ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН  ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН  ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07 сентябр 2023, Панҷшанбе
103
0
 
ИСТИҚЛОЛ – НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ     
Чи тавсифе беҳтар дар сифоти истиқлолу озодӣ аз ин тазаккури муаллифи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», посдору муаррифгари анъанаҳои неки давлатдории мардуми тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳою волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият, шарти бақои миллат, пойдории давлат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст.
Мафҳуми истиқлол дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (Душанбе, 2008) ба маънои мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ ташреҳ ёфтааст.
Дар асари дигари Пешвои муаззами миллат «Уфуқҳои истиқлол», ки фарогири арзишҳои истиқлоли давлатӣ, аҳамияти ваҳдату сарҷамъӣ ва рушди тадриҷии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад, чунин инъикос ёфтааст:
«Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар оғоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тулонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд. Ин давраи тира, ки чандин қарн идома ёфт, асрҳои фоҷиаи миллӣ ва таназзули фарҳангии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Гарчи дар ин марҳала маҳз дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт. Танҳо 9 сентябри соли 1991 чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби Истиқлол ва давлати мустақил шуданд».
 
НАҚШИ БУНЁДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Таърихи башар, равандҳои ташаккул, рушд ва таназзули давлатҳову тамаддунҳо ин воқеияти ғайриистисноиро гаштаву баргашта таъйид мекунад, ки тақдирномаи ҳар миллату давлат ба масири ҳаётии шахсиятҳои барҷаставу зимомдораш пайванди бевосита дорад.
Ҳарчанд истиқлоли воқеии сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳёи рукнҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, таъмини сулҳу субот дар ҳудуди Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон солҳои 90-уми садаи гузашта барои мардуми кишвар ниҳоят мудҳишу гарон афтод, маҳз зуҳури раҳмонии фарзанди фарзонаи миллат, родмарди ҷавону матини арсаи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлатдории мустақил аз вартаи нестшавӣ эмин монд. 
Тоҷикистони зебоманзар, ки ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба майдони ҷангу ҷидол табдил дода шуда буд, инак, аз файзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдату якдилии халқи диёр ба мамлакати амну осоишта, зебову дилфиреб, бо инфрасохтори замонавию хидматрасониҳои технологияҳои рақамӣ мубаддал гашта, бо барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ бо 182  кишвари ҷаҳон, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, бо муаррифии шоистаи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ва дурдонаҳои таърихии миллат, пешниҳод ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷаҳониёнро ҷалб кардааст.
Чунонки Пешвои миллат иброз медоранд: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд. Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи СОҲАҲОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд”.
Тоҷикистони тозаистиқлол дар шароити печидаи сиёсати байналмилалӣ бо ҳифзи вижагиҳои милливу таърихии халқи тоҷик, сиёсати хоссаи хешро  пеш гирифт, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои ҳокимияти давлатиро густариш дода, самтҳои  рушдро муайян намуд ва бунёди ҷомеаи озоду адолатпарварро ҳадафи олии миллату давлат эълом дошт.
Бо саъю кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат барои расидан ба сулҳу салоҳ ва ваҳдату якдилӣ ва ҳамовозии умедворонаву заковати таърихии мардуми бонангу ватандӯст натиҷаҳои дилхоҳ ба бор омада, 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Таъмини сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон омили қавию ҳаётбахши устувории истиқлоли давлатӣ гардид ва барои гузарондани як силсила ислоҳоти муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан, демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам омад.
Дар масири бунёдкоронае, ки халқи азизи Тоҷикистон дар замони кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадбунёди Пешвои муаззами миллат паймуд, мактаби бузурги давлатдории навинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохт ва ба заминаҳои давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр таҳким бахшида шуда, қудрату нерумандии давлат ташаккул ёфт. 
 
ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ҲУҚУҚБУНЁД 
Пажӯҳишгарони гузаштаву муосир тоҷиконро ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ, бунёдкориву созандагӣ ёд менамоянд. Ҳамгироию ҳамзистӣ дар муҳити зисти солим дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи шартҳои асосии ҳамбастагии башарият будааст. Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар гурӯҳҳои тундгарову ҷудоиандоз пирӯз баромадааст.
Таҳаммулпазирӣ ва сулҳу ваҳдат дар тинати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо маҷрои равони мо сиришта шуда, дар ташаккули хулқу атвор, фарҳангу маданият ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо нақши бунёдӣ доранд. 
Салтанати паҳновари шоҳаншоҳ Куруши Кабир ва нахустин Эъломияи ҳуқуқи башари ӯ, ки аз файзи соҳибистиқлоливу иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, бахусус таълифоти арзишмандашон, мавриди омӯзишу пажӯҳиш ва муаррифии шоиста ба ҷаҳониён қарор гирифтааст, нишонаи возеҳ ва далели боэътимоди давлатдории куҳани мо бар пояи таъмини сулҳу ваҳдат миёни қавму гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа, сиёсати адолатгустар ва рӯ ба пешрафту тамаддунофарист.
Маҳзи ин, дар садри чеҳраҳои таърихӣ дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат шоҳаншоҳ Куруши Кабир қарор гирифтааст. Куруши Кабир чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, кафили сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва ҳомии кешу оини сокинони қаламрави хеш машҳур аст. Мутобиқи маълумоти Ҳеродот, ӯ аз ҷумлаи машҳуртарин намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён буда, нахустин империяи паҳновари ҷаҳониро бунёд гузоштааст, ки дар ҳудуди 24 сатрапии (вилоят) он намояндагони зиёда аз 50 забону 70 халқиятҳои гуногуни Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик зиндагӣ мекарданд. 
Чунончи, Пешвои муаззами миллат дар асари таърихии хеш “Чеҳраҳои мондагор” зикр кардаанд: «Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муктадиру мутамаркази муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хатти муштарак ва расму оини муштаракро бунёд гузоштанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрд».
Вақте таърихи давлатдории навини мустақил, масири расидан ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллии хешро мулоҳиза мекунем, метавонем оид ба умумияти ҳукуматдории Куруши Кабир ва Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қазоват намоем. Ҳамоҳангӣ ва монандии давлатдорӣ, аз қабили ифтихори ватандориву миллатпарварӣ, адолат ба мардум, масъулияти баланд дар назди тақдири Ватан ва соҳибони он, пуштибонии сулҳу ваҳдат ва монанди инҳо аз хусусият ва сифатҳои фардии ин чеҳраҳои таърихии ориёӣ мебошанд. Эъломияи Куруши Кабир бо сатрҳое хотима меёбад, ки дилу ният, омолу орзу ва стратегияи давлатсозии Пешвои миллати моро таҷассум кардаанд: «Сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам».
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик заминаҳои заруриро ба миён оварда,  дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ ба ташаккули сиёсати давлатии марбута дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ва фароҳамсозии тадриҷии имкониятҳои фарохи рушду такомули ин соҳаҳо  мусоидат намуд.
Муҳимтарин вазифа дар саргаҳи давлатдории навин  ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Бо барқароршавии  Ҳукумати конститутсионӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқии марбут  ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва роҳандозии муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистонро қабул намуд. 
Дар масири ташаккул ва таҳкими давлатдории мустақил рамзҳои давлатӣ ҳамчун шиносномаи давлату миллат аҳамияти бунёдӣ доранд. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи парчамбардору давлатсози мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва, ҳамчунин, асъори миллӣ гардид. 
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи СММ ва тадриҷан узви дигар созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ: ИДМ, СҲШ, Созмони ҷаҳонии савдо, СААД, САҲА, Созмони давлатҳои исломӣ ва ғайраҳо гардид, ки дар доираи онҳо кишвари биҳиштосову халқи меҳмоннавози мо мизбони чандин конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Маҳз истиқлоли давлатӣ ва пешбарии сиёсати «дарҳои кушода» боис шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр эътироф гардида, ба ҳайси узви комилҳуқуқи созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ташаккул ёбад, рушд намояд ва бо пешниҳодҳои ҳалталаби глобалӣ мавқеи намоёнро соҳиб гардад. Дар шароити кунунӣ дурнамои рушд ва инкишофи устувори давлатдории мустақили адолатгустар барои ҷомеаи Тоҷикистон дар асоси сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат пешбинӣ шуда, аз татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз қабили баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар иборат мебошад,  ки рушди иқтисоди миллӣ, таъмини сатҳи устувори иҷтимоӣ, зиндагии арзанда ва рушди бемайлони диёрро таъмин менамояд.
 Истиқлоли давлатӣ барои мо, халқи шарафманди Тоҷикистон, нодиртарин дастоварди таърихӣ, рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созанда, азму талошҳои фидокорона баҳри  ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда,  бо заҳмати аҳлонаву якдилонаи халқи кишвар меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким ёфта,  дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фарди ҷомеа ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллат таъмин гардид. 
 
