ШОҲНОМАИ ФАЛСАФИВУ АХЛОҚӢ
Шашмақом ганҷинаи бебаҳоест, ки дар заминаи Дувоздаҳмақоми бостонӣ ва оҳангҳои мардумии ориёнажод дар асрҳои миёна ба вуҷуд омадааст. Он дурдонаи беназирест, ки аз қаъри асрҳои куҳан то ба рӯзгори мо расида, дар худ дастовардҳои беҳтарин хиради шеъру мусиқии халқро таҷассум менамояд. Аз ин рӯ, месазад, ки онро қомуси халқ номем.
Дар ин хусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: “Шашмақом – достони муҳташами савту калом аст, ки дар навоҳои он беҳтарин ва олитарин орзуву пиндорҳои неки аҷдодони мо таҷассум гардидаанд. Дар мусиқии Шашмақом намунаҳои маърифатангези назми оламшумули тоҷикӣ бо лаҳни форам ба парвоз омада, руҳи мардуми маърифатпарвари моро болида месохтаанд”.
Маҳз дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ин шоҳасари тоҷикон аз нав мақом ёфта, бо лаҳни ҷадид ба дилҳо макон гирифт.
Имрӯз боиси хушнудист, ки таваҷҷуҳи насли ҷавон низ ба ин ганҷинаи мусиқии ниёконамон зиёд аст. Чунончи, дар чанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Овози тиллоӣ”, “Парвин” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” сарояндагони ҷавон дар жанри шашмақомхонӣ низ ширкат варзиданд. Ҳунармандони тоҷик дар бонуфузтарин саҳнаҳои ҷаҳон санъати мардумиамонро муаррифӣ намуда истодаанд, ки боиси ифтихор аст.
Шашмақом дар ҳамон шакле, ки он то даври мо нигоҳ дошта шудааст, ба шаш қисми асосӣ, таҳти унвонҳои «Бузрук», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» ҷудо шуда, дар он 252 наво шомил гардида, дар охири ҳар як ҷилд матни сурудҳо оварда мешаванд. Муҳаммади Нишопурӣ дар асараш «Рисола дар илми мусиқӣ» овардааст: «Ҳафт пардаи аввал (аз Дувоздаҳмақом) аз ихтирооти Борбад буда, панҷ пардаи дигарро устодони баъдӣ тасниф намуда».
Ба гуфтаи муҳаққиқ ва олими нуктасанҷ, номзади илмҳои таърих Абубакр Зубайдов “Дар суруду навои Шашмақом руҳи тавонои ниёгони бузурги мо нуҳуфтааст. Ин шоҳасари мусиқӣ асос ва қуллаи баланди фарҳангу маърифати мусиқии суннатии халқи тоҷик буда, ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муттаҳидсозандаи ин миллати куҳанбунёд бо бузургтарин дастовардҳои фарҳангиву маънавии аҳли башар ҳамсангӣ дорад”.
Тавре дар боло ишора рафт, дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон Шашмақом ҳамчун шоҳасари мероси шифоҳии мусиқии суннатии тоҷик мақоми давлатӣ гирифт, ки барои мустаҳкамии решаҳои ин жанри қадимаи мусиқии ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.
– Шашмақом тули таърих шоҳкории дилписанд маҳсуб меёфт ва ҳоло ҳам ҳамин хел ҳаст ва хоҳад монд. Дилбохтагони Шашмақом дар ҳамаи давру замон аҳли маънӣ будаанд. Бештари халқҳои Шарқ сурудҳои суннатии хешро бо гулу ё ҳалқ месароянд, аммо ҳунарварони тоҷик Шашмақомро бо дил месароянд,– мегӯяд роҳбари бадеии Ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқат Саидзода.
Ҳақ ба ҷониби санъатшинос Аслиддин Низомов мебошад, ки навиштааст: «Дар ҳар тарона ва савти Шашмақом садои қалби ҳазорон аҷдоди бузурги мо сабт аст».
Дарвоқеъ, Шашмақом шунавандаро ба олами зебоӣ роҳнамоӣ менамояд. Ин шоҳасар ақлҳоро тасхир намуда, дилҳоро ба шӯру шавқ меорад ва ба дидагон нуру зиё мебахшад.
Устод Садриддин Айнӣ дар мақолаи худ бо номи «Назаре ба гузаштаи санъати тоҷик» таъкид намудаанд: «Мо бо ҷасорат гуфта метавонем, ки дар тавлиду ташаккули Шашмақом хидмати аввалинро тоҷикон кардаанд, чунон ки аксар шуъбаву сурудҳои ин шоҳасар мисли «Рост», «Дугоҳ», «Наврӯзи Сабо», «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Аҷам», «Сегоҳ», «Чоргоҳ», «Бебокча», «Савора», «Тарона» тоҷикианд. З-ин рӯ, ин шоҳномаи фалсафиву ахлоқӣ набояд аз миён равад».
Дар тақвияти суханони устод Айнӣ мусиқишинос, узви раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомӣ низ таъкид намудааст, ки ин шоҳасари мукаммали силсилавии касбӣ – классикии тоҷикон бояд мавриди омӯзиши бештар қарор гирифта, ба наслҳои минбаъда беосеб мерос гузошта шавад: “Санъати Шашмақом хазинаи нодири миллати тоҷик аст, ки савту таронаҳои он бо манзалату маърифаташ дар замири инсон фазилатҳои накуӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносиро бедор намуда, ҷаҳони андеша ва зеҳниятро ҷилои нав мебахшад. Дар ин радиф, таҳвили бегазанди ин ганҷинаи тиллоии миллат барои наслҳои оянда, вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад”.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
