НАХИ АНДЕША

13 апрел 2026, Душанбе
14


(АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ МАҶМУАИ АШЪОРИ ТОЗАИ ДАВЛАТИ РАҲМОНИЁН “НОМАИ ОФТОБ”. – ДУШАНБЕ: АДИБ, 2024.–328 С.)
Давлати Раҳмониён аз шоирони насли замони истиқлол аст, маҳсули табъи ӯ аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта то ба имрӯз дар матбуот, сомонаҳои иҷтимоӣ ва маҷмуаҳои алоҳида ба нашр расида, аз ҷониби хонандагони соҳибзавқ истиқболи гарм ёфтааст. Мавсуф барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода аст. Як назари гузаро ба маҷмуаҳои ашъори шоир, аз “Растахези руҳ” (1995) то “Номаи офтоб” (2024), собит менамояд, ки ӯ зина ба зина роҳи камолотро тай намудаву аз як маҷмуа то маҷмуаи дигар навгонӣ дар баён, тасвир ва фасоҳату балоғати сухан дорад.
Китоби “Номаи офтоб” ашъори солҳои охир сурудаи Давлати Раҳмониёнро фаро гирифта, ки дар муқоиса бо маҷмуаҳои қаблӣ беҳтару хубтар аст. Унвони китоб бархоста аз рубоиест, ки “Номаи Хуршед” ном дорад ва шоир бар он даъвост, ки “дар хуни шафақ нӯги қалам тар кардааст”:


Вақт аст, ки шоирон саломам бикунанд,
Аз хотири шеър эҳтиромам бикунанд.
Дар хуни шафақ нӯги қалам тар кардам,
То номаи Хуршед ба номам бикунанд.


Ашъори дар ин маҷмуаи гирдомада вобаста ба мавзуъ табақабандӣ ва номгузорӣ шудаанд. Пешгуфтори китоб бо унвони “Иншои озод” ба қалами шоири халқии Тоҷикистон, адиб ва муҳаққиқи адабиёт Рустам Ваҳҳобзода тааллуқ дорад. Мавсуф бар он назар аст, ки шеъри Давлати Раҳмониён “ниёзе ба таҳриру тасҳеҳ надорад” ва “бо итминони хотир метавон навиди интишори боз як китоби тозаи ҳикматомӯз ва завқпарвари Давлати Раҳмониёнро эълом кард”.
Қисмати аввалро ашъори дар оини ватандорӣ сурудаи шоир дарбар гирифта, бо унвони “Иксири Ватан” пешниҳод шудааст. Мавзуи Ватан аз мавзуъҳои роиҷ дар адабиёти ҷаҳон аст ва собиқаи куҳан дорад. Давлати Раҳмониён дар сурудани ашъори ватандӯстона назари тоза дорад. Барои шоир Ватан ба масобаи иксирест, ки ба тани мурда ҷон медамад ва ин ишқу имони шоир бар Меҳан сарчашма бар ҳадиси “ҳуббулватан” дорад:


Бувад ишқи Ватан имону динам,
Ки аз “ҳуббулватан” хезад яқинам.


Ҳадиси “ҳуббулватан” аз он ҷо бархоста, ки муҳаббат ба Ватан барои ҳар як фарди худогоҳ аз гоҳвора оғоз мешавад ва бо шири модар дар шарёнаш ҷӯш мезанад ва ин чун ирс аз насле ба насл мегузарад:


Чун саҷдагаҳи ҳазор пуштам Ватан аст,
Н-афтад зи даҳан ҳадиси ҳуббулватанам.


Шоир бист шеър ба мавзуи Ватан ихтисос дода, ба ҳар яке унвони муносиб гузошта, ки марому аҳдофи ӯро аз оини ватандорӣ нишон медиҳанд: “Ҳадиси муҳаббат”, “Ғазали ишқу Ватан”, “Ватанам лонаи шерони нар аст”, “Ватандорӣ”, “Иксири Ватан”, “Меҳроби Ватан”...
Дар тасаввури шоир муродифи Ватан танҳо ишқ буда метавонад ва беҳин коре, ки инсони худогоҳ метавонад ба нархи ҷон ато кунад, он ҳам ватандорист. Он касе ишқ аз ҳуббулватан андӯхтааст, роҳатро дар ранҷи ватандорӣ мебинад:
Гар чу ман ишқ зи ҳуббулватан андӯхтаед,
Рафта дар сояи гулхори Ватан хоб кунед.


Оини ватандорӣ, қатъи назар аз он ки ашъори махсусе ба ин мавзуъ ихтисос дода шуда, дар шеърҳои нимоӣ ва дубайтиву рубоӣ низ матраҳ шудааст. Чунончи, “Ватани кӯчак” дар рубоии зер хеле шинам афтода ва бозгӯйи дилбастагии шоир ба хонаи падарист, ки дар деҳа аст:


Дар кулбачаи деҳа, к-аз он дил наканам,
Дар чор қадам хулоса гардад Ватанам.
Он достакам, ки баъди чандин ғурбат
Бар лонаи лойии падар сар бизанам.


Дар қисмати “Биҳишти мурғон” 37 шеър гирд омада, ки шоир ба падару модар, хоҳару бародар ва фарзандони хеш бахшидааст.
Мурод аз “Биҳишти мурғон” ҳамон ҳотаи пур аз гули модар ва ҳавлии падарист, ки баъд аз реҳлати модар хоҳар кори ӯро идома медиҳад:


Дар боғчаи ҳотаи мо гунҷишкон
Бо майнаву мусича ҳамово шудаанд.
То дон бихӯранд аз кафи хоҳари ман,


Якҷо шудаанд...
Мулки падарист бар ман осоишгоҳ,
Дар кулбаи модар аст осоиши ман.
Аз тири камонғӯлаки тифлон дур аст,
Ин ҳота биҳишт аст ба мурғони Ватан.


Мавзуи зодгоҳ, алалхусус деҳа, падару модар, даврони кӯдакию бачагӣ дар ашъори аксари шоирон ба назар мерасад, чунонки Бозор Собир аз деҳаву Лоиқ Шералӣ аз модар устура сохтаанд ва ин устурасозии онҳо дар пайравии эҷодкорона аз Эраҷ Мирзову Маликушшуаро Баҳор, Есенину Мирзо Турсунзода аст. Давлат Раҳмониён дар сурудани ин мавзуъ аз ин шоирони бузург пайравӣ карда, аммо муқаллид нест, ҳарфи худро мезанад, бардошти худро мегӯяд, ки табиӣ ва бархоста аз муҳити камолрасидаи худаш аст:


...Дар он ҷо ҳаст зардолуи қандак,
Ниҳоли дастпарварди падарҷон,
Шунидам, чун дарахтони тановар
Сараш бар осмон молидааст он...


Бо қироати шеъри боло аз хотири хонанда шеъри Есенин хутур мекунад, аммо муҳити тоҷикона ва ҳолу ҳавои кӯҳистони тоҷик бештар эҳсос мешавад. Шеърҳое, ки шоир ба ёди модари гулпарвар ва падари деҳқони занбӯриасалпарвараш сурудаанд, ҳама табиӣ – бархоста аз муҳит ва эҳсосоти шоиронаи худаш ҳастанд.
Қисмати дигари маҷмуаро ашъоре ташкил додаанд, ки Давлати Раҳмониён ба ёди шоирону нависандагоне чун Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Мирзо Файзалӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Аброри Зоҳир, Сайдалӣ Саид ва хотироте аз дӯстону ҳамқаламонаш монанди Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Гулрухсор, Рустам Ваҳҳоб, Низом Қосим, Озар Салим, Абусаиди Воҳид, Бузургмеҳри Ҳаким бахшида шудаанд. Ин қисмат “Дар пойи хома” унвон дошта, байте чун ҳусни матлаъ дар ибтидои сухан сабт шуда, ки аз муҳтавои ин қисмат дарак медиҳад:
Шоир аз зарри шеър хишт кунад
В-аз бинои сухан биҳишт кунад.
Дар ин қисмат такбайтҳое ҳастанд, ки як олам маънӣ доранд ва дар камоли балоғату фасоҳат гуфта шудаанд, монанди “Руҷуи Муъмин Қаноат”:
Дар боғи вуҳуш мондаам, дилгирам,
Дар ҳасрати осмон уқоби пирам.
Ва “Ба Абусаиди Воҳид”:
Дилам барои ту як пораи Хуросон аст,
Муқим бош, ки ҳуббулватан
зи имон аст.
Қисмати “Лолаи дил” ва “Дар ҳазрати танҳоӣ”-ро бештар ғазал ташкил додааст. Воқеан, Давлат аз адабиёти классикӣ огоҳии хуб дорад ва суннатҳои адабии ин адабиёти оламгирро огоҳона пайравӣ ва идома медиҳад. Баҳрабардорӣ аз шуарои бузурги адабиёти классикии порсӣ-тоҷикӣ, на танҳо дар мавзуъ, балки дар интихоби таркиботу ибораҳо ва корбурди саноеи адабӣ ба назар мерасад. Ба тариқи намуна:
Агарчи шуҳраи шаҳре ба ишқи бисёрам,
Ба ҳеч ваҷҳ дил аз ишқи ту набардорам.
Беихтиёр ғазали машҳури Хоҷа Ҳофиз ба хотир меояд:
Манам, ки шуҳраи шаҳрам ба ишқ
варзидан,
Манам, ки дида наёлудаам ба бад дидан.
Давлат мегӯяд:
Озодие, ки ҳаст, асирони ишқрост,
Рафтем бӯса кардани пойи асирҳо.
Беихтиёр гуфтаи Саъдию тазмини Хоҷа Ҳофиз аз хотир хутур мекунад:
Ҳофиз аз ҷаври ту, ҳошо, ки
бигардонад рӯй,
«Ман аз он рӯз, ки дар банди туам,
озодам».
Мавзуи асосии ин ашъор ҳамоно ишқ аст, ки анқариб дар ҳар байт ба такрор ёд мешавад ва ин бесабаб нест, зеро ба қавли паёмбари ғазалсароён Саъдии бузургвор “Хуштар аз айёми ишқ айём нест” ва “Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест”.
Бахши охири маҷмуаро дубайтӣ ва рубоиҳо ташкил додаанд ва аҷиб он аст, ки Давлат ба рубоию дубайтӣ низ унвон мегузорад ва ин жанри куҳани адабӣ тавъам бо мавзуи суннатӣ ҳаводиси замонро фаро мегирад ва сарчашма аз адабиёти шифоҳию шеъри оламгири порсӣ дорад:
Намедонам, гиламро чун сириштанд,
Чи гуна тору пудамро бириштанд,
Ки дарҳоро ба рӯям боз карданд,
Ба ҷуз як дар, ки пушташ “худ”
навиштанд.
***
Агар миллат худашро дарнаёбад,
Ба худ бегонаро ёвар наёбад.
Агар оташ бигирад марзу бумаш,
Ҷаҳонро ҷуз тамошогар наёбад.


Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Давлати Раҳмониён аз шоирони муваффақи замони истиқлол аст ва наздик ба чиҳил сол аст, ки дар майдони суханварӣ неруву табъ меозмояд.
Ашъори ӯ саршор аз ғояи олии ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва инсондӯстист, ки бо ҳунари олии шоирона суруда шудаанд ва дар тарбияти инсони худогоҳ ва хусусан ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ саҳми бориз дорад.


Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА,
академики АМИТ,
Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ,
профессор

Санаи нашр: 13.04.2026 №: 67