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ 
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо касби соҳибистиқлолӣ ба марҳалаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Маълум аст, ки рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини устувору татбиқи воқеии он вобастагии амиқ дорад.
Дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то марҳалаи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд.
Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани моҳияти демократии давлати Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуда, бамеъёрдарории муносибатҳо дар доираи санадҳои қонунгузорӣ мустаҳкам карда шуд. Аз ҷониби дигар, густариши сиёсати ҳуқуқӣ, бо дарназардошти унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, тақвият ёфта, ба сифати баланди қонунҳо, ки таъмини волоияти қонун аз он сарчашма мегирад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.
Ҷараёни амалӣ гардидани ин самти сиёсати давлатӣ, яъне сиёсати ҳуқуқӣ дар солҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, бахусус зимни қабул ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ, сурат гирифтааст.
Паҳлуи муҳими аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, дар он зоҳир мешавад, ки он ба фаъолияти нави қонунгузорӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Фарқи фаъолияти қонунгузории давраи пас аз Иҷлосияи таърихӣ аз марҳалаи қаблӣ дар он аст, ки минбаъд санадҳои қонунгузории давлат баҳри амалӣ намудани қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти вазъи нави таърихӣ, бо пайкору талошҳои роҳбарияти нави сиёсӣ, дар асоси фаъолияти мақомоти тозабунёди ҷумҳурӣ сурат мегирад. 
Ин фаъолияти қонунгузорӣ, ки баҳри пойдории истиқлоли давлат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини рушди босуръати ҷомеа амалӣ шуда, минбаъд асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлатро пойдор мекунад, маҳз аз Иҷлосияи таърихӣ шуруъ мешавад. Иҷлосия дар таърихи фаъолияти қонунгузории мамлакат, яъне дурнамосозии самаранокии сиёсати ҳуқуқӣ саҳифаи нав боз кард.
Дар Иҷлосияи таърихӣ 74 қонуну қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ, волоияти қонун, фаъолияти мунтазами мақомоти давлат, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштанд. 
Ҳамчунин, дар заминаи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии зиёд қабул гардиданд, ки моҳияти онҳоро асосҳо ва иҷрои нишондодҳои санадҳои қонунгузорӣ ташкил медиҳанд. Дар ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ гардида, санадҳои байналмилалиро эътироф (ратификатсия) намудааст.
Бо ташаббуси хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007, №272 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011, № 762 қабул гардид.
Бояд зикр намуд, ки қонунҳои мазкур сирф хусусияти миллӣ дошта, мутобиқ ба анъана ва одатҳои миллати тоҷик таҳия ва ба тасвиб расидаанд. Ҳамчун қоида мақсад аз қабули ин қонунҳо танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти муайян буда, он ба бартараф намудани ангезаҳои манфӣ ва пешгирии оқибатҳои аз он бавуҷудоянда нигаронида шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосан бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардидааст. Дар дебочаи Қонун дарҷ шудааст: «Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст». 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҷассумгари сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Роҳбари давлат буда, фарогири таълиму тарбияи насли наврас ва дар руҳияи арзишҳои миллӣ ба камол расидани онҳо мебошад. Хурсандибахш аст, ки Қонуни мазкур дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу маънавиёти кишвари соҳибистиқлоли мо ислоҳоти ҷиддиеро ба миён оварда, ҷиҳати касби муҳимтарин сармояи инсонӣ – маърифату дониш таконбахшу ҳидоятгари аҳли ҷомеа мебошад.
Сиёсати созанда ва муваффақи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба густариши сиёсати ҳуқуқӣ дар мамлакат барои пойдории Истиқлоли давлатӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, танзими муносибатҳои нави ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва, ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона гардида, барои ҳар фарди ҷомеа шароити зиндагии арзанда ва фазои рушди озодонаро фароҳам овардааст ва, ҳамзамон, хурду бузурги кишварро баҳри ҳифзи арзишҳои истиқлолу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, суботу оромӣ, якпорчагию тамомияти арзӣ, фарҳангу оинҳои миллӣ водор месозад.
Хушбахтона, рӯйдодҳои номатлуби оғози соҳибистиқлолӣ паси сар шуданд ва мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии миллӣ, амалисозии лоиҳаҳои ҳаётан муҳим, хосса дар самти тақвияти сиёсати ҳуқуқӣ, таҳкими аркони давлатдории ҳуқуқбунёд, таъмини рушди рӯзафзуни соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, бунёди роҳу пулҳо, инфрасохтори энергетикиву саноатӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рӯзҳои неку фараҳбахш расида, имрӯз дар фазои сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату сарҷамъӣ рӯзгори шоиста ба сар мебарем ва бо шӯру шавқи зиёд, завқи баланди эҷодӣ, ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ, ободкориву созандагӣ ва зимнан, бо ҳифзи зиракии сиёсию ваҳдату ҳамдилӣ, ба таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегирем.
Дар ҳамовозӣ бо таманниёти дилпазиру руҳафзои Пешвои муаззами миллат, ки дар Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ садо дод, орзумандем, ки Парчами Истиқлоли давлатии мо бо нуру зиёи мардуми сарбаланди мо дар сартосари кишвар ҳамеша парафшон, сулҳу оромӣ, амнияту суботи мамлакат бардавом ва Тоҷикистони азизи мо дар олам то абад чун диёри донишу адабпарвар машҳур бошад.
 
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА, ёрдамчии 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои 
рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Санаи нашр: 07.09.2023 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив