баҳс гаштанд. Хоҳиш намуданд, ки ба оҳистагӣ ва агар имкон бошад, баъзе калимаҳоро бо услуби ҳиҷоӣ қироат кунам. Ман ҳамин тавр ҳам кардам.
Аммо, мутаассифона, нафароне, ки муҳтавои шеърро фаҳмида, посухи муносиб медода бошанд, пайдо нашуданд. Гарчанде касе аз тарзи талаффузи калимаву истилоҳот эрод ҳам нагирифт.
Ман бо маром «сир»-ро ошкор кардам ва он мисраъҳоро барои эҳсоси мантиқ эълон намудам:
Ҷонона, баҳор шудасту When you will come?
Вақти гули хор шудасту When you will come?
Ту ваъда ба барфҳои зимистон додӣ,
Барфҳо ҳама об шудасту When you will come?
Албатта, вақте ман ин рубоиро ним бо забони тоҷикӣ хондам, ҳамватанони мо бо хушнудӣ бо барандаи маҳфил ҳамовоз шуданд ва фазои хуби якдигарфаҳмӣ оғоз гашт.
Иштирокчиён аз чунин ҳамраъйӣ илҳом гирифта, хоҳиш карданд, ки боз ҳамчунин як рубоӣ хонда шавад.
Албатта, захираҳои дар чунин шакл донистанҳои рубоиҳои забони тоҷикӣ, ки онҳоро ман «расмӣ тарҷумашуда ва ҷавобгӯи талабот» ҳисоб намекардам, шумораашон аз панҷ-шаш намегузашт. Ин дубайтиҳоро кадом вақте бидуни қалам, ёдакӣ, бадоҳатан, ҳамчун намуди машқ барои омӯхтани забон тарҷума карда будам.
Дар ҳар сурат, аз байни онон ман дар алоқамандӣ ба мо, тоҷикони бо амри тақдир ғарибафтода, рубоии дигарро хондам, ки ба зеҳни ҳамватанони мо мувофиқ омада бошад:
Oh, round of the world, You brought me to the round,
I was in Kulob, you brought me to the Balkh,
I was in Kulob I had been drinking sweet water,
You again brought me to the bitter water.
Ин замон дар толор ғалоғула бархост. Ҳама ба шӯру шавқ омаданд. Даст боло карданд.
Ман:
– Офарин, ки ин шеърро ҳамаатон медонед. Акнун мусобиқа барои ана ҳамин шеърро ифоданок хондан, – гуфтам ман.
Аз байни ҳамватанони ҷавони мо як нафар духтараки ҳиҷобпӯш бо номи Сумая, ки маълум буд бо роҳхати мухолифин дар донишгоҳи Исфаҳон таҳсил мекунад, ин рубоиро бо сӯзу гудоз хонд:
Чархофалако, маро ба чарх овардӣ,
Кӯлоб будам, маро ба Балх овардӣ.
Кӯлоб будам, оби ширин мехӯрдам,
Саргашта маро ба оби талх овардӣ.
Ва бар хилофи интизории ҳамаи иштирокдорони маҳфил Сумая рубоии дигарро ташаббускорона, бо оҳанги марғуб ва овози дилангез, бо микрофон чунон олиҷаноб хонд, ки дар чашмони бисёре аз дӯстон об чарх зад ва онҳо аз алам ҳатто ашки дидаҳои худро пок накарданд. Ва ин сиришки ҷигарсӯз аз рухсораи онон чун марҷон доман паҳн мекард:
Ҳой, лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад,
Ҳой, афтад ба ғарибиву ба кас банда шавад,
Чархофалако, гардаду ояд ба Ватан,
Ин мурдаи садсола зи нав зинда шавад.
Ҳамроҳи мо дар ин маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҳими Мусулмониён ширкат дошт. Ӯ раиси ҳакамони ин маҳфили шеъргӯӣ буд. Беихтиёр аз ҷо бархост ва бо завқи баланд чун мурғи хушилҳон ва ҳофизи хушкалом ин ғазали машҳури Абуабдуллоҳи Рӯдакиро қироат кард:
Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,
З-ӯ бӯйи гулу мушки насими суман ояд.
Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод,
Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Не, не зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеҷ,
К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.
Ай турки камарбаста, чунонам зи фироқат,
Гӯянд қабои ту маро пираҳан ояд.
Ҳар шаб нигаронам ба Яман, то ту бароӣ,
Зеро ки Суҳайливу Суҳайл аз Яман ояд.
Кӯшам, ки бипӯшам, санамо, номи ту аз халқ,
То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд.
Бо ҳар кӣ сухан гӯям, агар хоҳам, агар не,
Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд.
Ҳамин тариқ, агар маҳфили мо бо як дудилагиву дилсардӣ ва асари дилозорӣ оғоз шуда бошад, эҳсоси ҳамватанӣ ва зулоли ҷоми ҷонафзои лафзи модарӣ ҳамаро ба ҳам овард ва аз он рӯз эътиборан, ҷамъияти тоҷикони ду бахш, ки худро муқобил мешумориданд, як шуданд.
(Аз китоби С. Ятимов
«Ёддоштҳо», қисми 2, Душанбе,
«Эко Принт», 2024, саҳ. 339-346)
