КӮЛОБ ВАЗЪ ТАҲТИ НАЗОРАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҚАРОР ДОРАД

04 май 2026, Душанбе
27

Шаби 1-ум ба 2-юми май дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан дар шаҳри Кӯлоб, боришоти зиёди борон ва омадани сел рух дод, ки дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар дар беморхона бистарӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои шахсони фавтида изҳори ҳамдардӣ карда, ба Сарвазири мамлакат, раиси вилояти Хатлон ва Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дастур доданд, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои расондани кумак ба оилаҳои зарардида ва ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Тибқи супориши Сарвари давлат, худи ҳамон шаб раиси вилоят ба маҳаллаҳо ва мавзеъҳои зарардида рафта, аз вазъи воқеии минтақаҳои осебдида аз наздик шинос шуд. Дар ҷараёни боздид ба мақомоти марбута дастур дода шуд, ки ҷиҳати ташкили гурӯҳҳои корӣ, таъмини аҳолии осебдида бо маводи ғизоӣ, расондани ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, кӯчондани сокинон ба ҷойҳои бехавф ва ба роҳ мондани навбатдории шабонарӯзӣ дар мавзеъҳои хавфнок чораҳои саривақтӣ андешида шаванд.

Бо назардошти вазъи баамаломада, соати 3:00-и шаби 2-юми май ҷаласаи фаврии ситоди вилоятӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон ва қисме аз инфрасохтори шаҳр зарар расидааст. Раиси вилоят дастур дод, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар карда шаванд. Ҳамчунин, ба масъулон супориш дода шуд, ки корҳои наҷотдиҳӣ, барқарорсозӣ ва расондани кумак ба аҳолии зарардида дар муҳлатҳои кӯтоҳ анҷом дода шавад.

Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда, аз рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кумак ба аҳолии зарардида дидан кард.

Ҳамдардӣ ва тасаллияти Сарвари давлат ба наздикони фавтидагон ва оилаҳои зарардида расонда шуд.

Сарвазири мамлакат ба Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дигар сохторҳои марбута дастур дод, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин корҳои бартарафсозии оқибатҳои офат, тозакунии маҳаллаҳо ва барқарорсозии инфрасохтори зарардидаро таъмин намоянд.

Таъкид гардид, ки техника ва имконоти зарурӣ пурра сафарбар шуда, барқарорсозии роҳҳо, ҳаракати нақлиёт ва шароити муътадили зиндагии аҳолӣ бояд фавран ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, ба масъулон супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, аҳолии осебдидаро бо маводи ниёзи аввал таъмин намоянд, ёрии тиббӣ расонанд ва дар минтақаҳои хавфнок чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла кӯчондани сокинон ба ҷойҳои бехавф ва ташкили навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монанд.

Сарвазири мамлакат зимни мулоқот бо сокинон изҳор дошт, ки аз лаҳзаҳои аввал вазъ таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллат қарор дошта, барои бартарафсозии оқибатҳои офат ва дастгирии аҳолӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Сипас, дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки тамоми сохторҳои дахлдор бояд корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табииро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Қайд гардид, ки Комиссияи ҷумҳуриявӣ аллакай фаъолияти худро оғоз намуда, барои муайян намудани ҳаҷми пурраи хисорот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтори зарардида чораҳои мушаххас амалӣ карда истодааст.

Ба иттилои масъулон, бар асари офати табиӣ тахминан 850 оила зарар дидааст. Дар ин замина, таъмини оилаҳои зарардида бо маводи аввалияи хӯрока ва ниёзи рӯзмарра яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки дар наздиктарин фурсат кумакҳои яквақтаинаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои осебдида расонда мешавад, зеро вазъ таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ тамоми имконияту захираҳои мавҷуда сафарбар гардидаанд. Таъкид гардид, ки корҳои тозакунии маҳалҳои осебдида, барқарорсозии инфрасохтори зарардида ва расондани кумакҳои аввалия ба аҳолӣ босуръат идома доранд.

Дар ҷараёни муҳокима аз таҷрибаи бартарафсозии офатҳои табиии солҳои гузашта ёдовар шуда, саҳми маблағгузорӣ ва кумакҳои Пешвои миллат дар барқарорсозии минтақаҳои осебдида махсус таъкид гардид. Сарвазири мамлакат, ҳамзамон дастур дод, ки дар минтақаҳои хавфнок корҳои мустаҳкамсозӣ ва пешгирӣ пурзӯр гардида, лоиҳаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва деворбандӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат таҳия ва пешниҳод карда шаванд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода аз номи тамоми мардуми Кӯлобшаҳр ба Пешвои миллат барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ миннатдорӣ баён кард.

Таъкид гардид, ки назорати доимии минтақаҳои хавфнок бояд дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардида, аҳолии осебдида бо маводи сӯзишворӣ, оби нӯшокӣ ва неруи барқ сари вақт таъмин карда шаванд.

Ҳамзамон, зимни ҷаласа ба масъалаи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки корҳои ободонию бунёдкорӣ бояд боз ҳам тақвият дода шуда, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшида шавад. Зикр шуд, ки айни замон бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра корхонаҳои нави истеҳсолии дар ҳоли сохтмон қарордошта, ба рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамаи масъалаҳои марбут ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва рушди минбаъдаи тамоми бахшу соҳаҳо дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ мавриди баррасии муфассал қарор гирифта, барои иҷрои онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.


“Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 4.05.2026 №: 84