ШОМИ ШАНБЕ
![]()
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ҲУНАР»
Дар ин филворд номи ҳунармандони театр ва кинои тоҷик нуҳуфтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ШОҲНОМА»:
1. Рустам 2. Рудоба 3. Таҳмина 4. Фарангис 5. Ҳумой 6. Эраҷ 7. Сиёвуш 8. Судоба
9. Манижа 10. Бежан 11. Каюмарс 12. Ҳушанг 13. Фаридун 14. Манучеҳр 15. Ҳурмузд
16. Гурдофарид 17. Суҳроб 18. Жандаразм 19. Кайхусрав 20. Исфандиёр 21. Синдухт
ЭЙНШТЕЙН ВА ЯК ДАРСИ ЗИНДАГӢ
Рӯзе Алберт Эйнштейн дар дарс ба хонандагон ҷадвали зарб омӯзиш медод. Рӯйи тахта навишт: 9х2=18; 9х3=27… 9х10=91. Синф баробар хандид, чун Эйнштейн иштибоҳ кард, посухи дурусти 9х10=90 аст, на 91. Эйнштейн мунтазир монд, то ҳама сокит шаванд ва сипас гуфт: “Бо ин ки ман тамоми масоили қаблиро дуруст ҳал кардам, ҳеч кас маро ташвиқ накард, аммо вақте як иштибоҳ кардам, ҳама хандиданд. Ин нишон медиҳад, ки ҳатто агар касе муваффақ ҳам бошад, ҷомеа кӯчактарин иштибоҳи ӯро мебинад ва ба он таваҷҷуҳ мекунад. Ёдатон бошад, иштибоҳот бахше аз масири муваффақият ҳастанд, чун танҳо касе иштибоҳ намекунад, ки ҳеҷ коре анҷом намедиҳад.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
МО ЧӢ ХЕЛ ЗИНДА МОНДЕМ?!
Аз толори суд:
- Ҳамаи шоҳидони шумо дунёро тарк карданд, акнун даъвои худро чӣ тавр исбот мекунед? - пурсид судя аз даъвогар.
- Ҳақ бар ҷониби шумост, муҳтарам судя!
Корро чунон кашол додед, ки намедонам чи хел мову шумо то ҳол зинда гаштаем, - ҷавоб дод даъвогар охирин умедашро аз даст дода.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ГЭРИ ОЛДМЕН
Аз ноумедӣ то "Оскар"
Гэри Олдменро аксарият аз ҳаводорони Ҳолливуд мешиносанд. Махсусан, баъди иҷрои муваффақонаи нақши асосӣ – Манкевич дар филми коргардон Дэвид Финчер бо номи «Манк» шуҳрати ӯ якбора ҷаҳонгир шуд. Ҳатто мунаққид Антон Долин Манкевичро аз нақшҳои муҳимтарини ин ҳунарманд меҳисобад, ки бе сабаб нест, зеро маҳз ҳамин нақш баъд аз интизориҳои зиёд ба Гэри Олдмен олитарин Ҷоизаи синамо – «Оскар»-ро овард.
Дар карйераи Олдмен, ҳамчунин, нақшҳои бозидааш дар филмҳои «Сид ва Нэнси» ва «Гӯшҳои худро сих кунед» саҳми бориз гузоштаву ӯро «Беҳтарин ҳунарманди ҷавони бритониёӣ» муаррифӣ намудаанд.
Бо ёдоварӣ аз ин ва дигар дастовардҳои ситораи синамои Ҳолливуд агар гӯем, ки ӯ дар ҷавонӣ аз имтиҳони касби дӯстдоштааш, яъне актёрӣ нагузашта буд, ғолибан касе бовар намекунад. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки Гэри Олдмен ҳарчанд кӯшиш кард, ба Академияи шоҳии ҳунарҳои театрӣ дохил шуда натавонист. Ҳангоми имтиҳонсупорӣ ҳатто ба ӯ маслиҳат доданд, ки як пешаи ба худаш мувофиқро интихоб кунад, ки ба ҳунарпешагӣ робита надошта бошад.
Ба масал, дуруст аст, вақте мегӯянд, ки ба ҳар роҳе бошад, бояд барои ба мақсад расиданат кӯшиш намоӣ.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ХАТОҲОИ ТАҚДИРСӮЗИ СУДӢ
ИШТИБОҲЕ, КИ ҲУКМИ ҚАТЛРО БЕКОР КАРД
Тимоти Эванс, сокини шаҳри Лондон, 9-уми марти соли 1950 бар асоси ҳукми беасоси суд дар зиндони Пентонвилл ба дор кашида шуд, ки иштибоҳоти нангини судӣ дар таърихи Британияи Кабир ба шумор меравад.
