ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛАТОФАТ КЕНҶАЕВА: "ТАРБИЯИ КӮДАК АЗ СУРУДИ АЛЛА ОҒОЗ МЕЁБАД"

ЛАТОФАТ КЕНҶАЕВА: "ТАРБИЯИ КӮДАК АЗ СУРУДИ АЛЛА ОҒОЗ МЕЁБАД"

30 май 2023, Сешанбе
53
0
 
Латофат Кенҷаева дар поёни солҳои шастуми асри ХХ бо навиштани мақолаву хабар ва шеъри кӯдак ба майдони адабиёт омад. Таронанавис, тарҷумон ва журналисти номвар ҳам, ҳаст. Дар давоми 55 соли фаъолияти эҷодӣ 1 миллиону 700 ҳазор нусха китоб интишор дода, дар рушди адабиёти кӯдак хидмати шоиста кардааст. Имрӯз ҳамчун бибии Латофат аз он нигарон аст, ки дар оилаҳои ҷавон на танҳо ба кӯдакони худ китобчаҳои рангаву пурмазмун намехаранд, балки модарон дар сари гаҳвора ҳам, банди телефон алла намесароянд. Ӯ бо изтироб мегӯяд: «Вақте ба гӯши тифл алла намехонед, аз куҷо вай ба забони модарӣ унс мегирад?» 
Дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак суҳбате доштем, ки фишурдаи он пешкаши шумост. 
– Аллакай, гуфтед, ки тарбияи кӯдак аз суруди алла оғоз меёбад, аммо онро ҳам гоҳо дареғ медоранд. Кам таваҷҷуҳ доштани насли навро ба ояндаи кӯдакон то чӣ ҳад нигаронкунанда меҳисобед?
– Ҳамарӯза, махсусан дар рӯзҳои истироҳат, ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии мо сайре кунед, ба ин савол ҷавоб меёбед. Падару модар барои лаҳзае масрур кардани ҷигаргӯшаи худ чанд намуд обҳои газнок, бозичаҳои пластикии чинӣ, ки зудшикану камҷонанд ва даҳҳо анвои хӯрданиҳоеро мехаранд, ки аксаран ба вуҷуди тифл ҷуз зарар чизе намеорад. Бигзор, аммо дар баробари инҳо намебинед модару падареро, ки бо тифлонашон сӯи дуконҳои китобфурӯшӣ ё китобхона равон бошанд. Хайрият, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро роҳандозӣ карданду кори китобхонаҳо низ, кам-кам ҷон гирифт, падару модар бо фарзандони боистеъдоди худ то китобхонаҳо, то суроғи шоиру нависандагон рафтанд, вагарна амри муҳол буд, ки вазъ тағйир ёбад. Имрӯз ба харидани телефону компютерҳо ва хӯрданиву пӯшиданиҳои боарзиш одат кардем, акнун вақт аст, ки ба харидани китоб ҳам хӯ гирем ва аз беҳтарин неъмати фарҳангӣ азизони худро бебаҳра намонем.
– Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», бидуни шубҳа, инқилоби маънавиро мемонад, аммо ёфтани китобҳои муаллифоне, ки дар рӯйхати низомномаи Озмун сабт шудаанд, душвор аст.
– Дуруст аст. Ба нашриёти мо ҳам аз шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат, Нораку Ҳисор ва Турсунзода сар карда, то ноҳияҳои Рӯдакиву Шаҳринав кӯдакон ҳамроҳи волидон меоянд, ки ин ё он китобро ёфта диҳем. Занҷираи робитаи ниҳодҳои дахлдор гусастааст. Бовар дорам, ки масъулини шаҳру навоҳии кишвар ҳарчи зудтар риштаҳоро мепайванданд. Масалан, китобдорон рӯйхати китобҳои дар хазинаи худ набударо ба мудирони бахшҳои фарҳанг ва раисони шаҳру навоҳӣ пешниҳод кунанд ва онҳо барои пайдо кардан ёрӣ расонанд. Дар ин ҳол, масъала зуд ҳалли худро меёбад.
– Китобҳои имрӯзи мо, бавижа китобҳо барои кӯдакон, то куҷо ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯянд? 
– Дар чопи китоби кӯдак ба саҳлангориву бепарвоӣ роҳ додан, ба ҳаққи ҳалоли кӯдак хиёнат кардан аст. Намешавад, ки ба масали «Шавад обӣ, нашавад, лалмӣ» амал кунем. Муаллифони маънирас, рассомони чирадаст, тарроҳони чашмикордон ва муҳаррирони доноро ба кор ҷалб кардан, боиси ба вуҷуд омадани китобҳои зебову пурмазмун хоҳад буд. Афсус, ки аксари китобҳои бозори мо ба ин сифатҳо ҷавобгӯ нестанд. Бисёр камранг, камсифат ва орӣ аз ороиши ҳирфаӣ чоп мешаванд. Бо умеди камхароҷот чоп шудани китобҳо аз ҷалби рассом, муҳаррир, ороишгар даст мекашанд ва дар натиҷа китобчаҳое ба дасти хонанда мерасад, ки сифаташонро гуфтем. Дар ҳоле ки имрӯз дар бари китоб гузоштани фитаҳо, китобҳои овоӣ роиҷ шудааст, ки мо аз ин раванд хеле қафо мондаем. Дар ҳоле ки баръакс, адабиёти кӯдакро аз сиёҳӣ, сарамдилам кор кардан ва сиёсату иқтисод дур бояд нигаҳ дошт. 
– Ба адабиёт аз ду зовия: тавсиф ва танқид арзишдоварӣ мекардед?
– Тавсиф он аст, ки адибони умедбахш, рассомони хуб ва ороишгарон пур аз идеяҳои тоза бисёранд. Аҷиб аст, ки дар таҷриба дидем: баъзе ҷавонону наврасон бо андешаҳои бузургворона хидмати бедареғу бемуздро ба адабиёт пеша кардаанд. Дарк кардаанд, ки адабиёт дили соф ва иродаву ғайрати инсонӣ мехоҳад. Яъне, зарфияти кофӣ дорем, истифодаи дурусти он мондааст.
Танқид он аст, ки ниҳодҳои дахлдор дар ғами адабиёти кӯдак қариб, ки нестанд. Аз пеши худ ба ягон ибтикори созанда даст намезананд. Китобҳояшонро чоп карда, дар муаррифии онҳо саҳм намегиранд. Бавижа, истеъдодҳои навро анҷумане, ҷамъияте нест, ки муттаҳид намояд. Мисли чашмаҳо меҷӯшанду мехушканд. Адибони ҷавон то ҷое, ки неруяшон мерасад, иншо мекунанду китоб месозанд, ба ҷои раҳнамоӣ, ҳама ба танқиди онҳо дасту остин бармезананд.
– Дар давоми бештар аз панҷоҳу панҷ сол таҷрибаи кофӣ андӯхтаед. Лутфан, панҷ роҳи назму насри нағзи кӯдак навиштанро ифшо мекардед.
– Дар ин муддат садҳо роҳу равиши эҷодро таҷриба кардем, аммо шумо, ки мушаххасан мепурсед, мегӯям. 1. Фаромӯш накунед, ки шумо барои кӯдак менависед ва кӯдак бошед, бо забон ва фаҳмиши тифлон андеша ронед;  2. Ба орзуҳои беғашу осмонии кӯдакон бовар кунед;  3. Ба ҳама хӯю хислати тифлона ошно шавед, бо онҳо ҳамнишин шуда, мисли онҳо гаштугузор карда, рафторашонро омӯзед;  4. Дар рафти суҳбат ҳарфҳо, садоҳо ва ҳаракатҳои аҷоиби бачагонро дар ёд гиред; 5. Дар ҳаёт ба кӯдакон дағалу дурушт шуда, дар шеърҳо сохтакорона меҳрубону мушфиқ нашавед, бесуд аст. Фиреби эҷодии шуморо аз ҳама бештару пештар фариштаҳои хокӣ зуд пайхас мекунанд.
– Сипосгузорем барои суҳбати хубу созанда!
Суҳбати пурраро аз Ютюбканали «Ҷумҳурият» тамошо кунед.
 
Суҳбаторо Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.05.2023 №: 113
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив