ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

30 апрел 2024, Сешанбе
16
0

 
29-уми апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Нахуст, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2024 баррасӣ гардиданд.
Роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш доданд.
Баъди ҳисоботи шахсони масъул, Сарвазири мамлакат дар назди роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои босамари нақшаҳо ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Маҳмадсаид Файзуллозода «Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» шунида шуд.
Сипас, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо – “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо”, “Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол гардиданд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, чор хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи мутақобила”-ро муҳокима намуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол намуданд.
Дар маҷлис масъалаҳо оид ба Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, Шурои парасторони Фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният ва дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии “Маҷмааи варзишӣ”-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷамъбасти маҷлис оид ба иҷрои ҳатмию саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати киштукори баҳорӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани офатҳои табиии вобаста ба селу обхезиҳо ва амалисозии тадбирҳои созанда ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вазифадор шуданд. 
АМИТ "Ховар"
Санаи нашр: 30.04.2024 №: 80-81
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив