ҚАДАМИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН БА СӮЙИ ҶАҲОНИ ИЛМ
Дар таърихи давлатҳои соҳибтамаддун давраҳое фаро мерасанд, ки таваҷҷуҳ ба шахсиятҳои бузурги миллӣ дар баробари арҷгузории фарҳангӣ ба ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ табдил меёбад. Дар чунин марҳалаҳо миллатҳо дар баробари гузаштагони худро гиромӣ доштан, бо такя ба мероси онҳо роҳи рушди ояндаи худро муайян менамоянд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23-юми майи соли 2026, дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб маҳз аз ҷумлаи ҳамин гуна иқдомҳои таърихӣ мебошад.
Таъсиси Ҷоиза ва Фонди байналмилалии Абуалӣ ибни Сино намунаи олии арҷгузорӣ ба дастовардҳои илмии ин фарзанди бузурги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон арзёбӣ мегардад.
Бо ин иқдом марҳалаи нави муаррифии мактаби илми тибби тоҷик ва саҳми тоҷикон дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ оғоз гардида, он на танҳо барои таблиғи мероси гаронбаҳои ин мутафаккири варзида ташаббуси нодир, балки ҳамчун механизми муҳими ҳавасмандсозии ҷомеаи илмии ҷаҳон барои рушди илми тиб ва ҳифзи тандурустии халқҳо дар тамоми олам ва густариши ҳамкориҳои илмӣ ба шумор меравад. Дар иртибот ба ин, рӯзнома андешаҳои намояндагони касбу кори гуногунро ба хонандаҳои гиромиқадри “Ҷумҳурият” пешниҳод месозад.
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:
– Дар замони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нави экологӣ, биологӣ, эпидемиологӣ, бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, мушкилоти демографӣ, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ рӯ ба рӯ мебошад, таъсиси чунин Ҷоиза аҳамияти хосса касб мекунад. Таҳқиқ ва омӯзиши осори фалсафӣ, тиббӣ ва илмҳои дигари Ибни Сино дар Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ муттасил идома дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ осори зиёди Ибни Сино нашр шуданд. Аз ҷумла, чопи “Ал-Қонун фи-т-тиб” барои бозбинии мероси маънавӣ ва худшиносии миллии тоҷикон ва рушди тафаккури миллии онҳо саҳми арзанда гузошт. Иқдоми Пешвои муаззами миллат доир ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб тадбири дурандешона ва саривақтӣ арзёбӣ мешавад. “Ал-Қонун” тақрибан 800 сол дар Ғарб як китоби арзишманд ва асосии тиббӣ буд ва ҳоло ҳам аҳамияти худро гум накардааст.
Маҳз ҳамин арзишҳои илмӣ ва инсонгароёна боис гардиданд, ки Тоҷикистон ҳамчун вориси воқеии ин тамаддуни бузург ташаббуси таъсиси Ҷоизаи байналмилалиро роҳандозӣ намояд. Ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буда, ба таҳқиқи осори тиббии Ибни Сино, табодули таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти бунёдии тиббӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Мустафо Ҷоналоев, мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисоди ДМТ:
– Ҳар пешниҳод ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон марҳала ва уфуқи тозае дар муаррифӣ ва шинохти дастовардҳои ҷумҳурии озоду соҳибихтиёр эътироф кард. Дар онҳо хиради бисёрасраи мардуми мутамаддини тоҷик ҷилвагар аст. Яке аз иқдомҳои муҳим дар ин раванд таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб мебошад.
Ин ташаббуси созанда ва дурбинона на танҳо арзи эҳтиром ба мероси яке аз бузургтарин донишмандони башарият аст, балки ҳамчун воситаи муҳими рушди илм, ҳавасмандгардонии олимон ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти хос дорад.
Бузургии Шайхурраис дар он аст, ки ӯ тавонист аз муҳити маҳаллӣ берун рафта, ба яке аз чеҳраҳои сарнавиштсози таърихи илм табдил ёбад. Осори ӯ дар Шарқу Ғарб садсолаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» тули чандин аср ҳамчун муҳимтарин китоби дарсӣ дар донишгоҳҳои Аврупо истифода мешуд. Баъд аз ихтирои дастгоҳи чоп маҳз ҳамин китоб яке аз аввалин асарҳое гардид, ки борҳо нашр шуд ва аз рӯйи шумораи табъ бо баъзе аз маъруфтарин китобҳои ҷаҳонӣ рақобат мекард. Аммо аҳамияти Абуалӣ ибни Сино дар он аст, ки дар баробари донандаи соҳаи тиб, ӯ аз ҷумлаи донишмандони энсиклопедистест, ки дар таърихи башар камназир мебошанд. Фалсафа, мантиқ, риёзиёт, физика, мусиқӣ, равоншиносӣ, ахлоқ, сиёсат ва ҷомеашиносӣ танҳо бахше аз соҳаҳоеанд, ки дар онҳо осори арзишманд аз худ ба ёдгор гузоштааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» таъкид намудаанд: «Ибни Сино на танҳо яке аз бузургтарин донишмандони Шарқ, балки аз машҳуртарин чеҳраҳои таърихи тибби ҷаҳон мебошад». Ин баҳо ҷойгоҳи воқеии ин мутафаккири бузургро дар рушди тамаддуни инсонӣ инъикос мекунад. Имрӯз номи Абуалӣ ибни Сино рамзи илму дониш, инсонпарварӣ, хирад ва ҷустуҷӯйи ҳақиқат маҳсуб меёбад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино бори дигар собит месозад, ки илм, маърифат ва саломатии инсон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад.
Дар ниҳоят, метавон гуфт, ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси ҷоизаи сатҳи байналмилалӣ идомаи мантиқии қадршиносии нобиғаи олами илму дониш маҳсуб шуда, дар таҳрики кашфиёти тоза барои ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ нақши муассир мегузорад ва чун дигар иқдомҳои сатҳи глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон бо иттифоқи оро якдилона ҷонибдорӣ меёбад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
