ҒАЛАБА. ТОҶИКИСТОН ДАР АҚИБГОҲ ҲАМ НАҚШИ МОНДАГОР ДОШТ

12 май 2026, Сешанбе
3


Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми Тоҷикистон дар таъмини ғалаба фақат дар майдони ҷанг маҳдуд набуд, балки тоҷикон дар ақибгоҳ низ бо заҳмати софдилона барномаҳоеро амалӣ карданд, ки дар шикасти душмани ғосиб нақши мондагор доранд.


Аз ҷумла, сокинони Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ барои сохтани колоннаҳои танкии «Колхозчии Тоҷикистон» ва эскадриляҳои ҳавопаймоӣ миллионҳо рубл ҷамъоварӣ карданд; кишвари мо таъминкунандаи асосии пахта ва абрешим барои либосҳои низомӣ ва парашютҳо буда, дар баробари ин, барои аслиҳа низ ашёи хоми стратегӣ медод; дар ҳудуди мамлакат госпиталҳое фаъолият мекарданд, ки ҳазорҳо сарбози захмии Артиши шуравиро табобату дубора ба по рост мекарданд; Тоҷикистон дар солҳои ҷанг яке аз марказҳои асосии қабули кӯдакони ятиммонда буд ва оилаҳои тоҷик бо вуҷуди камбизоатӣ кӯдакони ятимро ба фарзандӣ қабул карда, тикаи нони худро бо онҳо тақсим мекарданд; аз минтақаҳои ҷангзада, бахусус Ленингради муҳосирашуда, зиёда аз 100 ҳазор нафар ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд; ҳатто бонувони тоҷик ҷавоҳироти тиллову нуқраи худро ба фонди мудофиа месупурданд, ки ин ҳадия танҳо соли аввали ҷанг 1 кг тиллову 18 кг нуқраро ташкил дод.


Фароҳамсоз Ф. РАҲМОНИЁН

Санаи нашр: 08.05.2026 №: 89