ИҚДОМИ НАВБАТӢ ДАР САМТИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
![]()
Таърих собит намудааст, ки роҳбари боадолат, ғамхори мардум, хоксор, дурандеш ва сулҳдӯсту фарҳангпарвар солҳо дар дили халқу миллаташ маҳбуб мемонад.
Масалан, Маҳатма Ганди бо зиндагии одию хоксорона ва сиёсати бидуни зӯроварӣ халқу миллатҳои сершумори Ҳиндустонро муттаҳид ва дар мубориза бо мустамликадорони англис роҳбарӣ карда, ба пирӯзӣ овард.
Нелсон Мандела барои озодӣ ва баробарии халқҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ солҳои зиёд мубориза бурд ва ҳатто ба зиндон афтод, вале баъди ба озодӣ баромадан мардумро ба сулҳ даъват кард, на ба интиқомгирӣ.
Ли Куан Ю кишвараш Сингапурро бо такя ба илму технология аз камбизоатӣ ба як давлати пешрафта расонд. Хидмати ҷоннисорона ба миллат сабаби эҳтироми доимии ӯ шуд.
Пешвои мардуми Покистон Муҳаммад Алии Ҷаноҳ ва Малайзия Маҳатҳир Муҳаммад ва дигарон барои халқу миллати хеш хидмати шоён кардаанд.
Тамоми сифатҳои олии ин шахсиятҳои таърихӣ, ба монанди ҷасорату матонат, дилсӯзию халқпарварӣ, меҳрубонию хирадсолорӣ ва сулҳдӯстию фарҳангпарвариро дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон дид.
Пешвои миллат, ки аз аввали Сардори давлат интихоб шуданашон оромиву осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагиро шиори худ сохта буданд, тавонистанд мардумро сарҷамъ намуда, сулҳу сафоро дар кишвари ҷангзада барқарор созанд.
Ин нуктаро собиқ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода чунин таъкид кардааст: «Аввалин даъват дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати фарҳангӣ дошт. Фарҳанги ҳадису қуръонӣ, фарҳанги бародарӣ, фарҳанги дӯстӣ, фарҳанги рафоқат ва фарҳанги сулҳу ваҳдат, ки миллат он рӯз ба он шадидан ниёз дошт, имрӯз низ ба ин ниёз дорад ва фардоҳои дигар низ ба он ниёз хоҳанд дошт.
Фарҳанг барои миллати тоҷик сулҳро асос гузошт ва ин аст, ки фарҳанг барои миллати тоҷик чун ганҷи муқаддас бебаҳост. Ҳар ки ин ганҷро гиромӣ медорад, Худованд ӯро комёбу фотеҳи ҳаёт мегардонад. Ин марди худододро низ фарҳангӣ буданаш ва гиромидошти фарҳангияш дар ақсои олам шуҳрат бахшид».
Тайи сию чор соли сипаригардида бо эҳтимом ва роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат таҷлил гардидани 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Давлати Сомониён, 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва дигар санаҳои таърихӣ дар боло бурдани сатҳи худшиносии миллии мардуми кишварамон нақши муҳим бозиданд. Инчунин, зимни ҷашнгирии ин санаҳои таърихӣ ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд, ки боиси муаррифии бештари фарҳанги халқу кишварамон гардид. Инро мо аз баҳодиҳии беғаразонаи сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ дарк карда метавонем.
Чунончи, Президенти вақти Фаронса Жак Ширак соли 2003 чунин ибрози назар карда буд: «Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш нахоҳад кард».
Ҳамагон шоҳидем, ки бо кӯшишу ташаббусҳои Сардори давлатамон як қатор ҷашну оин, ҳунарҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги бостонии мардуми мо, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, «атласу, чакан ва ғайра эҳё гардиданд. Инчунин, бархе мероси моддӣ ва ғайримоддии ниёконамон, ба монанди «Оши палав», «Наврӯз», «Чакан», «Фалак», «Шашмақом», «Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим» ва ғайра ба Феҳристи мероси фарҳангии башарият- ЮНЕСКО ворид шуданд.
Яке аз иқдомҳои мондагори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълифи асари бузурги таърихӣ зери унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (ду китоб с. 1999; с. 2002) мебошад, ки дар ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик нақши арзанда дорад. Дар ин асари пурмуҳтаво таърихи тамаддуну давлатдории ниёконамон дар ташаккули фарҳанги муштарак ва давлату давлатдории халқиятҳои ориёнажоди Осиёи Миёна, шимоли Афғонистон ва Эрони Бостон мавриди омӯзиши қарор гирифта, саҳми таърихии гузаштагони мо дар густариши тамаддуни ориёӣ баён гардидааст.
Бо ибтикори Пешвои миллат соли 1999 ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён баргузор шуда, дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохт. Таҷлили санаи мазкур пояҳои ҳувияти миллии тоҷикон ва руҳи истиқлолхоҳии ононро қувват дода, таҳким бахшид. Дар ин хусус Сардори давлат чунин таъкид намуданд: «Ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён барои халқи тоҷик ва дигар сокинони мамлакат воқеан як парчами истиқлолу худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ гардид. Ин парчам бо ғояҳои муттаҳидсозандагию эҳёгараш ҷароҳатҳои ҷанги шаҳрвандиро шифо бахшид, кинаю адоватро аз дилҳо берун кард, кишвари ҷангзадаю мардуми ба гирдоби низоъҳо гирифторшударо аз вартаи нобудшавӣ наҷот дод ва кулли сокинони Тоҷикистонро ба ваҳдату якдилӣ расонд».
Бо мақсади дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавон бо иқдоми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон шуд.
Илова ба иқдому ташаббусҳои зикршуда, дар ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишораю таъкидеро вобаста ба тақвияту таҳкими худшиносии миллӣ дидан мумкин аст. Аз ҷумла, дар Паём, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, Ҷаноби Олӣ мероси таърихиву фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷикон номида, ба масъулони соҳа дастур доданд, ки лоиҳаи қонуни соҳаи бостоншиносиро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Инчунин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз чораҷӯӣ намоянд.
Ба шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият на танҳо сатҳи худшиносию худогоҳии миллати мо боло рафт, балки муаррифии тамаддуни ориёӣ ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ васеъ ба роҳ монда шуд. Бо дастури Роҳбари давлат чоп ва ба аҳолии мамлакат туҳфа кардани 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, баргузории озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», бо якчанд забон чоп шудани китобҳои Роҳбари давлат, ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Наврӯз – шиносномаи миллат», «Ориёиҳо ва шинохтаи тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ», дар таҳкими худшиносии ҳамватанонамону тоҷикони бурунмарзӣ, инчунин, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шудани таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик нақши шоиста адо намуданд.
Ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат эълон шудани Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ иқдоми навбатӣ дар самти тақвияти худшиносиии миллӣ буда, боиси огоҳии бештари сокинони мамлакат аз гузаштаи пурифтихори хеш мегардад. Чунин ташаббусҳо моро водор месозанд, ки сазовори номи неки ниёкони тамаддунофар ва фарҳангпарварамон шуда, кишварамонро бо меҳнати фидокорона машҳури ҷаҳон созем.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»
