ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Зарари заминларза ба иқтисоди  Туркия метавонад аз 84 миллиард доллар зиёд бошад

Зарари заминларза ба иқтисоди  Туркия метавонад аз 84 миллиард доллар зиёд бошад

14 феврал 2023, Сешанбе
31
0
Мир24. Агентии «Bloomberg» бо такя ба ҳисобҳои Конфедератсияи соҳибкорон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ менависад, ки заминларзаи рӯзи 6 феврал бавуҷудомада ба иқтисоди Туркия ба маблағи 84 миллиард доллари ИМА хисорот ворид кардааст.
 "Интизор меравад, ки ду заминларзаи шадид, ки  беш аз 31 ҳазор нафарро дар Туркия ба ҳалокат расонд, ба иқтисоди миллӣ ба маблағи беш аз 84 миллиард доллар ё тақрибан 10 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиён расонад", – омадааст дар хабари агентӣ.    
Ҳисобҳои конфедератсия назар ба ҳисобҳои дигар иқтисодчиён баландтаранд. 
 
 
 
Мулоқоти Гурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов бо Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб 
Мир 24. Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад бин Зоид оли Наҳаён мулоқот кард. Дар мулоқот роҳҳои асосии ҳамкориҳо, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои олӣ баррасӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муҳим ҳамкорӣ бо сохторҳои молиявии АМА ҷои махсусро ишғол мекунад. Ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамкорӣ – соҳаи фарҳангию гуманитарӣ низ, мебошад. 
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Абу-Даби аз масҷиди Шайх Зайд, ки яке аз шаш масҷиди бузургтарини ҷаҳон мебошад, дидан кард.
"Имрӯз қарзу шарафи мост, ки ба масҷид омада, бародарони гиромии худро ёд ва ба арвоҳи онҳо дуо кунем. Бигузор муносибатҳои дӯстонаи байни Туркманистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб мустаҳкам шаванд! Бигузор халқҳои бародари мо минбаъд низ, дар ободӣ, шукуфоӣ ва сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ намоянд!", – гуфт Бердимуҳаммадов.
 
 
 
СММ: «Амалиёти наҷотдиҳӣ дар Туркия ва Сурия ба зудӣ анҷом меёбад»
Lenta.ru. Марҳилаи корҳои наҷотдиҳӣ бар асари заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия қариб ба охир расид, – иброз дошт муовини Дабири кулли СММ Мартин Гриффитс. Суханони ӯро Reuters иқтибос овардааст.
"Аз ҳама шигифтовар дар ин ҷо ин аст, ҳатто дар Ҳалаб, ки тули  солҳои дароз  мардумаш  ранҷ кашида буд, ин бадтарин лаҳзаест, ки  аз сар мегузаронанд", – гуфт ӯ. Ба гуфтаи Мартин Гриффитс, СММ ба зудӣ аз манотиқи таҳти назорати Ҳукумати Сурия ба шимолу ғарби зери назорати шӯришиён қарордоштаи ин кишвар, ки аз заминларза низ, осеб дидаанд, ёрӣ мефиристад. Гриффитс таъкид кард, акнун зарур аст, ки осебдидагон фавран бо манзил, ғизо, таҳсил таъмин гарданд ва ёрии равонӣ низ, ба онҳо расонда шавад.
Қаблан, дар Туркия  беш аз 100 нафар,  ки  дар бунёди бевиҷдононаи биноҳои ҳангоми заминларза фурӯрехта гумонбар дониста мешаванд,  боздошт шуд.
 
 
 
Санаи нашр: 14.02.2023 №: 35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив