ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ЗИДДИ ИСЛОМ НЕСТ Ё ТАСАВВУРЕ, КИ БОЯД ШИКАСТА ШАВАД

САҲМИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ДАР РУШДИ ИСЛОМ: ДУР АЗ ЭҲСОС, НАЗДИК БА ТАЪРИХ
Онҳо чунин мепиндоранд, ки дар шароите, ки тақрибан 98 фоизи аҳолии Тоҷикистон пайрави дини ислом мебошанд, таваҷҷуҳ ба эҳёи тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои динӣ дар тазод аст.
Оё воқеият ҳамин аст? Албатта, не.
Чунин бардошт, пеш аз ҳама, натиҷаи омехтани ду мафҳуми моҳиятан гуногун – ҳувияти таърихию фарҳангӣ ва эътиқоди динӣ – мебошад. Дар ҳоле ки ин ду арзиш на танҳо ҳамдигарро инкор намекунанд, балки метавонанд ба таври ҳамзамон ва мутақобил якдигарро ғанӣ гардонанд. Гузашта аз ин, чунин назар аз ноогоҳӣ нисбат ба воқеияти таърихӣ низ шаҳодат медиҳад, зеро дар ташаккул ва густариши ислом ҳамчун тамаддун, махсусан дар соҳаҳои илму фарҳанг ва тафаккури динӣ, саҳми мардуми ориёнажод – аҷдоди мо, назаррас ва инкорнопазир аст.
Аз ин рӯ, ҳадаф аз навиштани ин сатрҳо равшан сохтани ҳамин ҳақиқати таърихӣ ва рафъи чунин нофаҳмиҳост.
ИСЛОМ ОМАД, АММО ТАМАДДУН НОБУД НАШУД
Ислом ҳамчун дин дар асри VII милодӣ дар нимҷазираи Арабистон зуҳур карда, баъдан, ба сарзаминҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон ва минтақаи ҳозираи Осиёи Марказӣ, паҳн гардид. Яке аз масъалаҳои муҳим дар ин раванд мутобиқшавии ислом ба бофтори нави фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ буд. Арабҳо ҳангоми фатҳи сарзаминҳои Сосониён ва баъдан Бохтар, Хоразм ва Суғд, бо тамаддуне рӯ ба рӯ шуданд, ки дорои анъанаҳои қадима ва сатҳи баланди рушди моддӣ ва маънавӣ буд.
Гарчанде арабҳо тавонистанд ин сарзаминҳоро тасхир намоянд, аммо ин ҳаргиз маънои аз байн рафтани тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ ва араб шудани порсҳоро надошт. Баръакс, ҳамин тамаддуни бостонӣ ба яке аз пояҳои муҳими ташаккул ва рушди тамаддуни исломӣ табдил ёфта, исломро ҳамчун тамаддуни барҷастаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Маҳз дар ин замина илми калом, фалсафа, тасаввуф, улуми дақиқ, идоракунии давлатӣ ва фарҳанги шаҳрсозӣ дар ҳудуди маъмурияти хилофати араб рушд ёфтанд.
КӢ ТАМАДДУНИ ИСЛОМИРО СОХТ?
Дар миёни аввалин шахсиятҳое, ки дар рушди ислом нақши мондагор бозид ва пайванди тамаддуни порсӣ ва исломро таҷассум мекунад, номи Салмони Форсӣ ҷойгоҳи вижа дорад.
Салмони Форсӣ (Салмон ал-Форсӣ, тахм. 568 – 657) нахустин порсе буд, ки исломро огоҳона пазируфта, роҳи дарози ҷустуҷӯи ҳақиқатро тай карда, ба яке аз наздиктарин ёрони Паёмбар (с) табдил ёфт.
Дар аҳодис омадааст, ки Паёмбар Муҳаммад (с) роҷеъ ба мартабаи Салмони Форсӣ чунин фармудааст: «Салмон аз мост, аз аҳли байт аст» ва «Агар имон дар Сурайё бошад, марде аз порс ба он мерасад».
Салмон бо фарҳангу фурӯтанӣ, арзишҳои ориёӣ ва хираду андешаронии порсӣ, на танҳо як саҳоба, балки пули таърихӣ миёни ҷаҳони порсӣ ва ислом гардид.
Дар баробари ин, донишмандони порсу тоҷик низ аз аввалинҳо буданд, ки дар таҳким ва тавсеаи улуми исломӣ саҳм гузошта, ақоиди исломиро аз диди шариат тақвият бахшиданд. Аз ҷумла, Имом Абуҳанифа (699 – 767), асосгузори мазҳаби ҳанафӣ ва Муҳаммад ал-Бухорӣ (810 – 870), ки дар ҷамъоварӣ ва тадвини аҳодиси Паёмбар (с) шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. «Саҳеҳи Бухорӣ» то имрӯз яке аз муътамадтарин манобеи ҳадис ба шумор меравад.
МУДИРИЯТ ВА ҲОКИМИЯТ
То омадани арабҳо мардуми ориёнажод таҷрибаи ғанӣ ва тулонии давлатдорӣ ва идоракунии сиёсиро доро буданд. Ин таҷриба ба таври назаррас ба сохтори давлатдории исломӣ, махсусан дар аҳди Аббосиён (750 – 1258), таъсир расонд.
Ҳокимони мусалмон бо як низоми пешрафтаи идоракунӣ рӯ ба рӯ шуда, онро бо тағйироти муайян қабул намуданд. Дар пешбурди ислоҳот, пеш аз ҳама, маъмурони бумӣ (порсҳо – тоҷикон)-ро ҷалб мекарданд. Хилофати арабӣ аз замони Аббосиён (750 – 1258), пеш аз ҳама, се ҷанбаи муҳими идоракунии давлатӣ: 1) низоми боҷу хироҷ (андоз); 2) сохтор ва тартиби кори дарбор; 3) малакаи мудириятро – аз порсҳо қабул кард.
Порсҳо дорои сохтор ва низоми ташаккулёфтаву самараноки андозбандӣ буданд, ки буҷети давлатро таъмин мекард. Тибқи низоми боҷу хироҷи Сосониён, андоз аз замин (бар асоси ҳосилнокӣ) ва андози сарикасӣ (сарона) ғундошта мешуд. Аз ҷониби ҳокимияти араб низоми андозбандии Сосониён бо каме тағйирот, аз ҷумла хироҷ (андози замин) ва ҷизя (андози сарона), ба таври васеъ истифода гардид. Ин низом ба устувории иқтисодии хилофат мусоидат намуд.
Дар ин замина, метавон аз Низомулмулк (1018– 1099), сарвазири машҳури давраи Салҷуқиён, ёдовар шуд, ки асари ӯ «Сиёсатнома» ҳамчун дастури идоракунии давлат эътироф шудааст.
ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ПОРСӢ-ТОҶИКӢ: СИЛОҲИ НАРМИ ТАМАДДУН
Забони порсӣ-тоҷикӣ, дар баробари забони арабӣ, ба яке аз забонҳои муҳими фарҳангӣ ва адабӣ дар ҷаҳони ислом табдил ёфт. Агар арабӣ забони дин ва Қуръон бошад, порсӣ-тоҷикӣ забони андеша, адабиёт ва фарҳанг гардид.
Шоирону мутафаккирони бузурги порсу тоҷик, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём ва Ҷалолиддини Балхӣ, ҷаҳони маънавии тамаддуни исломиро ғанӣ гардонданд. Осори онҳо то имрӯз аҳамияти худро гум накарда, як ҷузъи ҷудонашавандаи мероси ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд. Забони порсӣ-тоҷикӣ аз Шарқи Наздик то Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ҳамчун забони давлатӣ, адабӣ ва илмӣ ташаккул ёфт.
ФАЛСАФА, ИЛМ ВА МАЪНАВИЯТ
Файласуфон ва донишмандони порсу тоҷик дар ташаккули афкори илмӣ ва фалсафии ҷаҳони ислом нақши калидӣ бозиданд. Абуалӣ ибни Сино (980 – 1037) ва Абунасри Форобӣ (870 – 950) аз ҷумлаи чунин нобиғаҳои саргаҳи ташаккули фалсафаи исломӣ мебошанд, ки тавонистанд анъанаҳои фалсафии юнонӣ ва суннати зеҳнии порсиро бо тафаккури исломӣ пайванд диҳанд.
Осори Ибни Сино, бахусус дар соҳаи тиб, қарнҳо (то охири қарни XX) дар донишгоҳҳои бонуфузтарини Аврупо – Кембриҷ ва Оксфорд – ҳамчун манбаи асосии таълим истифода мешуданд.
ТАСАВВУФИ ПОРСУ ТОҶИК – РУҲИ ИСЛОМ
Ҳамзамон, фарҳанги порсӣ-тоҷикӣ дар рушди тасаввуф – ҷараёни маънавии ислом – низ саҳми бузург гузошт. Ва он маҳз дар муҳити форсӣ ба камол расид. Бисёре аз орифони маъруф, аз қабили Баҳовиддини Нақшбанд, Боязиди Бастомӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Аттор, Мавлоно ва Ҷомӣ роҳнамоёни маънавии ислом мебошанд.
«ЧОРБОҒИ ПОРСӢ» – РАМЗИ ФАЛСАФИИ «БИҲИШТ ДАР РӮЙИ ЗАМИН»
Дар санъат ва меъморӣ низ зебошиносии порсӣ-тоҷикӣ, ки дар нақшу нигори мураккаб, боғҳо ва биноҳои бошукӯҳ таҷассум меёбад, ба яке аз унсурҳои асосии фарҳанги исломӣ табдил ёфт. Ба фарзи мисол, «чорбоғи порсӣ», на танҳо тарҳи ландшафтӣ, балки як модели фарҳангӣ ва фалсафии «биҳишт дар рӯйи Замин» буда, рамзи чор унсур (об, хок, бод, оташ) ё чор дарёи биҳишт ҳисобида мешавад, ки дар давраи Ҳахоманишиён ва Сосониён ташаккул ёфта, баъдан, дар саросари ҷаҳони ислом паҳн шуд ва то имрӯз дар боғсозӣ ва шаҳрсозӣ таъсиргузор боқӣ мондааст.
Дар маҷмуъ, тамаддуни ориёӣ дар шаклгирӣ ва рушди тамаддуни исломӣ нақши назаррас бозидааст. Аз идоракунии давлатӣ то адабиёт, аз илм то маънавият – саҳми порсҳову тоҷикон дар ҳамаи ин ҷанбаҳо ба таври возеҳ эҳсос мешавад.
Дар идоракунӣ ва ҳукуматдорӣ, мероси низоми мукаммали бюрократияи порсӣ-тоҷикӣ ба ташаккули давлатҳои муназзам ва пойдори исломӣ мусоидат кард. Қабули забони порсӣ-тоҷикӣ ҳамчун забони муҳими фарҳангӣ ва адабӣ ганҷинаи фикрии ҷаҳони исломро ғанӣ гардонд ва осори пойдори шеър, наср ва таърихнигориро ба вуҷуд овард. Олимон ва мутафаккирони порс низ дар рушди фалсафа ва илм саҳми назаррас гузошта, донишҳои пешинаро ҳифз карда, онҳоро бо ғояҳои нав дар соҳаҳои тиб, астрономия ва метафизика ғанӣ сохтанд.
ТАСАВВУРЕ, КИ БОЯД ШИКАСТА ШАВАД: ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ЗИДДИ ИСЛОМ НЕСТ
Дар ниҳоят, анъанаҳои порсӣ-тоҷикӣ на танҳо ба тамаддуни исломӣ ҳамроҳ шуданд, балки онро ғанӣ, фарох ва гуногунранг гардонда, ба як тамаддуни барҷастаи ҷаҳонӣ табдил доданд.
Аз ин рӯ, онҳое, ки эҳёи мероси тамаддуни ориёиро бо арзишҳои динӣ дар муқобил мегузоранд, бояд ба ин воқеият бо назари бозтар ва бар асоси дониш нигаранд. Дарки дурусти таърих нишон медиҳад, ки ҳувияти миллӣ ва эътиқоди динӣ на рақиб, балки такягоҳҳои якдигар буда, метавонанд дар ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сӯйи рушди устувор раҳнамоӣ намоянд.
Дар робита ба ҳалли ин масъала, пешниҳод мегардад, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсил барномаҳои мукаммали таълимӣ оид ба нақши тамаддуни ориёӣ дар рушди тамаддуни ислом таҳия ва ба барномаҳои фанҳои таърих, адабиёт ва дин ворид шаванд. Ин иқдом метавонад ба ташаккули ҷаҳонбинии амиқ доир ба нақши мондагори тамаддуни ориёӣ дар ҷаҳони ислом мусоидат намояд.
Ҳамчунин, ин раванд метавонад як унсури муҳим дар татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва муаррифии мероси тамаддуни ориёӣ нақши муассир бозад.
Дар ниҳоят, ин мақоларо бо сухани олими машҳури амрикоӣ, профессори фахрии Донишгоҳи Ҳарвард Ричард Фрай, ки тамоми зиндагии худро ба омӯзиш, пажӯҳиш ва тадриси забон, таърих ва фарҳанги порсу тоҷик бахшидааст, хотима мебахшем: «Асли ислом арабӣ буд, аммо рушди он порсӣ».
Моҳира САНГМАМАДЗОДА,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 24.04.2026 №: 76
