БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ
![]()
Масъулияти ману мо дар мубориза алайҳи зуҳуроти харобиовар
Ҳамасола 17-ум июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти биёбоншавӣ ва хушксолӣ, инчунин, сафарбар намудани кӯшишҳо барои мубориза бо ин раванд мебошад.
Маълум аст, ки биёбоншавӣ, таназзули замин ва хушксолӣ ба зиндагӣ ва фаъолияти бисёр ҷомеаҳои маҳаллӣ, ки дар минтақаҳои хушк ва нимхушки Замин зиндагӣ мекунанд, таҳдид менамоянд.
Равандҳои биёбоншавӣ ва таназзули замин аксар вақт натиҷаи фаъолияти худи инсон мебошанд. Нобудсозии ҷангалҳо яке аз намунаҳои равшани таъсири манфии инсон ба муҳити зист ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳифз ва барқарорсозии захираҳои ҷангалӣ омили асосии нигоҳдории ҳосилхезии заминҳо мебошад.
Сабабҳои асосии таназзули замин ва захираҳои табиӣ технологияҳои куҳнашудаи истифодаи замин ва об, аз ҷумла парвариши тулонии як намуди зироат дар як порчаи замин, чарондани аз ҳад зиёди чорво ва набудани киштгардон ва чарогоҳгардон мебошанд. Ҳамчунин, усулҳои бесамари обёрӣ, буридани ҷангалҳо ва шиддат гирифтани тағйирёбии иқлим ба ин раванд таъсири манфӣ мерасонанд.
Барои коҳиш додани биёбоншавӣ як қатор тадбирҳои муҳим метавонанд мусоидат намоянд. Аз ҷумла, барқарорсозӣ ва аз нав шинондани ҷангалҳо ба нигоҳдории намнокии хок ва пешгирии паҳншавии биёбонҳо ёрӣ мерасонанд. Идоракунии самараноки захираҳои обӣ низ аҳамияти калон дорад. Ба ин истифодаи сарфакоронаи об, истифодаи дубораи оби тозашуда, ҷамъоварии оби борон, ширин кардани оби шӯр ва ё истифодаи мустақими оби баҳр барои парвариши рустаниҳои ба шӯрӣ тобовар дохил мешаванд. Мустаҳкам кардани хок тавассути шинондани дарахту буттаҳои муҳофизатӣ аз шамол ва сохтани монеаҳои махсуси зидди рег низ барои пешгирии эрозияи замин нақши муҳим мебозанд. Илова бар ин, ғанӣ гардондан ва нуриандозии хок ба беҳтар шудани ҳосилхезии он мусоидат мекунад.
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ дар соли 2026, ки таҳти шиори «Чарогоҳҳо: қадр кардан, эҳтиром гузоштан ва барқарор намудан» баргузор мегардад, ба зарурати эътирофи бештари арзиши иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангии чарогоҳҳо, эҳтиром ба ҷомеаҳое, ки онҳоро нигоҳубин мекунанд ва афзоиши сармоягузорӣ барои барқарорсозии заминҳои таназзулёфта даъват менамояд.
Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардидааст, ки тибқи он то соли 2040 зиёда аз 2 миллиард бех ниҳолу бутта шинонда мешавад. Ин тадбири саривақтӣ ва оқилона имкон медиҳад, ки дар оянда Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои «сабз» табдил дода шавад ва дар самти мубориза бо биёбоншавӣ дар миқёси ҷаҳон саҳми назаррас гузорад.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
