ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН БА МАНФИАТИ БАШАР ХОҲАД БУД

21 апрел 2026, Сешанбе
7


Имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон норасоии яке аз арзишмандтарин захираҳои сайёра – оби ошомиданӣ беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад. Тибқи ҳисоботи ташкилоти «Watershed Investigations», имрӯз нисфи шаҳрҳои бузурги дунё норасоии шадиди оби ошомиданиро эҳсос мекунанд. Алҳол 39 шаҳри бузурги ҷаҳон дар минтақаи «сатҳи баланди норасоии об» қарор гирифтааст. 
Мувофиқи иттилои рӯзномаи «The Guardian», зиёда аз 1,1 миллиард нафар сокинони шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Пекин, Деҳли, Ню-Йорк, Лондон, Лос-Анҷелес, дер боз аз норасоии оби нӯшоӣ азият мекашанд. Илова бар ин, Бонки ҷаҳонӣ бонги изтироб мезанад, ки ҳар сол сайёра 324 миллиард метри мукааб оби тозаро дар натиҷаи ифлосшавӣ аз даст медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 1999 саъю талошро барои ҳифзи захираҳои оби тоза ва пиряхҳо оғоз намуда буданд. Дар ин муддат бо пешниҳоди Роҳбари давлатамон аз ҷониби СММ ташаббусҳои зиёди глобалӣ дар соҳаи об қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҳамин қабиланд.
Инчунин, 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Дар асоси ин қатънома 21-уми март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, пешниҳоди дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ ёфт.
Дар заминаи ташаббусҳои Пешвои миллат Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим гардидааст. Чунончи, тайи чанд соли охир дар мамлакат конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об, ҳифзи пиряхҳо, марафони глобалӣ, форуму фестивали об, семинару намоишгоҳҳо доир гардиданд, ки ҳадаф аз баргузории онҳо беҳтар намудани таъминоти аҳолии сайёра бо оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва солимии муҳити зист мебошад.
Аз рӯйи маълумоти СММ ҳоло зиндагии зиёда аз 2 миллиард нафар сокини сайёра аз обшавии пиряху барфҳо вобаста буда, ин манбаъ онҳоро бо оби нӯшоӣ, полизӣ (обёрӣ) ва энергия таъмин мекунад. Тибқи пешгӯйии коршиносон, то соли 2050 қариб 30 дарсади масоҳати пиряхҳои ҷаҳон бебозгашт об хоҳад шуд. Қариб 70 дарсади оби тозаи сайёра маҳз дар пиряхҳо маҳфузанд.
Пиряхҳоро метавон аккумулятори об номид, ки аз охирҳои тирамоҳ то аввалҳои баҳор аз ҳисоби бориши барф обро захира карда, баҳору тобистон ба дарёҳо ҷорӣ мешаванд. Дар ҳолати босуръат об шудани пиряхҳо дарёҳо дар фасли баҳор ва аввали тобистон якбора сероб мешаванду баъдтар камшавии об ба мушоҳида мерасад. Чунончи, тобистону тирамоҳи соли 2025 дар тамоми дарёҳои кишварамон ҳаҷми об кам гардид.
Тибқи иттилои Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо, аз соли 1975 то соли 2025 дар ҷаҳон қариб 9 триллион тонна пирях бебозгашт об шудааст. Ба гуфтаи сарвари ин ниҳод профессор Михаел Земп, агар ҳаҷми пиряхҳои талафёфтаро ҳисоб кунем, он ба пиряхи андозааш ба масоҳати Олмон ва баландиаш 25 метр баробар хоҳад шуд.
Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, аз соли 2000 то 2023 аз сабаби обшавии босуръати пиряхҳо сатҳи баҳрҳо дар ҷаҳон 18 миллиметр баланд шудааст. Шояд, ин рақам дар назари хонандагон ночиз намояд, вале ҳар як миллиметр баландшавии сатҳи баҳр солона боиси аз обхезӣ зарар дидани 200-300 ҳазор нафар мегардад.
Яке аз сабабҳои асосии обшавии босуръати пиряхҳо гармшавии глобалӣ мебошад. Тибқи иттилои СММ, қариб 41 дарсади обшавии пиряхҳо аз соли 1976 то ин дам бо давраи солҳои 2015 – 2024 рост меояд. Яъне, қариб нисфи ҳаҷми обшавии пиряхҳо дар давоми 50 соли мушоҳида ба даҳсолаи охир рост меояд. Дар навбати худ, гармшавии ҳаво ба зиёдшавии ҳаҷми газҳои гулхонаӣ (парникӣ), ки дар натиҷаи зиёдшавии партовҳои саноатӣ, нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда, буридани ҷангалҳо, фаъолияти неругоҳҳои ҳароратӣ ҳосил мешаванд, вобастагӣ дорад.
Пешвои миллат 30-юми майи соли 2025 ҳангоми суханронӣ дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, оид ба ифтитоҳи Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ чунин пешниҳод карданд: «Қобили зикр аст, ки омӯзиши намунаи ях аз пиряхи Ванҷях (машҳур ба номи Федченко), дар ҷаҳон яке аз пиряхҳои калонтарини воқеъ дар хушкӣ, бо дарозии 77 километр ва ғафсии то як километр, метавонад барои инсоният таърихи ҳазорсолаҳои иқлимро ошкор намояд.
Бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, пешниҳод менамоем, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад».
Яке аз чораҳои кам кардани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ гузаштан ба «иқтисоди сабз» ва кабудизоркунӣ мебошад. Бо мақсади ба «кишвари сабз» табдил додани мамлакат бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардидааст.
Тибқи нақшаи амал, бояд то соли 2040 дар мамлакат зиёда аз 2 миллиард бех ниҳол шинонда шавад. Ниҳолҳо на танҳо дар ҳудуди ҷангалзор, балки дар шаҳрҳо, канори роҳҳо, атрофи заминҳои кишоварзӣ, минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ низ шинонда мешаванд. Бештар ба дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишии ба иқлими хушки минтақа тобовар афзалият дода хоҳад шуд.
Дарахтон фурӯбарандаи асосии гази карбонат ба шумор мераванд. Як гектар дархтзор қодир аст, ки 18 нафарро давоми сол бо оксиген таъмин намояд. Дарахтон чангу ғубор, бӯйҳои нохуш ва газҳои зарарнок, ба монанди оксиди нитроген, озон, гази карбонат ва аммиакро ба худ мекашанд. Дарахтон воситаи беҳтарини пешгирии шусташавии қабати ҳосилхези хок ба шумор мераванд. Ба шарофати сояи дарахтон гиёҳу буттаҳо дергоҳ аз намии замин самаранок истифода бурда, сарсабз мемонанд.
Амалишавии ин гуна чораю тадбирҳо ва барномаҳои марбут ба масоили обу иқлим имкон медиҳад, ки обшавии босуръати пиряхҳо пешгирӣ гардида, истифодаи босамару оқилонаи об ба роҳ монда шавад.


Сайфиддин СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 21.04.2026 №: 73-74