Суд Эванси он замон 25-соларо бар асоси шоҳидии ҳамсояаш – собиқ корманди пулис Ҷон Кристӣ дар марги ҳамсар ва духтарчаи хурсолаш, ки ҷасадашон аз таҳхонаи бинои истиқоматӣ ёфт шуд, гунаҳгор дониста, ӯро ба қатл маҳкум кард. Дар оғози тафтишот Тимоти Эванс, ки ба парешонхотирӣ гирифтор буд, зери фишор гуноҳро ба гардан гирифт, вале дар сухани охиринаш гуфт: “Ман бегуноҳам!”.
Се сол баъд аз иҷрои ҳукм (1953) дар ҳамон бинои истиқоматӣ ҷасади занони дигар пайдо шуд. Маълум гардид, ки дар қатли онҳо Ҷон Кристӣ даст дорад. Ин қотили силсилавӣ дар суд иқрор шуд, ки ҳамсару духтарчаи хурдсоли Эвансро ҳам ӯ куштааст.
Таъсири ин хатои фоҷиабори судӣ дар низоми ҳуқуқӣ то ҷое асар кард, ки соли 1965 дар Британияи Кабир ҳукми қатл боздошта шуд ва соли 1969 комилан бекор гардид.
Тимоти Эванс баъд аз 16 соли қатл расман сафед ва бегуноҳ эътироф гардид.
Таҳияи Фирӯз РАҲМОНИЁН
1 000 000 ДОЛЛАР
Подоши заҳмати муаллиме, ки маошашро ба шогирдони камбизоат медод
Питер Табичи яке аз омӯзгорони муваффақи деҳоти Пвани кишвари Кения мебошад. Ӯ ба шогирдон аз фанни физика ва математика дарс медиҳад. Табичи дар муассисае кор мекунад, ки ба ҳар як муаллим 58 хонанда ва як компютер барои истифодаи интернет рост меояд. Табичи дар баробари муаллими доно буданаш марди сахиву эҳсонкор ҳам буда, 80 дарсади даромадашро барои гирифтани маълумоту саводнокии камбизоатон харҷ менамуд.
Шогирдони ӯ дар озмунҳои байналмилалӣ ва намоишгоҳҳои илмӣ-техникӣ ширкат намуда, бо пешниҳоди ихтирооти худ оид ба истеҳсоли барқ аз гиёҳҳои маҳаллӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.
Питер Табичи 24-уми марти соли 2026 аз ҷониби Фонди хайриявии соҳибкори ҳиндӣ Санни Варкей омӯзгори беҳтарини ҷаҳон (Clobal Teacher Prize) эълон гардида, бо як миллион доллари ИМА қадр шуд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МЕҲМОН
Дюма дами пирӣ вақте аз дари хонаи писараш даромад, ки на танҳо шуҳраташро аз даст дода буд, балки нодору ночор менамуд. Писар баъди нигоҳи маънидоре ҷонибаш мегӯяд:
- Медонам, ки аз ноилоҷӣ омадаӣ. Намешуд, ки исрофкориро ҷилав гириву дороиҳоятро бар бод надиҳӣ?
- Ман вақте аз деҳа ба Париж омадам, ки дар ҷайбам ҳамагӣ 40 франк доштам. Он замон Париж шаҳри бегонаву бедарвоза буд, вале маро оғӯш гирифтаву меҳрубонӣ кард. Имрӯз ҳам дар ҷайбам расо 40 франк дорам, вале на ба хонаи бегона, балки ба дари фарзандам омадам, - мегӯяд падар, ки, аллакай, оби дида дар чашмонаш ҳалқа зада буд.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
СУҚРОТ
Вақте аз Суқроти шуҳратманд пурсиданд, ки чаро фармудаҳояшро дар коғаз навиштаву маҳфуз намедорад, дар посух чунин гуфт:
- Фикр мекунам, варақи папирос аз арзиши фармудаҳои ман хеле гаронтар нарх дорад.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ЗАНИ 90-СОЛАИ АМРИКОӢ РЕКОРДИ НАВ ГУЗОШТ
«Китоби рекордҳои Гиннесс» ҳамасола бо дастовардҳои ҳайратангез нав мешавад. Дар нашри тозаи «Guinness World Records 2026», ки ба муносибати 70-солагии он бахшида шудааст, як қатор рекордҳои ҷолиб сабт гаштанд. Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2026 Энн Крил Эсселстини 90-сола аз иёлати Огайои ИМА овезон шудан дар кашишчӯб (турник) рекорди нав гузошт: ӯ дар он тайи 2 дақиқаву 52 сония овезон бимонд.
Гуфта мешавад, ки рекорди қаблӣ ба Энн Ҷудичи 81-сола (ИМА) тааллуқ дошт, ки 2 дақиқаву 15 сонияро ташкил медод.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ
ГАНҶ ДАР ВАЙРОНА Ё ДОСТОНИ МАРДЕ, КИ АЗ ПАРТОВ 191 ГРАММ ТИЛЛО ҶАМЪ КАРД
Бисёриҳо симкортҳои истифодашударо ҳамчун партов мебинанд, аммо марде аз Чин дар онҳо ганҷи ниҳониро кашф кардааст. Вай аз симкортҳои партофташуда ва партовҳои электронӣ 191 грамм тилло дарёфт ва партовҳои техникиро ба филизи қиматбаҳои тақрибан ба $31 000 арзишдошта табдил дод.
Вай ин равандро дар видеоролики ба навор гирифтааш нишон дод, ки миллионҳо тамошобинро ба худ ҷалб кард. Вале марди заркор ҳушдор медиҳад, ки ин усул ба ҳама тавсия дода намешавад, чунки истифодаи маводи кимиёвии хатарнок дониши касбӣ ва риояи чораҳои бехатариро талаб мекунад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
10 футболбозе, ки аз ҳама бештар ҷоиза ба даст овардаанд
4. Максвелл Шеррер Кабелино Андраде – 37 ҷоиза
Максвелл, футболбози бразилиягӣ, ҷоизаҳои худро зимни бозӣ дар бошгоҳҳои панҷ кишвари дунё ба даст овардааст. Ӯ дастпарвари клуби «Крузейро» (Бразилия) буда, дар ҳайати он як мавсим бозӣ карда, соли 2000-ум соҳиби Ҷоми Бразилия мешавад ва баъд аз он ба бошгоҳи нидерландии «Аякс» гузариш мекунад.
Футболбоз бо «Аякс» ду маротиба қаҳрамони Нидерландия, барандаи ду Ҷоми Нидерландия ва ду Суперҷоми Нидерландия низ мегардад. Солҳои 2006 – 2009 дар бошгоҳи «Интер»-и Миллан бозӣ карда, се карат чемпиони Италия ва соҳиби ду Суперҷоми Италия мешавад. Ӯ зимни бозӣ дар клубҳои «Барселона» (2009 – 2011) 10 ҷоиза ва «Пари Сен-Жермен» (2012 – 2017) 15 ҷоиза ба даст овардааст. Максвелл соли 2009 бо тими миллии Бразилия ғолиби Ҷоми Конфедератсия шудааст.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
ОРДОС
Он на танҳо нуфус, балки нуфуз низ пайдо мекунад
Тавре сомонаи dan-invest.ru менигорад, ҳанӯз соли 2016 шаҳри Ордоси Ноҳияи Мухтори Монголияи Дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаҳон калонтарин шаҳр-шабаҳ (шаҳре, ки аҳолияш бениҳоят кам аст) эътироф мегардид.
Тавре гуфта мешавад, ҳангоми оғози сохтмон (аввалҳои соли 2001) он барои 1 миллион нафар пешбинӣ мешуд, аммо дар шаҳр тахминан 98 дарсади хонаҳояш холӣ буд.
Ҳарчанд дар ин ҷо биноҳои осмонбӯс, идораҳо, театрҳо, осорхонаҳо ва иншооти варзишии муосир қомат афрохта бошанд ҳам, вале барои зиндагӣ дар он ками андар кам одамон майл доштанд.
Тибқи хабарҳои ахир бошад, оҳиста-оҳиста теъдоди сокинони шаҳр беш аз пеш афзудан дорад ва дар он, аллакай, ҳамоишҳо ва мусобиқаҳои гуногуни дохиливу байналмилалии варзишӣ доир мегарданд.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛО
БУНЁДИ НАХУСТИН ШАҲРЕ, КИ БО НЕРУИ ОФТОБӢ ЧАРОҒОН МЕШАВАД
Дар Австралия сохтмони шаҳри Тесла оғоз гардид, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои қонеъ кардани тамоми эҳтиёҷоти инфрасохтори он аз неруи Офтоб истифода хоҳад шуд.
