ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ  БО ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ

ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ  БО ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ

13 ноябр 2023, Душанбе
17
0


10-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи кормандони милитсияи тоҷик як қатор иншооти навро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ карда, бо маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо шароити фароҳамшуда дар бинои хобгоҳи сарбозони Бригадаи фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Ҳайати шахсӣ дар баробари толори барҳаво, ҳамзамон, метавонанд аз ҳуҷраҳои зарурии ёрирасони замонавӣ истифода баранд. Умуман, дар ин қисми низомӣ як хобгоҳ бо ҳуҷраҳои ёрирасон бунёд ёфта, панҷ хобгоҳи дигар навсозӣ шуд. Дар толорҳои барҳаво барои ҳайати шахсӣ, мувофиқи талаботи замон, баҳри адои хизмати Модар-Ватан шароити мусоид фароҳам овардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсиро барои истифодаи муфид аз имконияти фароҳамшуда ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ вазифадор намуданд.
Дар хобгоҳи сарбозон, роҳравҳо ва атрофи қисми ҳарбӣ камераҳои назоратӣ насб гардида, будубоши афсарону сарбозон зери назорати пайваста қарор дорад.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор иншооти нав: маркази таълимии Қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода, маркази васлу насби таҷҳизоти техникаи оташнишонии сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Мушфиқии пойтахтро барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо тариқи онлайнӣ ба истифода доданд.
Дар иншооти нав тибқи талаботи замони муосир барои ҳайати шахсӣ ҷиҳати адои хизмат ва истиқомат шароит фароҳам оварда шудааст, ки ҳамааш натиҷаи ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони мақомоти милитсия мебошад.
Сипас, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои ёрирасони назди ВКД шинос шуданд.
Маҳсулоти тару тоза аз тарафи хоҷагиҳои ёрирасони ноҳияҳои Лахш, Варзоб, Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе истеҳсол ва ба афсарону сарбозон дастрас мешавад.
Омӯзиши усулҳои муосири кишту парвариши зироат, истифодаи техникаву таҷҳизоти тибқи таъинот пешбинишуда ва ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкон фароҳам овард, ки афзоиши ҳамасолаи истеҳсоли маводи ғизоӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ таъмин гардад.
Зиёд кардани саршумори чорвои калону майда, оилаҳои занбӯри асал ва таъсиси корхонаҳои коркард имкон фароҳам овард, ки талаботи ҳайати шахсӣ бо гӯшту шир ва асал бештар аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорат қонеъ гардонда шавад.  
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони дахлдорро ҷиҳати истифодаи пурраи имконияти хоҷагиҳои ёрирасон, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти босифат ва таъмини ҳайати шахсӣ бо маводи ғизоӣ аз ҳисоби имкониятҳои дохилии табиӣ вазифадор намуданд.

Санаи нашр: 13.11.2023 №: 223
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив