УБАЙДУЛЛО РАҶАБ. ПОСИ ХОТИРИ ҲУНАРПЕШАИ НОТАКРОРИ ТОҶИК
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷаб маҳфили поси хотир баргузор гардид. Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини якуми вазири фарҳанг Обид Назариён, ҳунарпешагони номвари кишвар ва аҳли илму адаб иштирок доштанд.
“ОИНА”-ДОРИ МАЗҲАКАИ ВОҚЕӢ
Убайдулло Раҷаб бештар аз шаст сол дар театру синамо нақш офариду ҳаҷви тоҷикро поя гузошт. Дар ин муддат беш аз 20 сол роҳбари театри таъсисдодаи худ – “Оина” буд.
Дилбар Одилзода пас аз расондани табрикоти раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз сифатҳои неки инсониву эҷодии Убайдулло Раҷаб гуфт. Аз ҷумла, афзуд: «Зани оҳанин», «Садо аз тобут», «Найрангҳои Майсара», «Эҷодкор», «Зангирии Чаққабой» ва садҳо нақшҳои хурду бузурги офаридаи Убайдулло Раҷаб чеҳраи ӯро мондагор кард. Қариб дар ҳама намоиш ва спектаклҳое, ки хусусияти мазҳакавӣ доштанд, Убайдулло Раҷабов нақши калидӣ бозид. Соҳибмактаб буд. Бидуни “Оина” ҳам дар театр ва синамои тоҷик ҷойгоҳи шоиста дошт ва мактаби ҳунарии ӯ омӯзиш ва парвариши бештар мехоҳад”.
Обид Назариён низ ҳамчун ҳампеша ва дӯсти дерини мавсуф дар мавриди нубуғи устод чунин гуфт: “Истеъдоди нодиру нотакрор ба Убайдулло Раҷаб имкон дод, ки яке аз маҳбубтарин ҳаҷвнигорон гардад ва бо нақшҳои дилангез хотири тамошобинро шод гардонад. Ҳаҷвнигор, зарофатгӯю ширинбаён, ҳунарнамову коргардонеро мисли ӯ то ҳол ёд надорем. Намоишҳояшро мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад”.
“ҶУМҲУРИЯТ” – МИНБАРИ РОЗУ НИЁЗИ УБАЙДУЛЛО
Дар маҳфил барои гиромидошти ин ҳунарпешаи нотакрор вижаномаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” – “Офтоби беғуруб”, ҳамчун барги сабз рӯнамоӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар солҳои охири умраш устод Убайдулло Раҷаб бо рӯзномаи мазкур ҳамкориҳои судманд дошт ва онро ҳамчун минбари расондани розу ниёз ва масъалагузориҳои ҷиддӣ мешинохт. “Офтоби беғуруб” даст ба дасти тамошогарон мегашт ва дар саҳнаи ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо” низ истифода шуд.
Шоҳи ҳаҷви тоҷик, устод Убайдулло Раҷабов шояд охирин мақолаи хешро маҳз дар ин рӯзнома чоп карда буд, ки «Касбият аз байн рафтааст» ном дошт («Ҷумҳурият», 9. 02. 2021, № 2). Мусоҳибаи калонҳаҷми ӯ бо ҳамкори мо Абдулқодири Раҳим дар рӯзнома ва суҳбати қариб сесоатааш дар ютубканали ҳамноми ҷарида сабт аст.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ҷашни 75-солагии Убайдулло Раҷаб вижаномаи дигареро бо номи “Оина” муаррифӣ карда буд.
“СУХАНҲОИ Ӯ АЗ МАРДУМ БУД ВА БА МАРДУМ БАРМЕГАШТ”
Ҳар кӣ аз шогирдону ҳампешагони Убайдулло Раҷаб рӯйи саҳна меомад, аз мактаби эҷодии вай саҳнае, порае ё диалоги машҳуреро аз нав иҷро намуда, сабаби кафкӯбиву таҳсини ҳозирон мешуд. Таъбирҳое мисли “Тоқат кардан мумкин аст”, “Ака нагӯ”, “Метата, наметата” ва гуфтугузори ҳаҷвияҳои нотакрораш вирди забонҳо аст.
Бештари коршиносони соҳа бар онанд, ки Убайдулло Раҷаб аз адабиёти классикӣ, эҷодиёти шифоҳии мардум ва аз адабиёти ҷаҳон огоҳии хуб дошт ва хондани китобу омӯзиши пайвастаро асли кори ҳунарпеша медонист. Бавижа, аз мардум меомӯхт, шодиву нишот ва моҷароҳои ҳамарӯзаи халқро мушоҳида намуда, аз халқ ҳаҷву мутоибаҳоро меёфт ва дар перояи ҳунар аз нав ба мардум бозмегардонд. Ин буд, ки пиру барно механдиданд, зеро худашонро дар оинаи офариниши Убайдулло медиданд. Худи устод дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ин ҳарфҳоро навишта, рафт: «Ҳаҷвнигор ҳақ надорад, ки аз олами адабиёт дар канор бошад. Ӯ бояд аз миёни даҳҳову садҳо навишта, гуфта, лаҳзаҳо барои мардум, аҳли ҷомеа якеро интихоб карда битавонад ва ба онҳо дуруст, бамавқеъ рангуоби бадеӣ бахшад».
Суханҳои намакини ӯ, лаҳни ширину гуворои ӯ, бо чеҳраи ҳамеша ба ханда моилу фарохаш дар ёдҳои мардум то ҳанӯз боқӣ аст. Ҳамин аст, асолати ҳунар ва рози ҷовидонагии Убайдулло Раҷаб.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
