САМАРҚАНДИ МАЪРИФАТ ВА ЗАРАФШОНИ ИФТИХОР

14 май 2026, Панҷшанбе
5


Донишманди соҳибном, муҳаққиқи тавоно ва пурмаҳсули адабиёти тоҷик профессор Садрӣ Саъдиев, ки ба синни мубораки 90 қадам мегузоранд, наздики шаст сол аст, ки ҳамчун як адабпажӯҳи тавоно дар майдони илми адабиётшиносии тоҷик устуворона қадам мезананд.
Доманаи пажӯҳишҳои ин донишманди соҳибном пурвусъату густарда буда, аз ҳузури як тан муҳаққиқи пуркор, соҳиби майлонҳои бешумори илмӣ паём мерасонад. Номбурда дар иртибот ба таҳқиқ, нақду баррасии масоили адабиётшиносӣ ба таълифи бештар аз 20 монография, китоби дарсии “Таърихи адабиёти тоҷик” барои мактабҳои олӣ ва “Адабиёти тоҷик” барои макотиби таҳсилоти миёнаи умумии тоҷикзабон дар кишвари Ӯзбекистон, дастурҳои таълимӣ, маҷмуаи мақолаҳо ва зиёда аз 400 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ муваффақ шудааст, ки, маҷмуан, вусъати назару иншо, фарохнои андешаву афкори илмии ин адабпажӯҳи номвари тоҷикро манзур месозад.
Агар бо шеваи таърихият ва марҳалабандии фаъолияти таҳқиқии Садрӣ Саъдиев ба шинохти масъалаҳои меҳварии мавриди назар ворид шавем, маълум мегардад, ки ин донишманди амиқназар дар оғози солҳои 70-уми қарни гузашта ба шуъбаи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) ба кор ҷалб шуда, ҳосили ҷусторҳои илмии нахустини хешро ҳамчун муҳаққиқи тавоно дар бораи шоири маъруфи ҳиҷогӯи қарни XII Сӯзании Самарқандӣ ва муҳити адабии ӯ манзури аҳли таҳқиқ намуд. Дар натиҷа, пажӯҳишҳои нахустини сомондодаи муҳаққиқ дар робита ба ин мавзуъ аз ҷониби донишмандони кишвар баҳои сазовор гирифт. Вале аз нигоҳи таснифоти фавқуззикр агар паҳнои фаъолиятҳои пажӯҳишии ин муҳаққиқи пуркор ва пухтакорро ба риштаи таҳқиқ кашем, маълум мегардад, ки дар низоми пажӯҳишии вай як раванди мукаммале дар баррасии масоили адабиёти тоҷикии Вароруд ҳосил шудааст, ки аз сарчашмашиносии он шуруъ гардида, то ба таҳқиқи авзои адабиёт дар даврони мухталиф, яъне аз қадим то имрӯз, идома ёфтааст. Дар ин миён, масоили марбут ба зиндагӣ ва вижагиҳои мероси адабии суханварони адабиёти даврони мавриди таҳқиқ низ яке аз тамоюлҳои дигари пажӯҳишии донишманди мазкурро ба вуҷуд овардааст.
Силсилаи пажӯҳишоти устод Садрӣ Саъдиев барои муайян кардани заминаҳои зуҳури шеъри тоҷикӣ дар асри устод Рӯдакӣ ва эътирофи қаламрави Вароруд чун сарзамини аслии пайдоиши шеър нақши муҳим доранд. Баррасиҳои қобили таваҷҷуҳи муҳаққиқи тавоно дар иртибот ба масоили пайдоиши адабиёти порсӣ, мероси адабии устод Рӯдакӣ ва суханварони ҳамасри вай нақши муҳими сарчашмавиро барои муҳаққиқони адабиёти даврони мухталифи Вароруд метавонанд ба иҷро расонанд.
Бахши муҳими корномаҳои илмии Садрӣ Саъдиев ба иншои китобҳои марбут ба таърихи адабиёти тоҷик дар мактабҳои олии филологӣ пайванд мегирад. Дар ин миён, ду китоби таърихи адабиёт бо ҳаммуаллифии Аҳмад Абдуллоев, Расул Ҳодизода ва Усмон Каримов ва ду китоби дигар бевосита аз ҷониби худи муҳаққиқ дар заминаи лоиҳаи илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба қалам омадаанд. Ҳамзамон, ин донишманди пурбор барои мактабҳои тоҷикии кишвари дӯст ва бародари Ӯзбекистон китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфҳои 6 ва 10-ро бо ҳаммуаллифии Абдусалом Самадов ба қалам овардаанд, ки барои тадрису таълими он давоми 16 сол мешавад, ки истифода мегардад.
Дар охири солҳои 70-уми асри гузашта низ С. Саъдиев пажӯҳишҳои худро дар заминаи шинохти адабиёти дарборӣ идома дода, дар хусуси ду шоири маъруф, аммо камомӯхтаи қасидасарои он давр – Мухтори Ғазнавӣ ва Сайид Ҳасани Ғазнавӣ, ду очерки муфассал ба қалам овард. Ин таҳқиқоти ӯ дар шинохти ин ду шоир, ки то он замон дар адабиётшиносии тоҷик қатъан маълум набуданд, нақши муҳим гузошт. Аз ҷумла, Саъдиев, чеҳраи эҷодии Сайид Ҳасани Ғазнавиро ҳамчун қасидасарои навовар ва бунёдгузори тамоюли фахриясароӣ муаррифӣ кард. Вай бо такя бар таҳлили дақиқ нишон дод, ки маҳз дар заминаи худшиносии ин шоири бузург навъи тозаи қасидаи фахрия ва тамоюли густариши он дар адабиёти дарборӣ шакл гирифтааст. Умуман, агарчи дар бораи ин шоири қасидасаро дар китобҳои таърихи адабиёти порсӣ қаблан маълумоте зикр шуда бошад ҳам, аммо дар очеркҳои адабиётшиноси тоҷик С. Саъдиев дар хусуси эҷодиёти ӯ андешаҳои комилан тоза ва навоварона баён гардиданд. Бахусус, назари ӯ роҷеъ ба зуҳури тамоюлҳои иҷтимоӣ дар навъи ғазал, қобили таваҷҷуҳ аст, қаблан бар он ишорат ҳам шуд, ҷолиб ва дидгоҳе тоза дар сайри таҳаввули ин навъи суннатии шеър ба шумор меравад.
Бо чунин шева биниши илмии тоза роҷеъ ба шоири барҷастаи қарни XVII Сайидои Насафӣ ва муҳити адабии замони ӯ низ пажӯҳишҳои бунёдие анҷом дод, ки дар адабиётшиносии кишварҳои порсизабон ва Осиёи Марказӣ соҳиби баҳои баланд гардид. Ҳарчанд омӯзиши муқаддамотии осори ин шоир қаблан аз ҷониби олими маъруф, академик А. Мирзоев анҷом ёфта буд, С. Саъдиев бо шеваи нав ба баррасии эҷодиёти Сайидо рӯ овард ва ҷиҳатҳои хосе аз осори ӯро, ки аз таҳқиқоти пешин берун монда буданд, ба таври васеъ мавриди пажӯҳиш қарор дод.
Дар умум, мурур ба корномаҳои пажӯҳишии Садрӣ Саъдиев муқаррар месозанд, ки дар канори баррасии вижагиҳои адабиёти даврони мухталиф бахши муҳими таҳқиқоти ишонро баррасиҳо роҷеъ ба номаи рӯзгор ва махсусиятҳои ҳунариву мавзуии суханварони ҷудогонаи адабиёти тоҷикӣ ба вуҷуд овардаанд. Гузашта аз ин, Садрӣ Саъдиев ҳамчун яке аз бунёдгузорони мактаби пажӯҳишии ҳавзаи адабии Самарқанд эътироф гардидааст. Агарчи кори таҳияи тазкираи шоирони Самарқандро ҳамроҳи Турақул Зеҳнӣ ҳанӯз дар соли 1970 бо китоби “Суханварони сайқали рӯи Замин” оғоз намуд, вале дар идома муваффақ гардид, ки на танҳо ин асари арзишмандро такмилу таҷдиди назар намояд, балки чанд асари пажӯҳишӣ роҷеъ ба ин ҳавзаи адабӣ ва намояндагони барҷастаи он низ ба қалам оварад, ки “Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ”, “Таърихи адабиёти тоҷик дар Самарқанд”, “Суханварони Самарқанд”, “Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих” ва амсоли ин, аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.
Хидматҳои шоёни ин донишманди пуркори тоҷик аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 бо ордени Дӯстӣ қадр шуданд, ки чунин арҷгузорӣ ба корномаҳои донишманди соҳибном далели эътироф ва қадр аз маҷмуи ҷустору талошҳои илмии ӯ дар рушди адабиётшиносии тоҷик ба шумор меравад.
Маҷмуи ин корномаҳои пурвусъати пажӯҳишӣ собит месозанд, ки Садрӣ Саъдиев дар омӯзиши адабиёти классикии тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Ӯ бо таҳқиқоти худ на танҳо чеҳраҳои камомӯхташудаи адабиётро кашф, муаррифӣ ва меросашонро ба риштаи таҳқиқ кашид, балки тамоюлҳои тозаеро дар илми адабиётшиносӣ асос гузошт, ки имрӯз дар заминаи онҳо таҳқиқот идома дорад.


Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филология, профессор

Санаи нашр: 13.05.2026 №: 92