НОМАИ СУЛҲУ МУҲАББАТРО ДАБИРӢ, ПЕШВО!

29 апрел 2026, Чоршанбе
4

НОМАИ СУЛҲУ

МУҲАББАТРО ДАБИРӢ,

ПЕШВО!

Рӯзи дидор аст, дидори мунири Пешво,

Офтобӣ дидаам роҳи ҳарири Пешво.

Ин қадар оинаҳо хушбахт аз дидори шамс

Сад чаман оина гулзори замири Пешво.

Миллати тоҷик садҳо сол дар ёде набуд,

Кард машҳури ҷаҳон номи шаҳири Пешво.

Ӯ наҷоти миллат оре, қаҳрамони миллат аст,

Безаволӣ бод бахти беназири Пешво.

Бо дуои модари ғамхор бо арзи адаб,

Кибриёӣ, шуҳрати олампазири Пешво.

Рӯзи ид омад чу тафсир аст бар иди ҳама,

Офтоб аз бахти ин миллат сафири Пешво.

Хатми ғам хоҳам намуду хатми андӯҳи гарон,

Шукри дидори азизу беназири Пешво

Баски бо рафтору гуфтораш ҳама зебоӣ аст,

Қалби халқи оламе дидам асири Пешво.

Офтобимартабат, яктои олисалтанат

Номаи сулҳу муҳаббатро дабирӣ, Пешво.

Тифл дар гаҳвора мехобад ҳама осуда аст,

Пеши роҳи ҷангро мардона гирӣ, Пешво.

Ҳар ятимеро падар, бар ҳар ҷавоне сарпараст,

Баъди Эзад тоҷиконро дастгирӣ, Пешво.

Халқро "Шоҳнома"-хон кардӣ, ба ирфони худат,

То нависӣ бахти миллат, хома гирӣ, Пешво.

Бо паёми хоҳарона, бо дуои модарон,

Нашр кардам ашки шодӣ, беназирӣ, Пешво!

Адибаи ХУҶАНДӢ,

шоир, барандаи Ҷоизаи адабии

ба номи Камоли Хуҷандӣ