ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06 октябр 2023, Ҷумъа
22
0


ТАСС. Директори генералии ширкати  TAQA Ҷасем Ҳусейн Табет изҳор дошт, ки ин ширкати миллии энергетикии Абу-Забӣ нақша дорад ба наздикӣ яке аз бузургтарин неругоҳҳои офтобии ҷаҳонро ба истифода диҳад. Ин ба АМА имкон медиҳад, ки партовҳои гази карбонро дар як сол   2,4 миллион тонна кам кунад.   

Мир24. Тибқи иттилои сомонаи FIFA, Чемпионати  ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2030 дар Амрикои Ҷанубӣ, Аврупо ва Африқо баргузор мешавад. Қарори дахлдорро Шурои FIFA қабул кардааст. Бозиҳо дар Уругвай, Аргентина, Парагвай, Марокаш, Испания ва Португалия   баргузор мешаванд. Шакли нави мусобиқа ба ифтихори садсолагии  Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки бори аввал соли 1930 дар Уругвай сурат гирифта буд, қабул шудааст.

INTERFAX.RU. Сарвазири Арманис-тон Никол Пашинян изҳор дошт, ки Арманистон ва Озарбойҷон метавонанд дар ҳолати  риояи як қатор принсипҳо дар кӯтоҳтарин муддат созишномаи сулҳро ба имзо расонанд. 

ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин дар сессияи пленарии 20-умин ҷаласаи солонаи Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" ширкат меварзад. Мавзуи вохӯрӣ: « Ҷаҳони бисёрқутбаи боадолат: чӣ тавр бояд амният ва рушдро барои ҳама таъмин кард».

ТАСС. Нишасти сеюми ба истилоҳ Ҷомеаи сиёсии Аврупо, имрӯз дар шаҳри Гранадаи Испания, ки то охири сол раёсати Шурои Иттиҳоди  Аврупоро бар уҳда дорад, баргузор мегардад. Роҳбарони 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо, 20 кишвари шарик ва номзад барои баррасии масъалаи “чӣ тавр бояд Аврупоро устувортар, шукуфон ва геостратегӣ кард”, ҷамъ меоянд.

Санаи нашр: 05.10.2023 №: 198
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив