«ФАРҲАНГИ ТАФСИРИИ ИСТИЛОҲОТИ ТАСАВВУФ»

14 май 2026, Панҷшанбе
2


Китоби тозанашри доктори илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Асламҷон Каримӣ аз асарҳои хубу шоиста аст, ки дар ҷилди хушгувори он муруре доштем.
Китоби мазкур, ки таҳти назари академик Кароматулло Олимов омодаи чоп шудааст, кӯшиши ҷиддиест барои аз нав зинда кардани забони ирфонии ниёгон. Муаллиф бо ранҷи таҳқиқотӣ ва бо такя ба сарчашмаҳои бунёдиву асотирӣ, аз ҷумла нусхаҳои боэътимоди «Кашф-ул-маҳҷуб», «Тазкират-ул-авлиё» ва манобеи истилоҳшиносии классикӣ тавонистааст низоми истилоҳоти тасаввуфро дар қолаби як донишномаи мукаммал танзим ва таълиф намояд.
Ин асар на танҳо ҳамчун луғат, балки ҳамчун як асари қомусӣ таҳия шуда, дар он 1620 калима ва ибора тафсир ёфтааст. Яке аз бартариҳои «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти тасаввуф» дар он зоҳир мегардад, ки муаллиф дар канори тафсири вожаҳо, ба шарҳи ҳол ва осори файласуфон ва орифони барҷастаи мо таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Ин бахш ҳамчун як силсилаи муназзами тарҷимаиҳолӣ хидмат карда, ба хонанда имкон медиҳад, то роҳи тайкардаи мутафаккирони моро барои камолоти маънавӣ пайгирӣ намояд.
Хидматҳои таърихии бузургоне чун Абуалӣ ибни Сино ҳамчун файласуф дар осори ирфонии «Тайр», «Саломон ва Абсол», нақши Абуҳамид Муҳаммад Ғазолӣ бо шарҳи осори бунёдии ӯ, ки пайванди шариат ва тариқатро дар тамаддуни исломӣ устувор намуд ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун қуллаи баланди андешаи ирфонӣ ба таври амиқ нишон дода шудаанд. Инчунин, хидматҳои Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо осори манзуму мансури хеш ахлоқи тасаввуфиро бар пояи як низоми тарбиявии ҷомеа бардоштаанд, бо зикри таълифоти асосӣ ва нақши онҳо дар рушди илму фарҳанги тоҷик таҳлил гардидааст.
Дар фарҳанг на танҳо шахсиятҳо, балки мактабҳои бузурги ирфонии дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон ташаккулёфта, аз ҷумла силсилаҳои Нақшбандия, Кубравия ва Чиштия, бо тафсири муфассали усулҳои таълимот ва таъсири иҷтимоии онҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Асламҷон Каримӣ, махсусан ба хидматҳои Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ва принсипи машҳури «Дил ба ёру даст ба кор» таваҷҷуҳ намуда, онро ҳамчун намунаи олии фалсафаи зиндагисоз ва ҳунарвариву ранҷбарӣ шарҳ додааст.
Тасаввуф дар китоб на ҳамчун як назарияи муҷаррад, балки ҳамчун як ҷараёни зиндаи таърихӣ, ки дар эҷодиёти мутафаккирони тоҷик таҷассум ёфтааст, дарк намояд. Маҳз ҳамин ҷанбаи биографӣ ва китобшиносӣ (библиографӣ) асари Асламҷон Каримиро ба як манбаи нодири илмӣ барои таърихи фалсафа ва адабиётшиносӣ табдил додааст.
Китоб ба ду забон — тоҷикӣ ва русӣ (Толковый словарь суфийских терминов) унвонгузорӣ ва танзим шуда, имкон медиҳад, ки на танҳо хонандаи дохилӣ, балки шарқшиносони хориҷӣ низ аз ин ганҷина баҳравар шаванд. Ин иқдом ба ҷаҳониён собит месозад, ки тоҷикон на танҳо ворисони ин фарҳанг, балки таҳқиқгарони тавонои он дар замони муосир низ ҳастанд. Пешниҳоди ин асар барои дарёфти Ҷоизаи илмии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров комилан мантиқӣ ва саривақтист.


Саид АҲМАДОВ,
доктори илмҳои фалсафа, профессори ДМТ

Санаи нашр: 13.05.2026 №: 92