ҲАМЗА КАМОЛ. БОЗТОБИ КИТОБИ НАВИ ПРОФЕССОР

26 июн 2026, Ҷумъа
5


Рисолаи «Авомили ба сари ҳокимият омадани Сомониён», ки аз ҷониби доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камол таълиф шудааст, ба мавзуи ниҳоят муҳими таърихи халқи тоҷик бахшида шуда, ҳодисаҳои дар Хуросони Бузурги асрҳои VII-IX рухдодаро фаро мегирад. Ин замони бисёр мушкил ва пуртазоди Хуросони Бузург аз ишғоли арабҳо оғоз мешавад ва халқи тоҷик ба давраи ниҳоят тулонии муқовимати зидди аҷнабиён ворид гардида, онро бошарафона паси сар мекунад.
Дар пешгуфтори рисола муҳаққиқ бо мушаххас кардани омилҳои ба сари қудрат омадани хонадони Сомонӣ дар Хуросони Бузург равандҳои таърихии дар ин сарзаминҳо баъди ишғоли арабҳо бавуҷудомадаро баррасӣ менамояд. Ҳамзамон, заминаҳои айнии таърихиро бо омӯзиш ва баррасии ҳаводиси таърихии ҷараёнгирифта дар Хуросони Бузургро муайян намуда, сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои муқовиматӣ дар ин сарзаминро, ки билохира зарбаи ҳалокатбор бар пайкари хилофати араб заданд, баён мекунад. Муаллиф асрҳои IX ва X-ро дар Хуросони Бузург ба сабаби таҳаввулоти сиёсӣ, рушди иқтисод, эҳёи фарҳанг, пешрафти илм ва ҳунар асри заррини давлатдории Сомониён ном бурда, пояҳои ҳукуматҳои баъдӣ дар ин қаламравро мадюни ҳузури Сомониён медонад.
Он чи ба ин рисола ҳусни оғоз бахшидааст, фасли «Хуросони Бузург – сарзамини зуҳури дудмони Сомонӣ» мебошад, ки муаллиф бо такя ба ахбори манобеи таърихӣ хостгоҳи дудмони Сомониро кишваре, ки дар аҳди бостон «Аирйанем-Ваеҷа» - паҳнои ориёиҳо ва дар садаҳои баъдӣ бо номи Хуросон ё Хуросони Бузург зикр мешавад, медонад.
Дар фаслҳои «Ҳуҷуми аъроб ба Эрону Хуросони Бузург», «Хуросон дар аҳди хулафои рошидин», «Хуросони Бузург дар аҳди Умавиҳо», «Қутайба ибни Муслим ва ишғоли Варорӯд», «Рухдодҳо дар Хуросони Бузург баъд аз марги Қутайба. Зуҳури Деваштич», «Хуросони Бузург дар солҳои охири хилофати Умавиҳо» низ масъалаҳои муҳим баррасӣ шудаанд. Аз ҷумла, муҳаққиқ бо истифода аз маълумотҳои сарчашмаҳои таърихӣ сабабҳои пирӯзии арабҳоро дар Эрону Хуросони Бузург дар он мебинад, ки қишри ашрофи ҷомеа барои ҳифзи манофеи худ дар аксари маворид ба пешравии арабҳо ёрмандӣ намуданд, арабҳо тавонистанд муборизони хуросониро (мисли Деваштич ва дигаронро) ба доми тазвири хеш афканда, қиёми онҳоро фурӯ нишонанд ва сарлашкарони араб бо суистифода аз ихтилофоте, ки миёни ҳокимони Хуросони Бузург вуҷуд дошт, имкон надоданд, то ҷабҳаи муштараке дар баробари таҷовузи араб дар қаламрави Хуросони Бузург созмон дода шавад.
Дар фасли «Андар шинохти Абумуслими Хуросонӣ» нақши Абумуслими Хуросониро дар раванди рухдодҳои солҳои чиҳилум ва панҷоҳуми садаи VIII дар Хуросони Бузург баррасӣ намуда, нақши меҳварии ӯро дар барандохтани хонадони миллатгарои Умавӣ ва ба сари қудрат овардани Аббосиён таъкид карда, оқибати кори Абумуслимро, ки фоҷиабор анҷомид, баён мекунад, ки он на танҳо ба исми хонадони Аббосӣ муҳри ҳамешагии бадномӣ зад, балки маншаи хуруҷҳо ва исёнҳое дар Хуросони Бузург алайҳи аъроб гашт.
Дар ин рисолаи хеш Ҳамза Камол ба таври густурда ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътабари таърихӣ аз маъруфтарин хуруҷҳо ва исёнҳои рухдода дар Хуросони Бузург бо сарварии Шарик ибни Шайхи Маҳрӣ соли 750 дар Бухоро, Синбоди Муғ дар Хуросон соли 755, Устоз Сис дар Ҳироту Бодғис дар соли 767, Сапедҷомагон бо сарварии Муқаннаъ дар манотиқи шимоли Хуросони Бузург дар солҳои 775-785 ва Рофеъ ибни Лайс соли 806 дар Самарқанд ибрози назар карда, сабабҳо ва натоиҷи ин ҳаракатҳои муқовиматиро бо далелҳои илмӣ баён месозад.
Рисолаи доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камол «Авомили ба сари ҳокимият омадани Сомониён» барои дарёфти Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби шурои олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сазовор мебошад.


А. САИДОВ,
доктори илмҳои таърих, профессор
С. МУҲИДДИНОВ,
доктори илмҳои таърих, профессор
М. АБДУЛЛОЕВ,
доктори илмҳои таърих, профессор

Санаи нашр: 24.06.2026 №: 124