ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТО ТАВОНОВУ ДОНО БОШЕМ

ТО ТАВОНОВУ ДОНО БОШЕМ

15 феврал 2023, Чоршанбе
67
0
Ҳамовозӣ ба мақолаи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад»-и профессор  С. Ятимов (Ҷумҳурият», 18 январи соли 2023)
 
Мутолиаи матлаб ё худ мақолаи таҳлиливу таҳқиқии профессор С. Ятимов бо номи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», ки андешаҳояш перомуни Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, касро бештар водор месозад, то бештар мутмаин бигардад, як лаҳза ғофил гаштан ба садсолаҳо роҳи пешрафту тараққиёту рушду такомулро дур месозад. Албатта, дар ин ҳол на танҳо ба манзили мақсуд наметавон расид, балки имкону шароити маҳв шуданро меафзояд. Дар ҳақиқат:
Тарсам нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ,
К – ин раҳ, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст.
Роҳи асрҳо тайкардаи моро муаллиф барҳақ дар ҳоли ғуломӣ будан маънидод мекунад: «Натиҷабардорӣ ва хулоса он аст, ки руҳ ва маънавиёти ғайримиллӣ натиҷаи ҳолати ғуломӣ, адами пуштибони аслӣ – ҳокимияти сиёсии миллати тоҷик дар тули ҳазор сол аст». Аллома Муҳаммад Иқбол низ бо дарки дурусти ин масъала ва дилсӯзӣ баён дошта буд:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Мутаассифона, ин миллат ӯро дар ҳоли ғуломӣ ва андешаи истиқлолхоҳӣ надоштан дарк карда натавонист. Ба тарзу шаклҳои дигар ин мақсад, ин мазмун, ин мушкилотро бештару беҳтар пешорӯяшон гузошт, баррасӣ кард, вале боз ҳам натиҷаи дилхоҳ надод. Ин бор бо зарурат ва гиламандиву таассуф гуфт:
Ман, эй мири умам, дод аз ту хоҳам,
Маро ёрон ғазалхоне шумурданд.
Ҷойи нигаронӣ ҳам ҳаст, ки дар он рӯзгор амирон на танҳо дар андешаи миллатсозӣ ва пешрафт набуданд, балки майишати лаҳзаинаи худро аз ҳама авло медонистанд. Ин гурӯҳ исломро низ ба манфиати шахсӣ ва давлатдории худ истифода мекарданд.
Муаллифи ин мақолаи пурмуҳтаво ва дилсӯзона навишташуда низ мехоҳад мо ба таърих ба дидаи ибрат бинигарем, гузаштаи худро биёмӯзем, то дарёбем ба чи ранге, ба чи нанге зистему донову тавоно нашудем. Албатта, доноии чанд нафари огоҳу рӯшандил миллатро тавоно гардонда наметавонад. Бояд ёдовар шуд, ки таълифи китобҳои илмӣ ва адабӣ дар он рӯзгор бо теъдоди бисёр кам рӯйнавис мешуданду ба дасти алоқамандону ҳаводорон мерасиданд. Бо таърихи зиндагиву эҷоди ин муаллифон агар назари иҷмолӣ ҳам биафканем, маълумамон мешавад, ки аксар бо ранҷу машаққатҳои зиёд зистанду таҳсил карданд. Инчунин, дунёро дар ҳоли фақру нотавонӣ падруд гуфтанд.
Исломи аслиро ҳам мардум дарк кардаву омӯхта натавонист, аз ин рӯ, хурофот мавқеи онро ба осонӣ ишғол менамуд ва ин ба нафъи бархе аз донандагони некомили дин маҳсуб мешуд.
Ҷангҳову кашмакашҳои дохилӣ, ҷоҳталабӣ низ бештар монеи боло рафтани сатҳи маърифати аҳолӣ мегардид. Кор то ҷое расида буд, ки аз маҳалҳои мусалмонон низ дар натиҷаи ҷангҳои дохиливу кашмакашиҳо ғанимат мегирифтанд ва ҳам марду занҳои онҳоро ба асорату ғуломӣ.
Барои ин «шариатпаноҳон» бархе аз донандагони ислом, ки дар асл мутеи онҳо буданд, на Худову расул, барояшон дар ҳама ҳолат фатвоҳое медоданд нобахшиданӣ. Яке аз ҳокимон, чунон ки дар китоби таърихӣ зикр мешавад, модари худро ба занӣ мегирад ва барояш дар ин ҳол қиморбозону кафтарбозони ҳамроҳаш фатво меёбанду ин амалашро хилофи фармудаи дин намедонанд. Агар ба умри салтанати ин қабил ашхос таваҷҷуҳ зоҳир бигардад, ин ҳақиқат рӯшан мешавад, ки аз 10 -15 сол камтар аст ва худашон ҳам аз 40 сол зиёд назистаанд. Бо ин ҳама давлатдорӣ, бешак, маълум аст, ки наметавон ба пешрафту тараққиёт, ривоҷу пойдории андешаи миллӣ, саводнокии ҷомеа умед баст.
Дуруст аст, ки «ҳар чӣ корӣ, ҳамон медаравӣ», 
Бо ин ки Худованд Карим асту Раҳим,
Гандум надиҳад, агар ту ҷав мекорӣ.
Садсолаҳо ба ин тариқ зистану ҳукмронӣ кардан ҳеҷ гоҳ миллату кишварро тавонову пешрафта гардонда наметавонанд. Таъзиму дастбӯсӣ тамаллуқу хушомадгӯӣ – ҳама натиҷаи ҳамин давраҳои таърихианд.
Одам аз хӯи ғуломӣ зи сагон пасттар аст,
Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард.
Ҳамин  аст, ки тавре муаллифи мақола С. Ятимов таъкид мекунад: «Дар ин ҷода бо ҳазорҳо ҷавонони гумроҳ, ки барои ҳимояи манфиати геополитикии абарқудратҳо дар хориҷи мамлакат ҷон медиҳанд, ҳамақидатии бунёдӣ ба намоиш мегузоранд. Агар он гурӯҳ (ҷавонон) хонахез ба ҷиҳод раванд, ин гурӯҳ (зиёиёни миллӣ – «мағзи миллат») дар ҷабҳаи саҷда пешсафанд.
Дар мушкилоти миллии фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии сиёсӣ афтидани миллати тоҷик фақат ҷойи таассуф аст». Оре, ин ҳақиқатест, ки ба ҳеҷ ваҷҳу далел онро наметавон инкор кард ва ё аз он чашм пӯшид. Ҳамзамон, лозим аст, ки дар мавриди рафъи мушкилоти мавҷуда тадбирандешӣ намуду онро амалӣ кард. Муаллиф дар ин маврид дуруст пешниҳод менамояд: «Аммо онро мебояд аз лиҳози илмӣ – таърихӣ дарк ва тавассути маърифаткунонӣ чорандешӣ кард».
Воқеан, имрӯз мафҳуми «ҷиҳод» ва шароити он бар аксари мусулмонон ё худ пайравони ин дин маълум нест. Бар ин  шакле, ки онҳо «ҷиҳод» мекунанд, ҳеҷ манфиату подошу савобе барнамедоранд. Чунин ҷиҳод боз  аз рӯйи ҷаҳолат ҳам аст.
Имрӯз расман, чунон ки талаботи дини мубин аст, махсусан барои мусулмонони тоҷик, ҷиҳод эълон нашудааст. Агар ҳар нафари ин гурӯҳ худро «муҷоҳид» эълон мекунад, дар ин маврид асосе надорад. Чаро? Чунки дар ҷиҳод, агар ҳамрасмӣ бошад, нахуст ният аст: Нияти афроди мазкур маблағи зиёди пулӣ аст, барои идеологияи бегонаи ғарбӣ, ба хотири манфиатҳои геополитикӣ. Ба қавли Абдулқосим Лоҳутӣ: «Гург ин маротиба дар ҷомаи меш омадааст».
Бархе аз зиёиён ҳам қариб тамоми гуноҳонро дар рафти зиндагӣ содир мекунанд. Албатта, ба ин умед, ки дар охир ҳаҷ мекунанд, рӯй ба масҷид меоранду бахшида мешаванд. Дар ин маврид ҷаҳолати онҳо нисбат ба он ҷавонони «муҷоҳид»» бештар аст. Мусулмон набояд ба умеди бахшидан ва ё васила ҷустан гуноҳ содир бикунад ё худ риё биварзад. Ба дурустӣ, агар паёмбарамон ин гуна мусулмонии моро медид, дини овардаи худро намешинохт ва мегуфт: Ман аз шумо инро, хосса ҷаҳолатро хостор набудам.
Хушбахтона, имрӯз амният, сулҳ, ваҳдат дар кишвар таъмину пойдор мебошад ва қариб тамоми имкону шароитро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардааст. Дарк накардани вазъи мураккаби ҷаҳон, раҳоӣ наёфтан аз андешаҳои муғризонаи бегонагон, итоату пайравӣ аз идеологияи хориҷиён миллатро ҳаргиз донову тавоно намуда наметавонанд.
Муаллифи мақола профессор С. Ятимов бо такя ва истиноди андешаҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ (23.12.2022) ҳамин нуктаҳоро иброз медорад, таҳлилу таҳқиқ менамояд ва роҳи раҳоиро аз мушкилоти мавҷуда рӯшану возеҳ нишон медиҳаду баён медорад. Дар ҳақиқат, мақолаи мазкур саривақтӣ, актуалӣ ва барои дарки масъалаи муҳими милливу ҳаётӣ зарур мебошад.
Дар атрофи ҳар кадом қисмати он андешаҳои ҷолибу созандаро бояд баён дошту навишт. Ин, албатта, вазифаи зиёиёни асил ва дурбин мебошад. Агар боз ҳам ба ин масъала беэҳтиётӣ менамоем, таърих дигарбора ба ҳеҷ сурат моро намебахшад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»    
Санаи нашр: 15.02.2023 №: 36
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив