УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ДАР ЁДИ БУЗУРГОНИ ҶАҲОН

14 апрел 2026, Сешанбе
8


Устод Айнӣ намоди ҷовидонии илму фарҳанги мост. Дар Тоҷикистон барои гиромидошти нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон корҳои шоистаи илмиву амалӣ анҷом шудаанд. Ҳоло мебинем, ки номоварони ҷаҳон ба шахсият ва осори ӯ чӣ баҳо додаанд.


«Ёддоштҳо» аз ҷиҳати равшании баён ва образҳои аҷибаш ба қиссаю афсонаҳои Шарқ монанд аст, ки ҳар як ҷумлааш таъсирбахш буда, дар лавҳи хотири кас нақш мебандад.
Андре Жид, нависандаи фаронсавӣ,
барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт


Садриддин Айнӣ дар таърихи халқи тоҷик мақоми барҷаста дорад. Ӯ падари миллат, илҳомбахш ва муаллими он аст.
Иржи Бечка, шарқшиноси чех


Бахтиёрам, ки бо чунин устоди забардаст ҳамаср, ҳампеша ва дӯсти наздик мебошам.
Ғафур Ғулом, нависандаи ӯзбек


«Дохунда» ва «Ғуломон» барин романҳои ӯ на танҳо асарҳои бадеианд, балки ҳар кадоме аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Барои бо Осиёи Марказӣ шинос шудан, китобҳои бисёре мавҷуданд, лекин, бешак, асарҳои Садриддин Айнӣ дар ин росто хидмати калонеро ба ҷо меоранд.
Раҳул Санкритяян, олим, адиб ва тарҷумони ҳинд


Айнӣ танҳо шахсияти таъсиргузори тоҷикҳо нест, ӯ мутааллиқ ба ҳама башарият аст.
Алберт Кучулу, адиб ва рӯзноманигори эронӣ


Имрӯз ман дар назди хонандагон муҳаббату садоқати худро нисбат ба Мухтор Авезов ва Садриддин Айнӣ эътироф мекунам. Онҳо нависандагони беназиранд.
Чингиз Айтматов, Нависандаи мардумии Қирғизистон


Айнӣ барои ман, ки шахсан мешинохтамаш, ҳамеша аз симоҳои барҷастаи замони мо буд ва мемонад.
Алфред Курелла, нависандаи олмонӣ


Монанди ҳама хонандагони шуравӣ ман ҳам китобҳои ӯро, ки аз фикрҳои баланд пур ва аз оташи дили ҷӯшон гарм мебошанд, гаштаю баргашта мехонам.
Самуэл Маршак, шоири рус

Айнӣ на танҳо падар ва устоди адабиёти тоҷик, балки падар ва устоди адабиёти шуравии тамоми Осиёи Марказӣ аст.
Бердӣ Карбобоев, Нависандаи мардумии Туркманистон


Ҳар касе, ки асарҳои шоёни таҳсини классики адабиёти тоҷик – Садриддин Айниро хондааст, ба ҷуз дӯсти халқ ӯро дигар хел номида наметавонад.
Собит Муқанов, нависандаи қазоқ


Айнӣ на танҳо нависандаи шумо, балки нависандаи мо ҳам ҳаст. Китобҳои вай на танҳо намунаи санъати зебо, балки дастурамали ҳаррӯзаи таълимӣ мебошанд.
Юлиус Фучик, адиб ва рӯзноманигори чех


Яке аз ширин китобҳое, ки дар ин авохир хондам ва баъзе аз бахшҳои онро борҳо ва борҳо хондам, хотироти Садриддин Айнӣ аст. Қуввати нависандагии муаллиф ва ҳунари тавсифи ӯ дар навъи худ камназир аст.
Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ,
пажӯҳишгар ва шоири эронӣ


Барои ман Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он симоҳои наҷиби адабиёт мебошад, ки як мактаби бузурги реализми Шарқ ба номи ӯ вобаста аст.
Маҳдӣ Ҳусайн, адиби озарӣ


Халқе, ки ҳазор сол пеш Синои бузургро дода буд, дар асри мо Садриддин Айниро дода, ҳоло аз миллатҳои пешрави шуравист.
Эдмунд Бора, адабиётшиноси лаҳистонӣ


Романи «Бухоро» («Ёддоштҳо») муваффақияти бузурги адабиёти миллии тоҷик ва саҳми гаронбаҳо ба хазинаи умумии фарҳанги шуравӣ мебошад.
Кирил Божиров, нависандаи булғор


Гирдоваранда Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.04.2026 №: 68