АЗ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ТО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

24 июн 2026, Чоршанбе
4


Назаре ба оинаи давлатдории миллӣ
Барои миллати тоҷик ду марҳалаи бузурги сарнавиштсозу таърихӣ мавҷуд аст, ки бо номҳои Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон пайванд мехӯранд. Наврӯзи имсол ин ду ному насаби наҷиб аз нав вирди забонҳо шуд ва бори дигар собит гардид, ки таърихро шахсиятҳо месозанд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (26 – 27-уми марти соли 2026) ва боздид аз шаҳри бостонии Бухоро, зиёрати оромгоҳи шоҳони Сомонӣ, бавижа мақбараи Исмоили Сомонӣ, аз ҳар ҷиҳат бароям хотирмон буд. Зеро Бухоро дар таърихи мо танҳо як шаҳр нест – он яке аз марказҳои бузурги сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии тамаддуни форсӣ-тоҷикӣ ба шумор меравад. Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО Маркази таърихии Бухороро ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ ворид намуда, мақбараи Исмоили Сомониро аз шоҳкориҳои меъмории мусалмонии асри X шинохтааст.
Исмоили Сомонӣ дар таърихи тоҷикон танҳо амир ё ҳокими як давра нест, балки поягузори давлати мутамарказ ва ҳомии ҳувияти фарҳангӣ ва забони порсӣ мебошад. Мавқеи Сомониён дар таърихи тамаддуни мо аз он ҷиҳат низ бузург аст, ки дар аҳди онҳо забон, адаб, илм ва фарҳанги порсӣ-тоҷикӣ ба марҳалаи нави шукуфоӣ ворид гардид. Ин аст, ки аҳди ин шоҳигарӣ чун “асри тиллоӣ”-и эҳёи худшиносии тоҷикон пазируфта шудааст.
Таърих танҳо барои ситоиши гузаштаву гузаштагон нест. Арзиши ҳақиқии он дар он аст, ки ба имрӯз маъно бибахшад. Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 ба марҳалаи нав ворид гардид, вале ин марҳала осон набуд. Истиқлол ба тоҷикон танҳо озодӣ наовард; он ҳамзамон санҷиши бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ низ буд. Дар чунин фазо, масъалаи на танҳо бунёди давлати соҳибистиқлол, балки нигоҳ доштани он дар харита ба миён омад. Дар чунин айёми хатарзо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омада, кишвар ва миллати парешони моро сари суфраи сулҳ хонданд.
Давлати навистиқлол барои пойдорӣ ба пояҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва маънавӣ ниёз дошт. Як тараф ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ идома пайдо мекард. Маҳз дар чунин фазои ноором қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 6-уми ноябри соли 1994 қадами ҷиддӣ буд. Ҳамзамон, ба поён расондани давраи бисёр душвори низоъҳои дохилӣ, дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ва имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин ду рӯйдод муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти имрӯзу фардо муаррифӣ намуд.
Таҷриба нишон дод, ки давлатдории муосири тоҷикон бидуни решаҳои таърихӣ тасаввур намешавад. Маҳз чунин тафаккури давлатдории миллӣ буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати арҷгузорӣ ба мероси Сомониён ба як унсури муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфт. Номгузории асъори миллӣ ба “сомонӣ”, бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён ҷузъи худшиносиву худогоҳӣ мебошанд.
Дар шароити кунунӣ, насли ҷавон бояд бидонад, ки давлатдории тоҷикон бидуни замина пайдо нашудааст; он реша дар аҳди Ҳахоманишиёну Кӯшониён ва Сомониён дорад ва дар замони соҳибистиқлолӣ бо ранҷи азими фарзандони барӯманди миллат таҳким ёфтааст.
Метавон гуфт, ки тавонмандии воқеии миллат дар пайванди ду падида аст: аз таърих неру бигирад ва барои фардо давлат бисозад. Исмоили Сомонӣ ин роҳро оғоз кард, Эмомалӣ Раҳмон онро дар давраи истиқлол бо мазмун ва шаклу намои нав идома додаву шараф бахшиданд.


Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии
таърихию кишваршиносии
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии
шаҳри Панҷакент

Санаи нашр: 23.06.2026 №: 122-123