МАСЪАЛАҲОИ ИЛМ ВА ТАЪЛИМ ДАР «ЁДДОШТҲО»-И САЙМУМИН ЯТИМОВ
![]()
Дар таърихи тулонии адабиёти тоҷик, дар наср ва назм ҳама жанрҳои адабӣ амал мекарданд ва ин нишони воқеияти тасвир дониста мешуд. Яке аз ин жанрҳои серистеъмол ёддошт ва хотира буд. Хотира маҳдудтар ва ёддошт доираи васеи ҳодисаҳоро фаро мегирифт. Ба хушбахтии мо, адабиёти навини тоҷик ин жанрро ба хубӣ аз худ кард ва васеъ истифода бурд. Намунаи беҳтарини он “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ ва “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода эътироф шуд.
Дар даврони имрӯза – даврони соҳибистиқлолии мо жанри ёддошт авҷу ривоҷи тоза пайдо намуд. Шояд ин яке аз нишонаҳои даврони гузариш бошад, зеро ҳар фарди фаъоли ҷомеа мехоҳад, ки нуктаи назари хоси худро дар ин боб иброз намояд ва дар ривоҷи он ҳиссае гузорад. Ҷолиб аст, ки солҳои охир ба ин жанр ходимони расмии давлатӣ ҳам ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд. Мо дар хулосае ҳастем, ки яке аз онҳо муҳтарам Саймумин Ятимов мебошад. Бисёр сол аст, ки он кас дар матбуоти даврӣ доир ба масоили гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ахлоқӣ ва маданӣ баромадҳои ҷолиб менамояд. Ҷамъбасти ин баромадҳои мутааддид аз чоп баромадани китоби “Ёддоштҳо”-и ӯ дар ду қисм мебошад: С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. Хуҷанд: “Ношир”, 2025. - 672 саҳифа; С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 2. Хуҷанд: “Ношир”, 2025 - 704 саҳифа.
Муаллиф дар “Муқаддима”-и китоби аввал чунин менависад: “Дар атрофи таълифи зиндагинома чанд соли ахир андеша кардам ва ба хулосае омадам: вақти он расидааст, ки ба ҳамватанон дар бораи он чи аз сар гузашт, ибрози назар дошта бошам.
Зиндагӣ бозтоби абадӣ дорад. Идомаёбанда, беохир, аммо бебозгашт аст...
Доштани нуқтаи такягоҳ барои инсон шарт аст. Аммо чунин асос чизе буда метавонад, ки тавони судманди бунёди маънавӣ дошта бошад, нақд ва самтномаи умр ба ҳисоб равад...
Аз лиҳози дигар, чун вақти бардоштҳо ва арзёбиҳои масири пурпечи ҳаёт расид, чизе ки аз сар гузашт, рӯйи он андеша кардам. Падару модар, хоҳару бародар, деҳа, омӯзишгоҳи ҳамагонии меҳнати бачагӣ ва наврасӣ, мактаб, ёру дӯстон, донишгоҳ, аскарӣ, хизмат дар мақомоти давлатӣ. Ҳамин муҳит, ҷараён, воқеот ва сабабҳои пешрафти он, аз ҳама муҳим омилҳои инсонӣ муҳтавои саргузаштро ташкил мекунанд” (қ. 1, с. 3-4).
Боби аввали китоб “Даврони бачагӣ” унвон гирифтааст ва бисёр ҳаяҷономез аст. Дар аввали ин боб муаллиф аз номи модар хотираи аҷибе овардааст: “Модарам мегуфт, ки ту дар як рӯзи гармои тобистони соли 1955 дар деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор баъд аз ду соли муҳоҷир шудани оилаи мо аз деҳаи Қафлондараи ноҳияи Темурмалик, дар хонаи ниҳоят хоксоронаи аз обу гил сохта ва хаспӯш дар дастони кампири Шаҳрия таваллуд шудаӣ.
Модар нақли худро идома дода, бо чашмони пуроб ба хотир меовард: “Чун аломати зиндаву солим будани кӯдаки навзод гиряи ҳамзамонии ӯ бо овози баланд аст ва ту ин аломати интизории модаронро нишон надодӣ, мани бадбахти солҳои дароз дар орзуи фарзанд гумон кардам, ки дар тифли навзоди ман нишонаи ҳаёт нест, фарёд зада гиристам.
Кампири Шаҳрия бо чашмони пурашк маро ором карданӣ шуд. Аммо ногаҳон баъди чанд лаҳзае:
– Худоё! Зебуннисо! Бачаҳакат зинда аст! Дил мезанад! – бо ҳаяҷон эълон кард ӯ.
Намедонам, барои чӣ бошад, ин ҳодисаро модарам гоҳ-гоҳе бо дидаи пурнам нақл мекард” (қ. 1, с. 5).
Баъдтар духтари калони муаллиф - Бунафша мепурсад:
“– Падарҷон, охир ҳамон вақт барои чӣ нагиристӣ? Очаамро хавотир кардӣ?
Бо “баҳонаҷӯӣ” хостам худро андак сафед кунам:
– Бачам, кӯдаки дар шиками очааш бароҳат хоб, орому осуда яке таваллуд шуда, олами серғавғоро мебинад, аз тарс “ваҳ, куҷо омадам!” – гуфта гиря мекунад. Доду фарёд мекашад. Бо ин норизогии худро аз дунёи серташвиш нишон медиҳад. Ман таваллуд шудам. Як ба дунё нигоҳ кардам. Ба худ гуфтам: – Он қадар ҷойи бад набудаст-ку. Албатта, норасоиҳо дорад. Боке нест. Ман онҳоро бартараф мекунам. Барои ҳамин ба КБД ба кор даромадам. Ислоҳи камбудиҳои ҷаҳонро аз бомаш сар кардам. Бом дилпур бошад, он тарафаш саҳл аст. Бесабаб гиря кардан чи лозим буд, бачам, – гуфтам.
Очаам хандид. Аммо духтарчаи содаам ҳайрон-ҳайрон ба ҳар дуи мо нигоҳ мекард” (қ. 1, с. 6).
Ин ёддошт, ки дар назар содадилона ва аҷиб менамояд, дар асл ишораи нозуке ба ҳаёти баъдинаи муаллиф мебошад. Дарвоқеъ, доим аз ин дунёи дун ва мардумкуш мегӯем, вале зебоиро намебинем ва аз носозии андак ба сутуҳ меоем. Дар ҳоле ки вазифаи ҳар фарди ҷомеа бояд лаззат бурдан аз он чизе бошад, ки гузаштагони мо бо арақи бадан ва хуни ҷигар ҳосил кардаанд ва ба мо мерос мондаанд. Ин натиҷаи заҳмат ва раҳмат бояд моро ба ҷаҳду талош сафарбар намояд. Неку бади замона дар пеши чашми мо мегузарад. Хушбахтона, дар таърихи халқи мо шахсиятҳое ба майдон омадаанд, ки зимоми ҳодисаро ба даст гирифтаанд, онро бо суботи мардонагӣ пеш мебаранд ва дар дили мардум ҷойи сазовор доранд.
Ба назари мо меояд, ки муаллифи “Ёддоштҳо” муҳтарам Саймумин Ятимов аз ҷумлаи шахсиятҳои намоёни ҷумҳурӣ мебошад, ки зери роҳбарии меҳрубонона ва хирадмандонаи Сарвари азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар роҳи хизмати софдилона ҳастанд ва аз ҳеҷ душворӣ дар ҳарос намеоянд. Дар китобе, ки мо рӯйи даст дорем, лавҳаҳое баён шудаанд, ки, аз як тараф, мушкилоти даврони гузаришро баён менамоянд ва, аз тарафи дигар, ба ҷавонони мо дар боби ҳушёрӣ ва зиракӣ таъкидҳо дорад. Таълифи чунин китоби фарогир, албатта, яке аз қарзҳои фарзандии ин шахс аст.
Ман, чуноне мегӯянд, “бо тани бемор ва чашмони пурғубор” (ҳозир ман ба 82-солагӣ қадам мондаам) ин китобро пурра мутолаа кардам ва дидам, ки муаллиф дар боби зарурати илм, таълим, муаллим дар ҳаёти имрӯзаамон борҳо андешарониҳои солим пешниҳод кардааст. Муаллиф фарзанди муаллим аст ва модараш ҳам шоиртабиат мебошад. Аз ин аст, ки ӯ ба муаллим назари ниҳоят баланд дорад.
Ин ҳам сазовори ёдоварист, ки ӯ дар бораи муаллимони мактаби миёна ва олӣ, аз ҷумла Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ), ки ба ӯ дарс додаанд, бо эҳтиром очеркҳои хурд-хурде таълиф карда, чунин як ҷамъбасте овардааст:
"Донишгоҳи Кӯлоб солҳои ҳафтодум бо чунин устодон маъруф буд. Яке аз шахсиятҳои муътабари замон муаллим Қаюм Сангов ба шумор мерафт. Ӯ аз фанни методикаи таълими забони модарӣ дарс магуфт. Дар дарсҳо Қаюм Сангов хотиррасон мекард, ки донишҳои инсонӣ хосияти системавӣ-занҷирӣ доранд. Одам наметавонад ҳамадон бошад. Аммо касе, ки фақат химияро медонад, ӯ химияро ҳам намедонад. Барои ҳамин таъкид менамуд, ки мутахассис мебояд илмҳои мансуб ба хешигарии марбут ба касбияташро дар дараҷаи баланд донад".
Муаллиф дар сифати устодаш чунин ҷузъиётеро дохил кардааст:
“Муаллим Сангов ба нутқи хаттӣ ва шифоҳии шогирдон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Таъкид менамуд, ки яке аз шуғлҳои марказии инсон гуфтан ва шунидан аст. Агар шуур нишонаи ягона ва сифоти муайянкунандаи инсон бошад, он, пеш аз ҳама, тавассути нутқ ифода меёбад. Бояд корро тарзе ба роҳ монд, ки сухан на ба тарзи пароканда, бидуни пайдарҳамӣ, балки боандеша, ҳамчун маҳсули воқеии тафаккур ва нишонаи аслии маводи олии табиат-майна бошад. Таъкид месохт, зарур аст, ки омӯзгор нутқи равон, зебо, фаҳмо, равшан ва таъсирбахш дошта, ҳамин сифатҳоро ба шогирдони худ омӯзад ва аз онҳо ин авлавиятҳоро талаб кунад” (қ. 1, с. 387-388). Дар ин китоб сухан дар бораи устод Сангов Қаюм давом мекунад ва ӯ сазовори ин сифот аст. Вале ман ҳам аз худ каме илова менамоям. Ману устод солҳои тулонӣ якҷоя кор кардем: аз парта то пахта. Ва касеро дар хоксорӣ, ҷиддияти кор, китобдӯстӣ мисли ӯ кам дидаам. Бо як маош тарбияи даҳ фарзанд худ гувоҳи қаноатпешагӣ ва одамияти баланди ӯст.
Боре ба Данғара барои суҳбат назди шогирдони ғоибхон рафтем. Корро аз мактаби рақами яки шаҳрак сар кардем. Дар назди дари даромад шогирде баромад ва муаллимро ба хонаашон даъват кард. Ҳарчанд шогирд ҷавон буду ғоибхон, устод дудилагӣ нишон доданд. Ман фаҳмидам, ки зиёфати бегоҳӣ ва фароғати шабонгоҳӣ аз даст меравад. Зарур шуд, ки мудохила кунам. Гуфтам, духтарҷон, мо ба хонаи шумо меравем, вале аввал ту рафта ба падару модарат маслиҳат карда, баъд ба назди мо баргард. Чунин шуд ва кор пухт. Маълум шуд, ки модари духтарак ҳамсоя ва ҳамсоли устод ва падараш солҳои донишҷӯйӣ дар Донишгоҳи Кӯлоб мехондааст ва дар хонаи ҳамсояи муаллим иҷоранишин будааст. Ҷавони доно ва сипоҳ ба Данғара танҳо барнагаштааст ва ҳоло дар қишлоқи пистапарваре раиси ҷомоат будааст, моро хуш пазируфт. Чуноне интизор мерафт, устод дар мактаби рақами як ба номи Максим Горкий ба шогирдон суҳбатҳои тулонӣ кард. Вале ман суҳбати шогирдони ғоибхонро ба тобистон ҳавола карда, ба роҳбарият дар бораи зарурати ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла бо ғоибхонон, “маслиҳатҳо” кардам ва “тавсияҳо” додам. Инчунин, ман дар давоми зиёда аз панҷоҳ соли ҳамкорӣ боре надидаам, ки устод Сангов касеро ғайбат карда бошад ва ё касеро аз худ нодонтар дониста бошад.
Ҳамин тариқ, қиссаи устодӣ ва шогирдӣ, муносибатҳои неки инсонӣ дар “Ёддоштҳо”-и муҳтарам Саймумин Ятимов ҷойгоҳи бисёр муҳим дорад ва ман ба ин масъала диққат додани он касро аз накуӣ ва фаросати баланд медонам. Панди зерини Саъдии бузург ба ёдам меояд:
“Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи заррин-ш бар канор ниҳод.
Ба сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
“Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар”.
Вале дар назар доштанамон сазовор аст, ки муаллифи ин китоби арзишманд ходими намоёни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ аст. Бегумон, ин ҷо муҳокимаҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва маърифатӣ бисёр роҳ ёфтаанд. Ин паҳлуи масъалагузориҳои муаллиф, хусусан барои наврасону ҷавонон, ниҳоят зарур аст.
Чуноне аз мутолааи китоби “Ёддоштҳо” ошкор шуд, муҳтарам Саймумин Ятимов парвардаи мактаби сиёсӣ ва давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва дар муҳокимаи ҳама масъалаҳои сиёсӣ ва вазифавӣ ба дастурҳои Президенти азизи мо амал мекунад. Аз ин аст, ки ман андешаҳои муаллифро дар боби шахсияти Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ намуданро зарур медонам. Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин муаллими мардуми мо мебошанд.
Боби 13-уми қисми дуюми “Ёддоштҳо” чунин унвони муносиб гирифтааст: “Хуршеди мулкпарвару султони додгар”. Ин боб чунин ибтидо меёбад: “Ёддоштҳо”-и ман нокомил мемонанд, агар ҳамчун шаҳрванд, ҳамтақдири ин сарзамин, тақрибан аз нимаи дуюми асри гузашта ва даҳсолаи чоруми даврони сиёсии ҷадид дар бораи муҳимтарин масъалаи ҷомеа – нақши шахс дар ташаккули давлатдории миллӣ изҳори назар намекардам” (қ. 2, с. 647). Муаллиф дар давоми ин андешаҳо меафзояд:
“Насли мо шоҳиди сиёсати амалии Сарвари кишвар дар мушкилтарин даврони давлатдории тоҷикон – охири асри 20 ва нимаи аввали асри 21 аст.
Ман ҳамчун шаҳрванд шоҳиди воқеӣ ва иштирокдори раванди сиёсати амалӣ зери роҳбарии Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам.
Аз ин лиҳоз, барои мо арзишмандии табиат ва нақши шахсияти Роҳбар дар тулуи мушкилнафаси давлатдории миллӣ, шароити ниҳоят сангини гирдоби таърихӣ, даврони тақдирсоз, қонунмандии ҷараёни тараққиёти ҷамъиятии замон чун оина равшан аст” (қ. 2, с. 649).
Дар давоми ин андешаҳои дуруст ва фарогири масъала Саймумин Ятимов ҳамчун шоҳиди ҳол намоён мегардад ва гӯё ӯ аз дасти хонанда гирифта, ӯро ба фаҳмидани моҳияти андеша сафарбар менамояд:
“Ҷойи сипос, хотиррасонӣ ва таъкид аст, ки дар муддати зиёда аз се даҳсолаи ахир, таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълимоти назариявӣ ва таҷрибаи амалӣ дар масъалаи таъсис, рушд, инкишоф ва ҳимояи сохти давлатдории миллӣ коркард ва роҳандозӣ гардид.
Дар рафтор, гуфтор ва зиндагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсон ман шахсияти поктинат, одӣ, хоксор, фурутан, хушсуҳбат, нектабиат, ҳимматбаланд, фарди доно ва роҳбари тавоно, фасеҳгуфтор, марди худогоҳу ватандӯст, эҳёгари анъана ва бузургии ниёкон, таърихофарин, пайвандгари тоҷикон, ангезандаи руҳи миллӣ, муҳофизи Ватан, масъулиятшинос, руҳбахш, пуркору накукору пурсаъйу қарин ба одамони меҳнатӣ ва дардошноро дарёфтам.
Ӯ, воқеан, меҳнатдӯст ва заҳматқарин аст” (қ. 2, с. 657).
Муҳтарам Саймумин Ятимов дар баробари андешаҳои солим, ки номбар шудаанд, ба таври зарурати воқеӣ чунин дархости қабулшавандаро ба миён гузоштааст: “Дар бораи роҳ, усул, маърифат, назокат, муошират ва фарҳанги волои идории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месазад тадқиқоти тахассусмандонаи академии шоистаи илмӣ ба анҷом расад. Ва он ҳамчун мактаби роҳбарии давлатдории миллии намунаи ибрат мавриди истифодаи наслҳо қарор гирад (қ. 2, с. 657).
Ҳамзамон бо ин, мо ҷонибдори он ақида ҳастем, ки зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти фавқулодаи сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик падидаи ғайриинтизор нест. Ӯ ифодакунандаи рушду камол, хираду андешаи таърихии миллати тоҷик дар роҳи истиқлоли давлатӣ, маҳсули асрҳост, ки дар нақши ин абармарди сиёсат таҷассум ёфт. Эҳёгари ормону орзуҳои миллат дар ҳазораи охир гашт.
Таҳлили сифатии фаъолони ба саҳнаи сиёсии солҳои навадуми асри гузашта воридшуда, яке аз фоҷиабортарин давраи таърихии миллати тоҷик, нишонгари он аст, ки бидуни чунин шахсияти бузурге мисли Эмомалӣ Раҳмон расидани миллати пароканда ба сулҳу субот ва таъсиси давлати ягонаи соҳибистиқлол ва ба пайроҳаи рушд роҳнамо сохтани он ғайриимкон буд” (қ. 2, с. 655).
Ин китоби аз ҳар ҷиҳат пурмуҳтаво чунин хулосаи ибратомӯзе дорад:
“Ёддоштҳо навъи ҷамъбасти ҳаёти одамианд. Онҳо натиҷаи амалии назарияи ташаккул ва камолоти инсон, инъикоси замони муайян, ҳамчун тафсири рӯйдод ва сифати зуҳуроти фаъол мебошанд.
Ҷамъбасти ёддоштҳо ба хулоса меорад, ки нақши аслӣ дар ташаккул ва натиҷабарории шахсият дар вобастагӣ ба омилҳои ирсият (генетика) (1), падару модар (2), мундариҷа, самтгирии маънавиёт ва муҳтавои вуҷуди оилавӣ (3), муҳити атроф (4), мактаби миёна (5), олӣ (6), алоқаҳо, муносибатҳо ва миёнҷигариҳо (7), фаъолияти меҳнатӣ (8), тавон ва ҳолати инъикоси ҷанбаҳои давлатдорӣ дар лаҳзаҳои устухонбандии зиндагӣ (9) ва мундариҷаи ҳадафманди инсонмеҳварии олам (10) мебошанд. Зарфияти меҳнат, ҳамчунон омӯзиши илму маърифат, ки ин даҳ омилро ҳамроҳӣ мекунанд, бузургтарин воситаи ташаккули инсон ба ҳисоб мераванд.
Яке аз вазифаҳои аслии хотираҳо иҷрои қарзи арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузург, то ҳадди имкон, ёдоварию рӯйи коғаз овардани натиҷаи заҳматҳои воқеӣ ва омӯзандаи ҳаёту фаъолияти онон мебошад. Аз тарафи дигар, умед аст, ки ҳамин намунаи хулосаҳо ва арзишҳо барои наслҳои имрӯзу оянда судманд оянд” (қ. 2, с. 660).
Ман ҳамчун як хонандаи калонсоли китоб, дар боваре ҳастам, ки ин китоби бо дили пок ва ҷаҳди фарзандӣ эҷодгардида хонандаи худро меёбад. Албатта, меёбад.
Ёралӣ СОДИҚОВ,
дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