Тесла (Tesla Town) дар наздикии пойтахти ин кишвар – шаҳри Мелбурн сохта мешавад, ки ҳар як хона бо батареяҳои офтобӣ ва аккумуляторҳои Tesla PowerWall муҷаҳҳаз мешавад. Таҷҳизоти PowerWall ба таъмир ва нигоҳубин ниёз надошта, 10 сол кафолат дорад. Дар назар аст, неруи офтобии истеҳсолшаванда электромобилҳои сокинони шаҳрро ҳам бо неру таъмин созад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ОДАМИ ШОХДОР НА ОБРАЗИ ТАХАЙЮЛӢ, БАЛКИ РЕАЛИСТ
Соли 1934 муҳаққиқи англис Гоуст Фримен барои ҷустуҷӯйи марди шохдоре, ки дар борааш ҳикояҳои зиёд шунида буд, ба минтақаи Майо-Кеббии давлати Чад сафар кард. Марди шохдор дар ҷангалҳои маҳаллӣ зиндагӣ мекард.
Муддате Фриман байни сокинони деҳа ба сар бурда, ниҳоят, бо марди шохдор Нҷабия Бате вохӯрд. Новобаста ба оне, ки Нҷабия дар алоҳидагӣ ва танҳо зиндагӣ мекард, байни сокинони деҳа ҳам тарс ва ҳам эҳтиромро ба вуҷуд оварда буд, зеро ӯ дар бораи табиат ва усулҳои табобати анъанавӣ дониши васеъ дошт.
Фриман суҳбаташро бо марди шохдор дар мақолае чоп кард, ки он замон байни олимон таваҷҷуҳи ҷиддиро ба амал овард.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
КИТОБХОНАИ САЙЁР ВА САҲМИ ЯК КИТОБДОР ДАР ТАБОБАТИ БЕМОРОН
Соли 1928 дар шаҳри Лос-Анжелоси ИМА китобхонаи сайёр пайдо шуд, ки шакли аробаро дошт. Дар рӯйи ароба рафҳои китоб сохта шуда, дорои асарҳои илмиву бадеӣ буданд ва онро як нафар аз ҷой ба ҷое мебурд.
Корманди китобхона ҳар рӯз чанд асарро ба аробааш бор мекарду ба беморхонаҳо рафта, ба беморон медод ва баъди ду-се рӯз он китобҳоро иваз мекард.
Мақсади китобдор дар он буд, ки маризҳо аз ғизои маънавӣ бархӯрдор шаванд.
Таҳияи З. ҚУДБИДДИН
ҲИФЗИ САРҲАД БО ИСТИФОДА АЗ ТИМСОҲҲО
Неруҳои марзбонии Ҳиндустон имконияти ҷойгиркунии морҳо ва тимсоҳҳоро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ барои пешгирии воридшавии ғайриқонунӣ ва фаъолияти ҷиноятӣ меомӯзанд. Дар ин бора рӯзномаи “The Hindu” хабар додааст.
Тибқи иттилои рӯзнома, дар ёддоште, ки ба ҳамаи воҳидҳои саҳроӣ дар марз бо Бангладеш фиристода шудааст, гуфта мешавад, ки истифодаи хазандагон ҳамчун “ҳомиён”-и марз дар асоси дастури вазири корҳои дохилии Ҳиндустон Амит Шоҳ амалӣ карда мешавад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ҚУДРАТИ ИНСОН ДАР ЗУЛМОТ ҲАМ РӮШНОӢ МЕОФАРАД
Дар Норвегия деҳаи хушманзараи хурде бо номи Рюкан мавҷуд аст, ки чор тарафи онро кӯҳҳои баланд иҳота кардаанд. Табиати он нотакрору зебо бошад ҳам, дар чаҳор фасли сол рӯйи Офтобро намедид.
Ахиран, дар ин деҳа системаи инноватсионии Solpeil, ки дар забони норвегӣ “Оинаи офтобӣ” мебошад, насб шуд. Ин система аз оинаҳои азиме иборат аст, ки аз чор сӯ дар қуллаҳои баланд насб гардида, деҳаро бо нури Офтоб равшан мекунанд. Акнун, ба туфайли ин технологияи олиҷаноб бошандагони деҳаи Рюкан,, ҳатто дар моҳҳои тиратарини зимистон ҳам аз нури Офтоб ҳаловат мебаранд.
Ин лоиҳа на танҳо ҳаёти истиқоматкунандагони деҳаро осон намуд, инчунин, сайёҳону ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб кард.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
