КАБУДИЗОРКУНӢ. МУҲИМТАРИН ТАШАББУС ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

03 апрел 2026, Ҷумъа
4

Дар шароити кунунии тағйирёбии иқлим, масъалаи ҳифзи захираҳои табиӣ ба яке аз мавзуъҳои мубрам табдил ёфтааст. Танҳо майдонҳои васеи дарахту буттазорҳо метавонанд экосистемаи табииро ҳифз ва нигоҳдорӣ намоянд.
Бинобар ин, дар семоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 2 миллиону 770 ҳазору 99 бех ниҳол шинонда шуд, ки барои сабзгардонии кишвар мусоидат мекунад. Барои муқоиса, соли 2025 дар кишвар 3 миллиону 147 ҳазор бех ниҳол шинонда шуда буд..
Тавре раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода изҳор дошт, маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 роҳандозӣ гардида, шинондани 2 миллиард дарахт дар назар аст. Дар доираи ин Барнома, нақшаи сесола таҳия гардида, пеш аз ҳама, зиёд намудани шумораи хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад, барои ташкили ниҳолхонаҳо 63 гектар замин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо гардида, зиёда аз 200 ҳазор бех ниҳол шинонда, 1818 килограмм тухми дарахтон кишт шуд.
Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат бо фаъолияти хоҷагии ниҳолпарварӣ, ки дар масоҳати 5 гектар зиёда аз 25 ҳазор бех ниҳол парвариш мекунад, шинос гардиданд.
Дар баробари шинондани дарахтон, нигоҳубини онҳо низ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Барои мониторинги сабзиши ниҳолҳо аз технологияҳои муосир, аз ҷумла санҷиши моҳвораӣ ва зеҳни сунъӣ, истифода бурда мешавад. Инчунин, дар кишвар бори аввал пас аз соли 1989 инвентаризатсияи ҷангалзорҳо гузаронда мешавад, ки натиҷаҳои ниҳоии он соли 2027 пешниҳод мегарданд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки ниҳолшинонӣ кори осон аст, вале нигоҳубини он заҳмати зиёд металабад. Аз ин рӯ, барои пешгирии хушкшавии ниҳолҳо дастурамалҳои агротехникӣ таҳия гардида, таъмини об низ ба масъалаи муҳим табдил ёфтааст. Нигоҳубини ниҳолҳо ба сохторҳои масъул вогузор шудааст ва онҳо уҳдадоранд, ки давоми ду сол онҳоро нигоҳубин намоянд.
Тавре директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода зикр кард, дар доираи Барнома ҳар як минтақа ба ташкилоту идораҳо вобаста шудааст, то ки назорат беҳтар гардад. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи сабзиши ниҳолҳо, махсусан дар минтақаи Рашт, назаррас мебошад. Имрӯз дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ идоракунии муштараки хоҷагии ҷангал ба роҳ монда шудааст ва сокинони маҳалҳо ҳавасманданд, ки дар хоҷагиҳои ҷангал бештар саҳм гузоранд, зеро бо шумораи ками ҷангалпарварон ба танзим даровардани заминҳои Агентии хоҷагии ҷангал мушкил аст.
Дар ҳақиқат, солҳои қаблӣ ҳолати хушкшавии ниҳолҳо ба назар мерасид ва дар соли аввали татбиқи Барнома, яъне соли 2025, сабзиши ниҳолҳо 70 дарсадро ташкил дод. Дар заминҳои ҷангал бо таъсири тағйирёбии иқлим ва сабабҳои антропогенӣ баъзе тағйирот ба амал омаданд. Маҳз бунёди дарахтону буттазорҳо имкон медиҳад, ки бисёр мушкилоти вобаста ба иқлим ҳалли худро ёфта, манбаъҳои табиӣ ҳифзу нигоҳдорӣ шаванд. Аз ин рӯ, дар мавсими ниҳолшинонӣ, моҳҳои январ-март сабзиши ниҳолҳо ва мониторинги онҳо таҳти назорати ҷиддӣ қарор мегирад.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.04.2026 №: 61