ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН. ИФТИТОҲИ ЧОР СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ ОМӮЗГОРОН”

ИСТАРАВШАН. ИФТИТОҲИ ЧОР СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ ОМӮЗГОРОН”

12 октябр 2023, Панҷшанбе
24
0


Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Истаравшан барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои соҳаи маориф бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилатадбирҳои ободкориву созандагӣ амалӣ шуда, муассисаҳои таълимии замонавӣ марҳила ба марҳила ба истифода дода шуда истодаанд, ки дар натиҷа, сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандӯзии хонандагон куллан беҳтар мегардад.
Дар ин замина, чанде пеш дар арафаи Рӯзи омӯзгорон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар деҳаи Қалъачаи Калон чор синфхонаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 ба номи Мирзиё Ҳабибовро мавриди истифода қарор дод. 
Ба иттилои масъулини соҳа синфхонаҳо дорои шароити муосир ва муҷаҳҳаз бо ҳама намуди ашёҳои таълимианд. Сохтмони синфхонаҳо моҳи июни соли 2023 оғоз гардида, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони деҳаи Қалъачаи Калон бо маблағи беш аз 180 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори дар ду баст 240 нафар хонандаро ба таълим фаро гирифтанро дорад. 
Масоҳати умумии Муассиса 4 гектарро ташкил дода, аз 3 бино, 45 синфхонаи калону барҳаво иборат мебошад. 
Дар муассисаи мазкур 74 нафар омӯзгор фаъолият бурда, аз ин теъдод 34 нафараш занҳо мебошанд. Дар мактаб 1474 нафар толибилмон (767 нафар духтар) таҳсили илм менамоянд. 
Аз ҳисоби буҷети шаҳри Истаравшан синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.
Тавре гуфта шуд, бо мавриди истифода қарор гирифтани чор синфхонаи иловагӣ мушкилии ҷойи нишаст дар ин Муассисаи таълимӣ бартараф гардид.
Раиси шаҳри Истаравшан зимни суҳбат ба ташаббускорону саҳмгузорон арзи сипос баён намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дастуру супоришҳо дод. 
Дар навбати худ, роҳбарият, омӯзгорону толибилмони Муассиса, хосатан мардуми сарбаланди деҳа аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди илму маориф ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас, эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд, миннатдории самимиашонро иброз намуданд. 

Саъдулло МАХКАМОВ, 
шаҳри Истаравшан

Санаи нашр: 10.10.2023 №: 201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив