ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЗМУНИ “ТОҶИКОН – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ”

ОЗМУНИ “ТОҶИКОН – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ”

19 сентябр 2023, Сешанбе
255
0


Тақдири Бобоҷон Ғафуров ҳамин тавр сохта шуда, ки ҳам фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ  ва ҳам илмию эҷодиаш бо ҳам тавъам омада, барои пешрафти ҳаёти баъдиҷангию баҳамоии мардум хидмати шоиста намудааст. 
Мушкилоти инкишоф ва беҳдошти кори таълиму тарбия дар мактабҳо, тайёр кардани мутахассисон, рушди фарҳанги миллӣ, сохтмони неругоҳҳои барқӣ обӣ, роҳҳо, обёрии заминҳои бекорхобида, саноат, кишоварзӣ ва ғайра дар ҷумҳурӣ асоси барномаи фаъолияти кории Бобоҷон Ғафуров, ҳамчун роҳбар ва шахси масъули давлатӣ ба шумор мерафтанд. 
Ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ-заводи механикии Конибодом, комбинати маъдани кӯҳии Тагоб, заводҳои пахтатозакунии Пролетар ва Уялӣ, навбати аввали неругоҳи барқии обии “Варзоби Поён” ва сохтмони навбати сеюми нерӯгоҳҳои барқии обии “Варзоб”, “Шаршара” ва “Дӯстии халқҳо” дар шаҳри Қайроққум аз хизматҳои шоистаи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб меёбанд.
Дар муддати даҳ соли баъди ҷанг хидматҳои ӯ дар соҳаи илму маориф, фарҳанг ва санъат хеле барҷаста мебошанд. Густариши муассисаҳои фарҳангӣ, таъмини инкишофи пуравҷи илм, адабиёт ва санъат асосу поя ва вазифаҳои асосии  барномаи фарҳангии давлату Ҳукумат буд. Ташкил ёфтани Университети давлатии Тоҷикистон (ДМТ) дар соли 1948, Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) санаи 9-уми октябри соли 1950 дар ҳаёти илмию маърифатии Тоҷикистон воқеаҳои бузурги таърихӣ ба шумор мераванд.
Ғамхории Бобоҷон Ғафуров нисбат ба аҳли адабу сухан, ҳунармандон махсус аст. Вай осори адибонро мехонд ва аксар вақт андешаҳои худро нисбати онҳо баён менамуд. Адибон дар хотираҳои худ адабиётдӯстӣ ва қадршиносии онҳоро аз ҷониби ӯ бо эҳтиром ёдоварӣ мекунанд.
Омӯхтан ва тарғиби санъати тоҷик низ, ҷанбаи меҳварии барномаи кории Бобоҷон Ғафуровро ташкил медиҳад. Барои ба чоп ҳозир кардани матнҳо ва адвори шоҳасари санъати классикии тоҷик “Шашмақом” сегонаи давр: Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов пешбарӣ гардиданд.
Аллома ба мусиқии халқӣ низ, шавқу рағбати зиёд дошт. Махсусан, санъату ҳунари ҳофизи номӣ Акашариф Ҷӯраев, ки бо сабку услуби хосса эҷод менамуд, дар байни мардум маҳбубият пайдо карда, аз ҷониби Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд гирифта буд. Бобоҷон Ғафуров, чун муаррихи барҷаста, ба сарчашмаҳои таърихӣ, аз он ҷумла ба эҷодиёти даҳанакии халқ  (фолклор) диққати махсус медод. Ин буд, ки баъди ҷанг бо ташаббуси шахсии ӯ гӯрғулихони машҳур Ҳикмат Ризо ба Душанбе даъват мегардад. Дар муддати кӯтоҳ 34 достони “Гӯрғулӣ” навишта мешавад, ки он бештар аз 100 ҳазор мисраъро дар бар мегирад. Ҳикмат Ризо бо пешниҳоди аллома дар ҳайати иштирокчиёни Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва ҳунарнамоӣ карда, аз “Гӯрғулӣ” порчаҳо мехонад. Бо тавсияи Бобоҷон Ғафуров нашри русӣ – тоҷикии эпоси халқии тоҷикии  “Гӯрғулӣ” тайёр карда мешавад, ки он дар нашриёти “Адабиёти Шарқ”- и Москва аз чоп мебарояд.
Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушду тараққӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон бағоят бузург ва саривақтӣ аст. Вай ҳамчун як нобиға ва шахсияти барҷаста, олими нуктасанҷи сатҳи ҷаҳонӣ ва таҳлилгари борикбину зирак дар тақдири халқи тоҷик зуҳур кардааст. 
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат қадршиносӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо фармони Сарвари давлат ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Китоби “Тоҷикон” – аш бо теъдоди зиёд нашр ва ба ҳар оила ройгон тақдим гардид.
Ба истиқболи 115-солагии зодрӯзи ходими давлатию ҷамъиятӣ, шахсияти барҷаста ва нобиғаи сатҳи ҷаҳонӣ, олими бузург, академики АИ СССР, академики АИ РСС Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) аллома Бобоҷон Ғафуров имсол Озмуни ҷумҳуриявӣ бо номи “Тоҷикон”– оинаи таърихи миллат” баргузор гардида истодааст, ки ин ҳам ба худшиносӣ, ватандӯстӣ ва тарбияи насли наврас заминаи устувор мегузорад.

Фахриддин НАЗИРОВ, омӯзгори Гимназияи ба номи Абулфазли Балъамии шаҳри Ваҳдат

Санаи нашр: 18.09.2023 №: 187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив