ДУРАХШИ ТОЗАИ НОБИҒА

15 июн 2026, Душанбе
3


Дар партави фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб”
Ба имзо расидани фармони мазкур моро водор мекунад, ки зиндагинома ва осори гаронбаҳои фарзанди фарзонаи тоҷик Абуалӣ ибни Синоро гаштаву баргашта омӯзем, ба вижагии осораш бознигарӣ намоем, рӯзгори пурпеч, аммо пурталошу пурборашро ба насли наврас ошно гардонем.


Ҷойи ифтихори мост, ки донишманди маъруфи тоҷику форс Абуалӣ ибни Сино (980-1037) бо кӯшишу заҳмат ва саъю талошҳои муттасил ба қуллаҳои баланди илмӣ ва пажӯҳишҳои олӣ расида, яке аз нобиғагони ҷаҳонӣ гаштааст. Ӯ дар айёми хурдсолӣ донишҳои ибтидоиро аз худ кард ва бадарёфти улуми мураккаби замони худ қадам ниҳод. Албатта, нақши падараш дар донишандӯзии ӯ, ба хусус дар омӯзиши илмҳои ҳисоб, мантиқ ва фалсафа, хеле муассир аст, зеро дар он айём на ҳар кас ба омӯхтани илмҳои мазкур майлу рағбати ҷиддӣ нишон медод.
Чуноне ки Абуалӣ ибни Сино ҳангоми саргузашти худ ба шогирди вафодораш Абуубайди Ҷузҷонӣ қисса кардааст, ӯ то синни 18-солагӣ аз омӯзиши илмҳои мавҷудаи замонаш фориғ шуда, аллакай, ба ковишу таҳқиқот ва ислоҳу навовариҳои илмӣ-эҷодӣ гом мегузорад. Бахусус, истеъдодаш дар илми тиб бештар зоҳир мегардад, то ҳадде ки дар муолиҷаи яке аз амирони сулолаи амирони сомонӣ Нуҳ ибни Мансур муваффақ ва, ба ин васила, аз истифодаи китобхонаи камназири шоҳзодагони дарбори Сомониён бархӯрдор мешавад. Аммо ин пешрафтҳо дар Бухоро зиёд тул намекашанд. Бо ҳуҷуми Қарахониён сарнагунии ҳукумати Сомониён Абуалӣ ночор ҷониби Гурганҷ меравад.
Ҳузури Абуалӣ ибни Сино дар Гурганҷ (Хоразм) ҳам зиёд тул накашид, ҳарчанд Алӣ ибни Маъмун ибни Муҳаммади Хоразмшоҳ ӯро хуш пазируфтаву барояш моҳона муайян карда буд. Мувофиқи маълумоти китоби “Номаи донишварони носирӣ” Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз Хоразмшоҳ дархост менамояд, ки чанде аз донишмандон, аз ҷумла Ибни Синоро, ба дарбораш равон созад. Ибни Сино озими Гургон (Ҷурҷон) мешавад.
Абуалӣ мехост ба макони амн, назди ҳомии аҳли илму адаб Қобус ибни Вашмгир равад. Тибқи маълумоти баъзе манобеъ чун Ибни Сино ба Ҷурҷон мерасад, Қобус дар қайди ҳаёт набудааст.
Абуалӣ ибни Сино дар Ҷурҷон бо самимитарин ва бовафотарин шогирдаш - Абуубайди Ҷузҷонӣ шинос мешавад. Абуубайд то лаҳзаҳои охири ҳаёт бо Ибни Сино ҳамроҳ мемонад. Абуубайди Ҷузҷонӣ аз ҷумлаи он шогирдонест, ки пас аз марги Ибни Сино саргузашти ҳоли ӯро рӯйи авроқ овардааст. Инчунин, дар тавзеҳ, тарғиб, интишори афкор, осор ва таълимоти устодаш саҳми зиёд гузоштааст.
Мавриди зикр аст, ки саргузашти Синоро ба ду бахш ҷудо кардаанд. Бахши аввал он чи худи Сино мухтасар ба шогирдаш қисса кардааст, аз ин ки падараш аз Балх ба Бухоро омада, дар як деҳаи низдик ба Бухоро истиқомат кардаву ба фаъолият пардохтааст. Сипас, аз деҳаи Афшана ё Афшона бо Ситорабону ном духтар хонадор шудааст... то вохӯрданаш бо Абуубайди Ҷузҷонӣ. Бахши дувуми саргузашти Синоро худи Абуубайди Ҷузҷонӣ, ки дидаву шоҳиди он будааст, рӯйи авроқ овардааст.
Муҳаққиқон дар баёни саргузашташ аз ҷониби Ибни Сино ба Абуубайд баъзе розҳоро ба мушоҳида гирифтаанд. Масалан, вақте Ибни Сино ягон воқеаи зиндагии худро қисса мекунад, омилҳои аслии онро муфассал тавзеҳ надодааст, ҳол он ки он воқеа хеле муҳиму таърихӣ ва дорои заминаву сабабҳои зиёд будаанд, балки бо баёни кӯтоҳ аз он гузашта, бо ибораҳои “зарурат буд”, “зарурат маро бар он дошт” ва монанди инҳо аз шарҳи воқеа худдорӣ намудааст. Назари дигар ин аст, ки талошу набардҳои илмӣ - эҷодӣ ва аҳволи ботинӣ - маънавии ӯ барояш ончунон муҳим будаанд, ки аслан барои баён ва тавзеҳи аҳволи моддӣ - зоҳирӣ вақт надоштааст ва ё, аслан таваҷҷуҳ намедодааст.
Аз ҷумлаи он розу мубҳамот (то ба Исфаҳон ба дарбори Алоуддавла расидан) пайиҳам ҷой иваз кардану аз шаҳр ба шаҳри дигар рафтани Ибни Сино мебошад. Баъзе таърихнигорон гуфтаанд, ки дар он манотиқе, ки Султон Маҳмуд нуфуз дошт, Абуалӣ худро орому осуда эҳсос намекард.
Ҳамин тариқ, Абуалӣ ибни Сино тақрибан солҳои 405-406 ҳ.қ. аз Ҷурҷон ба шаҳри Рай меравад. Дар он айём дар баъзе манотиқи Эрон Оли Буя ҳукумат доштанд, аз ҷумла дар шаҳрҳои Рай ва Ҳамадон.
Ибни Сино муддате дар Рай истода, сипас ҷониби Ҳамадон сӯйи дарбори Шамсуддавла роҳ мепаймояд. Пас аз зоҳир шудани донишу истеъдоди Ибни Сино дар Ҳамадон, бахусус истеъдоди тиббияш, ӯ ба мақоми олию арзандаи сиёсӣ, мақоми вазирӣ ноил мегардад. Аммо пас аз марги Шамсуддавла Ибни Сино пешниҳоди писари ӯ – Тоҷуддавларо ҷиҳати идомаи фаъолияти вазирӣ намепазирад ва ин рафтор боис мегардад, ки бо ҳар сабаб, аз ҷумла бо баҳонаи мукотибаи пинҳонӣ бо Алоуддавла (ҳокими Исфаҳон) муттаҳам ва зиндонӣ мешавад. Ибни Сино 4 моҳ зиндонӣ буд, баъди озодӣ барои ба Исфаҳон рафтан фурсати муносибро мунтазир мешавад. Ниҳоят, Ибни Сино тасмими муҳоҷират ба Исфаҳон мекунад ва рӯзе дар либоси сӯфиён бо ҳамроҳии Абуубайди Ҷузҷонӣ ба он ҷо меравад. Ҳамин тариқ, Ибни Сино ба Исфаҳон рафта, понздаҳ соли умри вопасинашро он ҷо мегузаронад.
Маълум аст, ки дарду бемориҳо метавонанд ба домани табибон низ чанг зананд ва сабаби қатъи риштаи ҳаёт, ба қавли худи ӯ “банди аҷал”-и бознашаванда гарданд:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Ибни Синоро ҳам дарде озор медод. Он дардро худ бо ёрии шогирдонаш муолиҷа мекард, вале айёми 57-солагӣ дар охирин сафар ба самти Ҳамадон, ин дард якбора авҷ мегирад ва сабаби вафоти Ибни Сино мегардад. Ҷасади ӯро ба Ҳамадон расонда, ҳамон ҷое, ки ҳоло мақбара ва зиёратгоҳи ӯст, ба хок месупоранд.
Аксари таърихнигорон лаҳзаҳои орому осоиши ҳаёт ва муҳити хуби эҷодии Ибни Синоро дар 15 соли истиқомат дар Исфаҳон донистаанд, зеро он айём Исфаҳон яке аз марказҳои бузурги илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёфт. Ғайр аз ин, аз соатҳои аввали вуруди Ибни Сино ба Исфаҳон ҳокимони он бо сардории Алоуддавла аз Ибни Сино хуб истиқбол гирифта, ӯро мавриди таваҷҷуҳ ва иззату икром қарор додаанд. Лекин он чи ба назар мерасад, ин оромиву осоиш нисбӣ будааст, чунки дар айёми мазкур низ Масъуди Ғазнавӣ (писари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ) ба Исфаҳон лашкар мекашад ва пас аз ин лашкаркашӣ Ибни Сино зарари маънавӣ меёбад, аз ҷумла китоби “Ал-Инсоф”-аш нобуд карда мешавад. Бо вуҷуди ин, баъзе қисматҳои он дар ҳоли нимсӯхта боқӣ мемонанд. Ба ҳар ҳол 15 соли иқомат дар Исфаҳон зери сарпарастии ҳокими он Алоуддавла барои Ибни Сино солҳои нисбатан хуб, дорои муҳиту шароити осоиштаи эҷодӣ ва таҳқиқу навовариҳои илмӣ-адабӣ ҳатто бунёди расадхона ва ихтирои баъзе асбобҳои навини тиббиву расадӣ будаанд.
Абуубайди Ҷузҷонӣ ҳангоми ёдоварии авсофи устодаш чунин навиштааст: “Ман 25 сол дар хизмат ва мусоҳабати ӯ будам ва ҳаргиз надидам, ки ҳар гоҳ китоби тозае ба дасташ мерасид, онро аз оғоз то поён бихонад, балки якбора ба қисматҳои душвор ва масоили печидаи он ва назариёти нависандаи китоб мепардохт то ба мартабаи вай дар он дониш ва дараҷаи фаҳми ӯ пай барад”. Ин гуна хислатҳои модарзодии Ибни Сино пайваставу доимӣ буданд ҳатто дар вақти фаъолиятҳои сиёсӣ - роҳбарӣ, ҳангоми сафарҳои низомӣ бо лашкар баъзе қисматҳои осорашро имло ва котибаш онҳоро сабту қайд кардааст. Рӯзҳои охири ҳаёташ, ки беморӣ озораш медод, дӯстон ба ӯ истироҳату фароғатро тавсия додаанд, вале ӯ чунин фармудааст: “Зиндагии кӯтоҳу васеъ беҳтар аз зиндагии тулонию маҳдуд аст”.
Ҳаёти начандон тулонии он ҳам пур аз таҳаввулоти Ибни Сино бо рӯйдоду воқеаҳо, сафар ва ҷойивазкуниҳо аз шаҳр ба шаҳр, гоҳо мавриди таънаву маломат қарор гирифтани ҳосидону нотавонбинон, саршор аз эҷоду дастовардҳои илмист. Ӯ бо неруи ақлонӣ ва маҳорати аҷибе, ки дар ҳамаи илмҳои замонааш дошт, қодир ба ислоҳ ва тағйирот дар мантиқи Арастуӣ, таълимоти фалсафаи машшоӣ, баёни мавҷудияти навъҳои гуногуни илм ва таснифи онҳо, тартиби феҳристи номи доруҳо, баёни хусусиёт ва қонунҳои истифодаи онҳо ва дастуру тавсияҳое дар тиб ва эҷоди мақолаҳои фалсафӣ - ахлоқӣ шуд, ки то ҳол аҳли ҷаҳон аз онҳо манфиат мебардоранд. Ӯ тавонист дар осораш низоми комили маърифати ҷаҳоншиносиро ба оламиён арза дорад, ки моҳиятан ҷамъбасти ҳамаи илмҳои замони худ, монанди мантиқ, фалсафа, илоҳиёт, тиб, риёзиёт, табииёт ва ғайра буданд.
Ибни Сино дар соҳаҳои мухталифи илм аз худ осори пурарзиш боқӣ гузоштааст, ки теъдоди онҳоро зиёда аз 250 адад шумурдаанд, бавижа “Китобу-ш-шифо”, “Ал-Қонун фи-т-тиб”, “Китобу-н-наҷот”, “Ҳикмату-л-машриқия”, “Ал-Ишорот ва-т-танбеҳот”, “Донишномаи Алоӣ” маъруфтарини онҳоянд.
Осору дастовардҳои илмии Ибни Сино танҳо хоси фарҳанги форсу тоҷик набуда, ҷузъе аз фарҳанги муштараки ҷаҳон маҳсуб меёбад. Донишмандону пажӯҳишгарони ҷаҳон ба хидматҳои Ибни Сино дар ҷодаи илм, бахусус илми тиб, арҷ гузошта, тамғаи тиббии ҷаҳониро бо номи ӯ сабт кардаанд. Умед дорем, ки ба шарофати фармони мазкур таваҷҷуҳи илми ватанӣ ба рӯзгор ва осори Ибни Сино зиёдтар ва нақши рӯзноманигорону публитсистон дар оммавӣ гардондани дастовардҳои илмии ин нобиғаи кулли замонҳо бештар хоҳад шуд.


Мурод МУРОДӢ, н.и.ф., профессори ДМТ,
Сироҷиддин ПИРОВ, н.и.п., ходими пешбари илмии ПИТФИ

Санаи нашр: 15.06.2026 №: 115